• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ЁДБУДИ ДАСТПАРВАР ВА ОМЎЗГОРИ ДОНИШГОҲ - ШОИРИ МАЪРУФ ТИЛЛО ПӮЛОДӢ

4 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори факултети филологияи тоҷик ҳамоиши илмию адабӣ бахшида ба 110-солагии шоир ва омӯзгори кафедраи адабиёти тољик Тилло Пӯлодӣ (1912-1974) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш устодону донишҷӯёни донишгоҳ, адибон, шогирдон ва пайвандони Тилло Пӯлодӣ иштирок намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои мавсуф дар ҷодаи адабиёт ва фаъолияти омӯзгории ӯ дар донишгоҳ ёдовар шуда, ҳамзамон зикр намуд, ки ӯ солҳои зиёд сардор ва гардонандаи маҳфили “Адибони ҷавон”-и донишгоҳро ба ўҳда дошт. Аз мактаби маҳфили Тилло Пӯлодӣ даҳҳоо нафар адибони шинохтаи кишвар сабақ гирифта, то ба мақоми шоир ва нависандаи халқии Тоҷикистон расиданд, ки ин аз хизматҳои назаррас ва мондагори як чеҳраи шинохтаи таърихи миллат гувоҳӣ медиҳад. Сипас профессор Аъзам Худойдодов перомуни ашъори Пӯлодӣ баромад намуд. Профессори донишгоҳ Абдулбоқӣ Нуров, набераи Тилло Пӯлодӣ Қозидавлат Қоимдодов, инчунин адибони номдори кишвар Кароматулло Мирзо, Абдулҳамид Самад ва Камол Насрулло, ки бевосита шогирди ӯ мебошанд ва дар маҳфили адабиаш маҳорати эҷодии худро сайқал додаанд, доир ба ҳаёт ва фаъолияташ ривоят карданд. Дар қисмати ниҳоӣ аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ашъори Тилло Пӯлодӣ қироат карда шуд ва ҳамзамон адибон - дастпарварони донишгоҳ Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзо ва Камол Насрулло бо нишони 90-солагии донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти ҳамоиш:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj