• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Сӯхторро ҳамеша ҷилавгирӣ мебояд

Дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ширкати намояндагони Хадамоти оташнишонӣ, подполковник С.Сатторов ва лейтенанти калон С.Ҷобиров ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро, ки дар он қисмати зиёди омӯзгорону кормандон иштирок доштанд, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ М.Нарзуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ӯ дар мавриди зарурати донистани тарзи истифодабарии асбобу техникаи оташнишонӣ изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки ҳадаф аз ин мулоқот низ ташреҳ ва омӯзонидани василаҳои корбурди таҷҳизоти мазкур мебошад.

Сипас, подполковник С.Сатторов пиромуни сӯхтор ва оқибатҳои даҳшатбори он сухан гуфт. Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, ки яке аз манбаъҳои асосии бавуқуъоии сӯхтор ноқилҳо ва асбобҳои барқӣ ҳастанд. Дар такя бар қавли С.Сатторов, ҳангоми истифодаи асбобу дастгоҳҳои барқӣ ҳатман бояд аз эҳтиёти зиёд кор гирифт. Хоса, дар фасли зимистон бештари мардум гармидиҳандаҳои барқиро ба кор мебаранд, ки баъзан ҳолат аз сабаби беэътиноӣ боиси сӯхтор мегардад.

Намояндаи Хадамони оташнишонӣ, ҳамзамон, истифодаи ғайримақбули балонҳои 3-5 килограммаи газро сабабгори сарзании сӯхтор маънидод намуд. Ба таъкиди ӯ, дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт аз ҷиҳати истифодаи нодурусти чунин балонҳо аз ҷониби як зан сӯхтори калон ба амал омад, ки дар натиҷа 24 хонаи истиқоматӣ зарар дид.

Дар охири ҳамоиш омӯзгорону кормандон ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки ин ҳамоиш дар ҳамдастӣ бо бахши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ баргузор гардид.

Парвина Абдуллоева ва Марвории Сафарализода

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj