• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Фаъолияти солонаи донишгоҳ ҷамъбаст гардид

Дар маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои олимон, ки бо ширкати васеи омӯзгорону кормандон баргузор шуд, фаъолияти донишгоҳ дар соли 2014 натиҷагирӣ гардид.

Ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимов зимни суханрони ифтитоҳӣ зикр кард, ки дастовардҳои соли сипаригашта назаррасанд ва бояд кӯшид, то дар соли ҷадид ба муваффақиятҳои беназир ноил шавем. Мавсуф таъкид дошт, ки танҳо дар сурати фаъолияти

дастаҷамъона метавон нақшаҳои дар пешгузоштаро дар амал татбиқ намоем.


Сипас, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ М.Нарзуллоев дар хусуси ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд. Дар баромади ӯ пиромуни корҳои анҷомдодаи қисмҳои таълим, илм, байналмилалӣ, тарбия, иқтисодию хоҷагидорӣ ва дигар сохторҳои марбут ба донишгоҳ дар соли 2014 маълумоти муфассал баён гардид. М.Нарзуллоев бо арқом ва далоили қавӣ исбот намуд, ки дар соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 комёбиҳои бештаре ба даст омадаанд.

Дар қисмати дуюми ҷаласа иштирокдорон суолу андешаҳои хешро озодона изҳор доштанд. Аз ҷумла, аз ректор пурсида шуд, ки доир ба кам кардани маоши кормандон ҳамчун муҷозот чӣ андеша дорад. Дар посух зикр гардид, ки сарвари таълимгоҳ зидди ҳама гуна муҷозот аст, агар ба ҳаққи меҳнати муаллим мутааллиқ бошад. Аммо, дар такя бар қавли ректор, барои нафароне, ки супоришҳоро сари вақт иҷро намекунанд, навъҳои роиҷи муҷозот, ба монанди сарзаниш, огоҳӣ ва сабукдӯшнамоӣ аз вазифа татбиқ мешаванд.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj