• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

НАМОИШ-ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МАОРИФИ РОССИЯ. ТОҶИКИСТОН-2022"

10 июни соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳумин намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Маорифи Россия. Тоҷикистон-2022» оғоз гардид. Дар ин намоишгоҳ 34 донишгоҳи Федератсияи Россия, 4 филиали донишгоҳҳои Маскав дар Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус муаррифӣ шуданд.

Идомаи чорабинӣ имрӯз (11.06.2022) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 17:00 идома дорад.

Хатмкунандагони дараҷаи бакалавриат барои дохилшавӣ ба зинаи магистратураи донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар метавонанд ба Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Шарикони байналмилалии ДДОТ ба номи С. Айнӣ низ дар ин намоишгоҳ муаррифӣ шудаанд ва ба ин муносибат Донишгоҳи давлатии лингвистии Нижний Новгород барои довталабони хориҷӣ  “Рӯзи дарҳои кушод”-ро тариқи онлайн ташкил намудааст.

 

Чорабинӣ санаи 15.06.2022, соати 16:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Намоиши онлайнии чорабинӣ (Youtube)

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj