• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Эълон

ИДОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тӯли фаъолияти худ дар ҷодаи робитаҳои байналмилалӣ таҷрибаи пурсамар дошта, бо зиёда аз 90 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, инчунин ҷамъияту ташкилотҳои байнаймилалӣ ва созмонҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамасола тибқи бандҳои  шартномаҳои байнидонишгоҳӣ хатмкардагони зинаи бакалавриати ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (аспирантура, докторантура) дар хориҷи кишвар идома медиҳанд.  Соли ҷорӣ низ хоҳишмандон метавонанд тариқи муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилро дар хориҷи кишвар давом диҳанд. Вобаста ба қабули довталабон ва раванди супоридани ҳуҷҷат ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ кишвар хоҳишмандон метавонанд ба “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДОТ ба номи С. Айнӣ муроҷиат намоянд.

Барои шинос шудан бо рӯйхати ихтисосҳо Муфассалро пахш кунед.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj