• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАР АМАЛИ ЗИШТЕРО ПОСУХЕСТ!

Дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз хуни ноҳақ рехт, дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз ду нафар сарҳадбонони тоҷик ҳалок ва беш аз 13 нафар захм бардоштанд. Аҳдшиканӣ, зери по намудани савганди низомӣ, ҳамсоянописандӣ, ифтихори хушку холӣ ва курнамакӣ барин хислатҳои манфури инсонӣ барои марзбонони қирғиз ва роҳбарияти он одати ҳамешагӣ шудааст. Чунин амалҳои зишт ва ғайриинсонии ҳамсояҳои қирғизро на танҳо мо, тоҷикон, балки халқи ҳамҷавори узбек ва мардуми қазоқ низ дар дарозои таърих шоҳид будаанд. Халқи бародари узбек ҳануз ҳодисаҳои даҳшатбори вилояти Ошро, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар зану кӯдак ва пирони барҷомандаи узбеки муқими вилояти Ош аз ҷониби гуруҳҳои миллатгаро ва хизматчиёти давлатии қирғиз ба ҳалокат расиданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Аз тарафи марзбонои қирғиз ба таври сунъӣ бастани марзи байни Қазоқисон ва Қирғизистон, ултиматум гузоштан барои тақсими оби дарёҳои фаромиллӣ ба сарони давлатҳои Узбекистон ва Қазоқистон чеҳраи сиёҳ ва манфури роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод. Сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дарк намуданд, ки бо роҳбарияти феълии ин кишвар гуфтугӯ, созиш, имзои протоколи созиш маъно надорад, зеро кори онҳо дигар асту амалашон дигар. Дилашон дигар чиз мехоҳаду забонашон чизи дигар мегӯянд.

 

Таҷриба нишон дод, ки борҳо протоколҳои оташбасро марзбонони ин кишвари ҳамсоя дағалона вайрон намудаву гуноҳро ба сари неруҳои марзбони Тоҷикистон мезананд. Ин навбат ҳам чунин шуд. Сарҳадбонони қирғиз ба марзи Тоҷикистон аҳдшиканона ҳамла карда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпарронӣ намуданд. Барои ин ҷурми ғайриинсонӣ, зишт ва хасмонаи худро пинҳон намудан мақомоти ин кишвар аз тамоми имконот истифода намуданд. Мошинаи ташвиқотии онҳо дар ин ҳодисаҳо пайваста тарафи Тоҷикистонро гунаҳкор мекунанд. Ҳатто тавассути ожансиҳои хабарии маъруф, амсоли РИА Новости, Би-би-си, Озодӣ, Садои Амрико ва Настоящее время на танҳо ғазабу нафрат, балки сабабҳои ҳамла ва захмӣ шудани ғайринизомиёнро ба сари роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон бор мекунанд. Чунончӣ, субҳи имрӯз маркази матбуоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тавассутии хабаргузории РИА Новости зери унвони «Киргизия обвинила Таджикистан в «вероломном нападении» иттилоъ дод, ки Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар ҳамлаи охири марзӣ ба савгандшиканӣ, анегехтани низои байнимиллӣ айбдор мнекунад. Агар ба воқеият назар кунем, аён мешавад, ки ин ҳама тарғибот ва сиёҳкунӣ ба ҷуз аз туҳмату гапи беҳуда чизи дигаре нест. Аз тири марзбонони қирғиз ду нафар сарҳадбони тоҷик кушта ва сокинони зиёди мулкӣ захмӣ шуданд ва ин гувоҳи он аст, ки на тоҷикон, балки қирғизҳо ба ҷониби кишвари мо ҳуҷум намуда аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфараро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев тавассути расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла радиои «Озодӣ» ҷониби Тоҷикистонро ба истифодаи неруҳои таъйиноти махсуси Тоҷикистон дар амалиёти марзӣ гунаҳкор менамояд, ки ин ҳам аз иғвои навбатии роҳбарияти кишвари ҳамсоя ва дурӯғпарокании онҳо тавассути ВАО- и электронӣ далолат мекунад. Аҷиб он аст, ки онҳо ҳуҷуми ҳавопаймоҳои бесарнишини худро ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон намебинанд, вале аз басиҷи афроди сиёҳпӯш ва истифодаи техникаи низомии Тоҷикистон дар ин муноқишаҳо аз расонаҳои зархарид ва воситаҳои дурӯғпарокани хориҷӣ сухан мегӯянд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳар амали зиштеро посухест, дер ё зуд.

Нируҳои марзбонӣ ва мардуми тоҷик мисли даҳ ё бист соли пеш заифу нотавон нестанд. Онҳо дар набарди зиндагӣ ташаккул ёфтаву дар ҳифзи марзу буми хеш содиқанд. Неруҳои марзбонӣ бо техникаи муосири замонавӣ муҷаҳҳаз буда намегузоранд, ки касе ба тамомияти қаламрави онҳо дахолат намояд. Сарбозони қавииродаи тоҷик марзу бум ва қаламрави мамлакатро сарбаландона муҳофизат менамоянд, зарур шавад барои ҳифзи меҳан, муқаддасони миллӣ, забон ва фарҳанги ин миллати куҳанбунёд ҷони худро дареғ намедоранд.

Таҳаммулпазирии мардуми тоҷик ҳам ҳадду андоза дорад, косаи сабри сокинони Тоҷикистон аз задухӯрдҳо, иғвоҳо ва қасамшикании роҳбарияти ҳамсоя рӯзе лабрез хоҳад шуд. Аммо беҳтар он аст, ки ҳоло ба осиёби душманон ва нотавонбинон об нарезем, аз ақли солим кор бигирем, дар ҳалли масъалаҳои баҳснок ба назари ҳамдигар эҳтиром гузорем, дӯстӣ, ҳамсоягии некро сармашқи кор қарор дода, анъанаҳои неки дӯстонаи байни тоҷику қирғизро барқарор намоем.

Саидмуроди Хоҷазод,

профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj