• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ИДИ МЕҲРГОН

Дар таърихи 11 октябри соли 2022 бо ибтикори факултети педагогикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки  аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бофарру шукӯҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Тибқи суханони устоди факултети мазкур Салим Тағоев, ки дар ҳамоиш ироа гардид, Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ ва фурӯғмандтарин намоди суннатии дерини фарҳанги ориёӣ аст. Ҷашни Меҳргон ҷашне буд, ки аз қадимулайём байни ниёгони мо қайд карда мешуд ва дар сарзаминҳои Шарқу Ғарб интишор ёфта буд. Аз тарафи дигар, ҷашни Меҳргон ҷашни тавлиди Меҳр, ҷашни худовандгори аҳду паймон ва маросими шукӯҳмандию пирӯзии инсон аст. Ҷашни Меҳргон таҷдиди ҳамасолаи аҳду паймонест, ки бо Худованд барои анҷоми амалҳои нек, гурез аз ҳамаи бадиҳо, барафрохтани дирафши ковиёни дар ҳамаи ҷанбаҳо барои ҷустуҷӯи руҳи худованди Меҳр ва парокандагии нури Хуршед, ташвиқи инсон ба ҳидояти нури равшаноӣ ва тарғиби ӯ ба муқобили ҷаҳлу зулмат баста хоҳад шуд. Наврӯзу Меҳргон аз рӯи табиати фаслии худ ба нури зулмат ташбеҳ дода шудаанд ва ин паймони ташбеҳӣ ҳамчун мазҳари Наврӯзу Меҳргон ҳамасола то ба пирӯзии қатъии нур бар зулмат идома пайдо хоҳад кард. Меҳргон навиде аз сипарӣ шудани тобистон аст, аз муътадил шудани ҳаво дарак медиҳад. Мардуми Эроншаҳру Мовароуннаҳр аз аввали Меҳргон то 30 рӯзи тамом ин ҷашнро барпо мекарданд ва табақоти мухталифи мардум ҳар кадом панҷ рӯзӣ онро ид мегирифтанд. Дар ҷараёни ҳамоиш устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, шоири шинохта Равшани Ҳамроҳ аз ашъори хеш дар васфи Меҳргон қироат намуд. Донишҷӯёни факултет бо қироати шеъру сурудҳо ва оростани дастурхони нозу неъмат, ки аз файзи Меҳргон аст, ба ҳамоиш ҳусну таровати хос зам намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj