• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

Дар таърихи 12-уми октябри соли 2022  Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” баргузор гардид. Дар форуми мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва як зумра омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Лозим ба зикр аст, ки аз  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин ҳамоиш  ректори донишгоҳ, муҳтарам Ибодуллозода А., муовинони ӯ Сангинов Д.Ш., Худойдодзода Ф., кормандони бахши илм ва муносибатҳои байналмилалӣ  Мусомирова З. ва Бобоҷонова М. ширкат варзиданд. Дар оғози ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки  форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” доир мегардад, ки дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба иқдоми назаррас мебошад. Дар ҷараёни он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар боби дар самти ҳамкориҳои дуҷониба ба тасвиб расидани як қатор созишномаҳо миёни Ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ин кишварҳо суханронӣ намуд. Ӯ зикр намуд, ки  миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар 19 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард. Дар баробари ин, баргузор намудани Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои гуногуни илмӣ татбиқ шаванд ва табодули таҷриба сурат гирад.Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович ҷиҳати  ҷоннок гардидани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм  ва барои рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар омода кардани  мутахассисони варзидаю соҳибкасб таъкид намуд. Ӯ қайд кард, ки афзун  намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъсиси филиали яке аз донишгоҳҳои Беларус дар шаҳри Душанбе аз аз ҷумлаи иқдомоте ҳастанд, ки дар оянда амалӣ хоҳанд шуд.

Боиси қайд аст, ки  сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон саҳифаи тозаеро дар таърихи ҳамкориҳо боз кард ва ин  боз як далели босуръат инкишоф ёфтани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониб дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ мебошад.

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj