• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

ТАРҒИБИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОНУ ҶАВОНОН

Дар таърихи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур мулоқот барпо намуданд. Дар он мушовири вазири корҳои дохилӣ Омина Табарова, муовини роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, полковник Умарҷон Эмомалӣ, сардори шӯъбаи огоҳии ҷавонону ноболиғон Комрон Ҳусейнов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Нигора Назарзода ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок карданд. Дар ибтидо Нигора Назарзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ карда, ҳадафи баргузории ин мулоқотро ба ҳозирин шарҳ дод.

Сипас, Омина Табарова ва Умарҷон Эмомалӣ тазаккур доданд, ки дар масъалаҳои марбут ба тарбияи ноболиғон ва ҷавонон ба назар гирифтани як қатор омилҳо, ба мисли фаъол гардонидани нақши равоншинос дар оила, омода намудани дастуру тавсияҳо доир ба пешгирии ҷиноятҳои гуногун, ҷалби волидон тавассути чорабиниҳои гуногун, ташкилу вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, фарҳанг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷомеа, баргузории семинару маҳфилҳо бо мақсади баланд бардоштани донишҳои равонии падару модарон, баланд бардоштани масъулияти мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ҳаёти ноболиғон аз аҳамият холӣ нест. Қайд карда шуд, ки донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ ба ин масъалаҳо бояд бештар таваҷҷуҳ дошта бошанд, зеро тарбияи ояндаи миллат аз онҳо вобастагии зиёд дорад. Воқеан ҳам таълиму тарбияи дуруст ва нигоҳ доштани насли наврасу ҷавони ҷомеа имрӯз аз вазифаҳои муҳимтарин ва асоситарини ҳам масъулин, ҳам волидайн ва хусусан омӯзгорон аст.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj