• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН

Комиссия даври сеюми озмун дар ноҳияҳои минтақаи Рашт барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, лаёқат, малака ва маҳорати иштирокчиёни озмунро натиҷагирӣ карда, ғолибони даври минтақавиро муайян намуд. Ҳайати ҳакамон  ба донишу истеъдоди иштироккунандагони озмун воқеъбинона баҳогузорӣ намуда, аз ҷумлаи 67 нафар довталаб  ба 33 нафар ҷиҳати иштирок дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, роҳхат пешниҳод намуданд. Ҳамчунин ба хотири шаффофияти озмун ба довталабоне, ки аз натиҷаи холҳои ба даст овардаи хеш норизоият изҳор намуданд, иловатан имконият фароҳам оварда шуд. Дар ниҳояти озмун аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати иштироки фаъолона ба ҳама иштирокчиёни озмуни минтақавӣ (67 нафар) ифтихорнома ва ба ғолибони даври минтақавӣ (33 нафар) ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим гардид. Дар ин баробар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт низ ғолибони даври минтақавиро бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.

Лозим ба зикр аст, ки  ҳайати ҳакамони навоҳии минтақаи Рашт, ки аксари онҳоро (12 нафар) устодони донишгоҳи мо ташкил медиҳанд, оғоз аз рӯзи 18 октябри соли 2022 ба фаъолияти хеш шурӯъ намуда, даври сеюмро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj