• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИШТИРОКИ МУОВИНИ РЕКТОР ДАР СИМПОЗИУМИ МИНТАҚАВӢ

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси  дафтари ЮНЕСКО  ва барномаи омӯзишии Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ  бо вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои Осиёи Миёна марбут ба роҳандозии барномаҳои табодули иттилоот, беҳтар сохтани натиҷаҳои таҳсилот, баланд бардоштани сифати фаъолият ва имкониятҳои омӯзгорон  зери унвони «Омӯзгори соҳибкасб-миллати соҳибмаърифат» симпозиуми минтақавӣ баргузор мегардад.  Ба ҳайси яке аз намояндагони кишвари мо дар кори симпозиуми мазкур  муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  оид ба корҳои таълим Айнуллозода Наҳтуло  ширкат меварзанд. Ҳамчунин намояндагони ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, мутахассисони соҳаи маориф, намояндагони ҷомеаи илмӣ ва коршиносони байналмиллалӣ оид ба сиёсати кадрӣ дар соҳаи маориф дар рафти симпозиуми минтақавии марбут  ба масоили соҳаи маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷанбаҳои беҳтарини ҷалби кадрҳои омӯзгориро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳукумати кишварҳои ин минтақа аҳамияти фаъолияти омӯзгорро дар беҳбуд шудани натиҷаҳои таълим дарк намуда, ба ислоҳоти соҳаи маориф даст задаанд ва баргузор шудани чунин симпозиумҳо низ ангезаҳои навро дар рушди соҳа фароҳам меоранд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj