• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИМТИЁЗИ РЕКТОР БА ДОНИШҶӮЁНИ ЗАБОНДОН
Бо мақсади дастгирии донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба натиҷаи фаъолият ва кӯшишу талошашон дар таҳсил аз ҷониби раёсати муассисаи таълимӣ ба онҳо имтиёз дода шавад.
Бо пешниҳоди ректори Донишгоҳ донишҷӯёне, ки дар давоми рӯзҳои 4-юм то 15-уми ноябр 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик азбар менамоянд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод карда мешаванд.
Иқдоми мазкур ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосия 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти маҳбуби кишвар ва ҳамзамон ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонону донишҷӯён ба илмомӯзӣ гирифта шудааст.
Тавзеҳ бояд дод, ки дар ин ҳолат имтиёзи муқарраршуда барои донишҷӯёне, ки то имрӯз маблағи шартномаи таҳсилро пурра пардохт намудаанд аз суратҳисоби Донишгоҳ ба онҳо баргардонида мешавад. Ҳамчунин донишҷӯёни дар доираи ихтисосҳои забони англисӣ таҳсилкунанда бинобар соҳибтахассус будан аз ин имтиёзи пешниҳодшуда истисно мебошанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj