• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МУЛОҚОТ ДАР ДОИРАИ РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муовини ректор оид ба робитањои байналмилалии ДДОТ ба номи Садридди Айнӣ Худойдодзода Фаррух, ки дар таърихи 3 – юми ноябри соли 2022 ба Донишгоњи давлатии лингвистии Минск ташриф оварда, бо ректори донишгоњи мазкур, хонум Лаптева Наталья Евгеньевна мулоқот баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҳарду донишгоҳ масъалаҳои марбут ба коромўзӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои ҷонибҳои мутақобил, инчунин масъалаи табодули донишҷўёну омўзгорон ва амсоли инҳоро матраҳ намуданд. Дар зимни ташрифоти хеш Худойдодзода Фаррух  бо донишҷўёни курси 5-уми ихтисоси ҳамгироии байнифарҳангӣ дар мавзўи «Фарҳанги мардуми тоҷик» дарси кушод  барпо намуд. Марбут ба мавзӯи дарс суолу посухҳои зиёд ва љолиб радду бадал шуданд, ки дар ин маврид таваҷҷуҳи онҳоро нисбат ба кишвари  мо - Тоҷикистон афзун намуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj