• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР НОМИНАТСИЯИ ШОИРӢ

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор гардида истодааст, ки он аз рӯйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти кишвар доир мешавад.Озмуни мазкур дар се давр баргузор гардида, моҳҳои сентябр — октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар ташкилоту муассиса ва корҳонаҳо, даври дуюм – нимаи дуюми моҳи октябр дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум барпо шуда, даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – нимаи аввали моҳи ноябр бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мегардад. Лозим ба зикр аст, ки корманди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Қурбонзода Насимбек – котиби техникии маҷаллаи “Навруста”, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмун аз рӯйи номинатсияи эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро ишғол карда, бо диплом ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардид.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj