• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ЛОИҲАИ "ЛЕКСИЯИ ТИЛЛОӢ"

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ узви Шурои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ) – ташкилоти базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омода намудани кадрҳои педагогӣ мебошад. Ба ҳайати Шурои мазкур пешқадамтарин донишгоҳҳои омӯзгории ИДМ шомиланд.

Бо ташабуси ин Шуро дар айни замон лоиҳаи онлайнӣ таҳти унвони “Лексияи тиллоӣ” татбиқ шуда истодааст.

Тибқи нақша ду маротиба дар як моҳ намояндагони донишгоҳҳои омӯзгории кишварҳои гуногун тариқи онлайн лексияҳои худро ба самъи шунавандагон ироа  мекунанд.

 

Тибқи нақшаи матраҳшуда дар таърихи 10-уми ноябри соли 2022 дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ  Байдуллоев Азам Ибодуллоевич дар ин лоиҳа иштирок намуда, дар мавзӯи “Longlife learning ё таҳсилот дар давоми умр” маърӯзаи хешро ироа намуд. Ин тарҳ тариқи платформаи онлайнии Voov Meating баргузор гардид, ки дар он 70 нафар аз 30 муассисаи олии таълимии хориҷи кишвар фаъолона ширкат намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj