• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҲЛИЛИ НАҚШИ ИҶЛОСИЯ

Имрӯз, дар таърихи 10 ноябри соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  садорати факултет, як зумра устодон ва донишҷӯён, ҳамчунин намояндагони дигар сохторҳои донишгоҳ  иштирок доштанд. Чорабиниро декани факултет, н.и.ф. Исломова Ҷ.  ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки муҳимтарин масъалаи Иҷлосия ин интихоби як роҳбари сиёсӣ буд, ки дар таърихи  19 ноябри соли 1992 номзадии депутати халқӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Дар натиҷаи  овоздиҳии пинҳонӣ  аз 197 вакил  186 нафари онҳо ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи (ҳамонвақтаи) Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Сипас мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Бедилов Ҳусейн,устоди кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Қосимова Раҷабмоҳ, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Роҳатов Ғайратшоҳ  дар нутқи хеш қайд карданд, ки ба ҳар як шахси оқил маълум аст,  маҳз бо туфайли ҷаҳду талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт. Ин муболиға не, балки таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо мебошад. Ин ҳамон ҳақиқате мебошад, ки онро тамоми ҷаҳон ва  аксарияти ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф мекунанд. Қисми дувуми маҳфили илмӣ  бо намоиши чорабиниҳои  фарҳангӣ анҷом ёфт.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj