• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

10-уми ноябри соли равон дар факултети педагогика бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Шурои кураторон Сатторов Н., раиси Шурои занон Давлатзода М., раиси собиқадорон Қосимова Р., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён  Раҷабов Д., мудири шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Алланазаров  Ш. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. иштирок карданд. Чорабиниро декани факултет Давлатзода Фаридун  ҳусни оғоз бахшида, перомуни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва нақши он дар бунёди давлати навини тоҷикон сухан ронд. Сипас, номзади илмҳои педагогӣ Ҷӯраев Ҳасан дар мавзӯи "Нақши Иҷлосияи тақдирсоз" маърӯза ва устоди факултет Равшани Ҳамроҳ ашъори худро бахшида ба Иҷлосияи 16-ум манзури ҳозирин намуданд.  Дар фарҷом аз тарафи донишҷӯён шеърҳо қироат карда шуд ва ҳамзамон ба як қатор устодону донишҷӯён сипосномаву ифтихорномаҳои раёсати Донишгоҳ тақдим гардид.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj