• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ЛОИҲАҲОИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Дар идомаи сафари хеш  ба Ҷумҳурии Беларус муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор  Худойдодзода Фаррух Бегиҷон дар таърихи  8-уми ноябри соли 2022  ба Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купала ташриф овард. Намояндаи донишгоҳи моро  ректори донишгоҳи зикршуда  хонум  Китурко Ирина Фёдоровна  пазироӣ  намуда, аз лутфу марҳамати  роҳбарияти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, хусусан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода изҳори сипос намуд. Сипас бо аъзои раёсати ин донишгоҳ масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ намуда, дар зимни мулоқот масъалаҳои табодули донишҷўёну омўзгорон, такмили ихтисос ва коромўзии устодон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин баробар  ҷониби Донишгоҳи давлатии Гродно ҷиҳати аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ намудани лоиҳаҳои илмии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ омодагии хешро иброз намуданд.

Баъд аз анҷоми мулоқот дар ҳузури  садорати  Донишгоҳи Гродно профессор Худойдодзода Ф.Б. ҳамроҳ бо донишҷўёни курси сеюми ихтисоси таърихи ин донишгоҳ  дарси кушод баргузор намуд. Дар интиҳои  дарс донишҷўён майлу рағбати хешро нисбат ба таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон изҳор карданд ва ба саволҳои худ посухи қаноатбахш гирифта, иброз намуданд  дар сурати пайдо шудани имконият омода ҳастанд тибқи барномаҳои табодули донишҷўён ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj