• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ШИНОХТИ “ТОҶИКОН”

Дар таърихи 11 ноябри соли 2022 маҳфили «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ҷамъомади навбатии худро дар мавзӯи «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров - оинаи таърихи миллат» баргузор намуд, ки дар он декани факултети таърих ва ҳуқуқ, д.и.т., профессор Ҳусайнов А, муовини декан оид ба илм, н.и.т. дотсент Умаров А, мудири кафедраи мазкур, н.и.т., дотсент Сайнаков С.П., роҳбари маҳфил Зубайдуллоев С. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т., дотсент Сайнаков С.П ифтитоҳ бахшида, минбаъд дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Роҳатов Ғ. дар мавзўи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров - поягузори илми таърихи халқи тоҷик», њамчунин дотсенти кафедра Гадоев Ғ. дар мавзўи «Заминањои таълифи «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров» ва устоди ҳамин кафедра Маҳмудов Д.  дар мавзўи ««Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров -  сарчашмаи худшиносии миллӣ» маърӯза намуданд. Инчунин, донишҷуёни курси якуми факултети таърих ихтисоси таърих Неъматзода Ш. дар мавзӯи «Бобоҷон Ғафуров - олим ва сиесатмадори тоҷик», Бобохонзода М. дар мавзӯи «Сањми «Тоҷикон»-и Бобоҷон   Ғафуров дар шинохти миллати тоҷик»  ва Қаюмов М.  дар мавзўи «Нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи мутахассисони ҷавон» баромад карданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj