• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар таърихи 19 ноябри соли 2022 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D. KOA-47, ихтисосҳои 13.00.08-назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, 13.00.08.04- назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ, ки муддате қабл фаъолияти худро оғоз намуд, ҳимояи диссертатсияи Мавлонова Интизор Тоҷиддиновна, омӯзгори калони кафедраи методикаи забони англисӣ, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, дар мавзӯи “Ташаккулёбии қобилияти коммуникативӣ-нутқии донишҷӯён дар раванди таҳсилоти олии касбии педагогӣ (дар асоси маводи омӯзиши забони англисӣ)” бомуваффақият анҷом пазируфт. Лозим ба зикр аст, ки бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар самти ҳимояи рисолаҳои илмӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодааст, ки ҳимояи рисолаи зикршуда намунае аз ин крҳо маҳсуб меёбад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода бобати баланд бардоштани иқтидори илмии Донишгоҳ масъулони бахши илм таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj