• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ ПЕДАГОГӢ- ПСИХОЛОГИИ КӮДАКОН ДАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ

Имрӯз, дар таърихи 29 ноябри соли 2022 бо ибтикори факултети педагогика ва кафедраи педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷанбаҳои педагогӣ-психологии тарбияи кӯдакон” конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Кори конфронси мазкур тибқи нақша бо барномаи асосӣ ва барномаҳои иловагӣ дар ду бахш сурат гирифт. Тибқи барномаи асосӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А.И. хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин зарурати баргузор кардани чунин конфренсияро дар замони ҷаҳонишавӣ бамаврид арзёбӣ намуд. Сипас доктори илмҳои педагогӣ, профессор Каримова И. Х. дар мавзуи “Развитие дошкольного образования в Республике Таджикистан: проблемы и поиск решения” маърузаи хешро ироа карда, зикр кард, ки дар ин ҷанба камбудиҳо зиёданд ва пайи ислоҳи онҳо кушиш бояд кард. Дар навбати хеш мудири кафедраи дар боло зикршуда Кенҷаева З.Х. дар мавзуи “Пешвои миллат ва муқаддасоти миллӣ дар ашъори Низом Қосим” нозукиҳои муҳтавои мавзуи мадди назаро ба самъи ҳозирин баён кард. Дар қисмати фарҳангии барномаи асосӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру суруд ва рақси миллӣ ба намоиш гузошта шуд. Бахшҳои якуму дуюми конфренсия низ ироаи 15 маърузаи мавзуи мадди назарро дарбар гирифта, ба таври мукаммал ба самъи иштирокдорони конфренсия расонида шуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj