• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУЛОҚОТ ҶИҲАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО

Ҷиҳати рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар таърихи 5 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти намояндагони ин муассисаи таълимӣ бо мушовири ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Томски Федератсияи Россия оид ба масоили марбут ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Погодаев Н.П. баргузор гардид. Дар ҷараёни музокираи масъалаҳо муовини ректори донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш., деканони факултетҳои психология Дадабоева М., физика Назруллоев А., география Қаландаров А., муовини декани факултети математика ва информатика оид ба корҳои илмӣ Зеваршоев У., сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Мусомирова З., котиби шуроҳои диссертатсионӣ Усмонзода Ш. иштирок карда, доир ба масоили марбут ба табодули ҳайати омӯзгорон, унвонҷӯён, донишҷӯёни зинаҳои магистрӣ ва бакалаврӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ, таҳияи барномаҳои муштарак конфронсҳои онлайнӣ ва амсоли инҳо гуфтушунид анҷом доданд. Лозим ба зикр аст, ки қарордоди ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Томск бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори ин донишгоҳи Федератсияи Россия Галажинский Э.В. дар моҳи августи соли 2022 ба тасвиб расидааст. Тибқи қарордоди мазкур ҳар ду ҷониб дар мӯҳлати панҷ сол имкони вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаро доранд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj