• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ҳамоиши судманд дар коллеҷ

Ба ифтихори Рӯзи Артиши Миллӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи донишгоҳ ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ҳамоишро ҳусни оғоз  бахшида, пиромуни нақши Артиши Миллӣ дар пешрафту инкишоф ва пойдории сулҳу субот дар кишварамон муфассал сухан  гуфт.

Сипас, Ш.Қурбонова, директори  коллеҷ доир ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон суханронӣ намуд. Мавсуф оид ба солҳои

даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ  ва миллати сарсону саргардон-тоҷикон ба донишҷӯён маърӯза кард.  Ӯ зикр намуд, ки Артиши Миллӣ дар душвортарин ва сангинтарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад ва ба душвориҳо нигоҳ накарда, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ҷавонони содиқу далер ва поктинату поквиҷдон тавонист ба як қувваи бузург мубаддал гардад.

 

Дар қисмати дуюм донишҷӯён бо шеъру сурудҳои ватандӯстона ва ватанпарваронаи хеш аҳли ҷамъомадро шод намуданд.

Дар фарҷом аз тарафи сарвари таълимгоҳ ба иштирокчиёни маҳфили «Дӯстдори сухан» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Манучеҳр Мерганзода, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумова

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj