• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ ПАЙКИ ХУШЕСТ БАРОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишварамонро  муайян менамояд. Пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие, дар ҳама самтҳою соҳаҳо эҳсос карда мешавад. Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, боз як такони бузурге барои пешрафт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, хоссатан дар рушду тавсеаи соҳаи маорифу илми кишвар нақши худро хоҳад гузошт.

Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Паёми навбатии Сарвари давлатро хуш пазируфта, баҳри истимои ин рисолати хуш дар толорҳои муқарраршуда ҷамъ омаданд.

Дар ниҳоят аксар иштирокдорони он изҳор доштанд, ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри ояндаи миллату давлат, барои расидан ба ормонҳои миллӣ нақши муҳим дошта, моро водор месозанд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ дошта бошем ва баҳри рушд, ободӣ, сарҷамъии миллат фаъолияти босамар намоем.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj