• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МУШКИЛОТИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, чунин зикр намуданд: “Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз чаҳор ба як кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои панҷ намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад. Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд. Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Дар ин самт, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад”.

Маврид ба зикр аст аст, ки чунин як пешниҳод дар ҳоли ҳозир чораи саривақтӣ ва иқдоми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон мебошад. Чунки масоили иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1107, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” 2 августи соли 2011, № 751, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" аз 17 маи соли 2004, № 37, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тасдиқи низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" аз 3 апрели соли 2007, № 172  ва санадҳои дигар  танзим гардида, мушкилоти зиёде дар онҳо ҷой доранд.

Дар асоси қисми 2, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” иҷозатномадиҳӣ яке аз низомҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ мебошад. Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки ба иҷозатномадиҳӣ, азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти  иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва амсоли инҳо вобаста  мебошад. Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” низоми иҷозатдиҳӣ ин маҷмӯи расмиёти танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда мебошад, ки ба додан, азнавбарасмиятдарорӣ, боздоштан, барқарор намудани амал ва бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, назорати риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, додани амрномаҳо оид ба бартараф намудани вайронкунии ин шартҳо алоқаманд мебошанд.

Мутобиқи боби якуми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тасдиқи низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" бошад, Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" таҳия гардидааст. Низомномаи мазкур муносибатҳои амалӣ намудани фаъолиятеро (амалеро), ки бояд барои он аз мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда иҷозатнома (литсензия) (минбаъд - иҷозатнома) гирифта шавад, танзим менамояд. Иҷозатномаҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти марказӣ ё сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда дода шаванд, агар ин ҳолат дар қисми махсуси ин Низомнома пешбинӣ шуда бошад.

Дар асоси моддаи 17  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" аз 17 майи соли 2004, № 37 61 намуди фаъолияти умумӣ (масалан,  фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои ҳифзи иттилооти махфиёна,  фаъолияти хусусии тиббӣ, фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), фаъолияти туристӣ, фаъолияти аудиторӣ, фаъолият дар соҳаи биржа, фаъолияти суғуртавӣ ва ғайра) ва  тибқи моддаи 18 ҳамин қонун 11 намуди фаъолияти махсус (фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ, аз ҷумла амалиёти бонкии исломӣ, фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ, фаъолияти оператори низоми пардохт, фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор в ғайра) пешбинӣ шудааст, яъне 72 намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ки танҳо дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешаванд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 2 августи соли 2011, № 751 дар 16 соҳа 60 номгӯйи иҷозат муқаррар шудааст. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 132 намуди иҷозат ва иҷозатнома  ҷой дорад.

Дар фарқият аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Арманистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ» аз 27 июни соли 2001, № ЗР-193  18 соҳа бо фарогирии 94 намуди фаъолият амал мекунанд. Қоунуни алоҳида оид ба низоми иҷозатдиҳӣ ҷой надорад. Намудҳои иҷозатнома дар қонун ба таври махсус нишон дода шудааст. Дар моддаи 24-25 (намудҳои иҷозатнома) Қонуни Ҷумҳурии Арманистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ» аз 27 июни соли 2001, № ЗР-193 муқаррар шудааст, ки барои машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд иҷозатнома дода шавад, намудҳои зерини иҷозатномаҳо дода мешаванд: 1.Иҷозатномаҳое, ки бо тартиби оддӣ дода мешаванд; 2. Иҷозатномаҳое, ки бо тартиби мураккаб дода мешаванд. Иҷозатномаҳое, ки бо тартиби оддӣ дода мешаванд (минбаъд - иҷозатномаи оддӣ), иҷозатномаи мақоми иҷозатномадиҳанда барои анҷом додани фаъолият мебошад, ки дар он талабот ё шартҳое, ки барои иҷрои ин фаъолият ҳатмӣ буда, риояи ҳуқуқи ҳатмии ин фаъолиятро муқаррар менамояд. Иҷозатномаи оддӣ бе қарори комиссияи иҷозатномадиҳӣ дода мешавад. Иҷозатномаи оддӣ пас аз се рӯзи аз ҷониби довталаб пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун ва ба мӯҳлати номуайян дода мешавад. Иҷозатномадор ҳуқуқ дорад бо фаъолияте, ки бояд иҷозатнома диҳад, танҳо дар сурати иҷро шудани талабот ё шартҳои ҳатмӣ машғул шавад. Дорандаи иҷозатнома пеш аз машғул шудан ба фаъолияти иҷозатномадиҳанда вазифадор аст ба мақомоти таъсиснамудаи ҳукумат огоҳномаи хаттӣ ирсол намояд, ки дар он бояд ном, суроғаи шахси ҳуқуқии иҷозатномадор, унвони мақоми иҷозатномадор, мавқеи иҷозатномадиҳанда, номи иҷозатномадиҳанда нишон дода шавад. Иҷозатномаҳои оддӣ танҳо барои машғул шудан ба намудҳои дахлдори фаъолияте, ки дар моддаи 43 ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, дода мешаванд. Дар моддаи 43 18 соҳа бо назардошти намуди фаъолият нишон дода шудааст. Масалан соҳаи муомилоти асъор 2 намуди фаъолиятро фаро мегирад: хариду фуруши асъори хориҷӣ; ташкили савдои хариду фуруши асъори хориҷӣ.

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз 19 октябри соли 2013, таҳти № 195 Қонун «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ-иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон»  қабул шудааст. Дар асоси моддаи 4 ин қонун иҷозатномадиҳӣ – равандест, ки бо додани иҷозатнома, тамдид кардан, боздоштан, ва бекор кардани он алоқаманд аст ва иҷозатнома  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи пешбурди фаъолият мебошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур иҷозатномаи давлатӣ ҷорӣ шудааст. Иҷозат ин амалест, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ (ё шахси ҳуқуқие, ки Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ваколатдор кардааст) дода шуда, ҳуқуқи анҷом додани амалҳои муайянро дар ҷараёни фаъолият тасдиқ мекунад. Моддаҳои 15-17-и  боби 2 Қонуни мазкур ба намудҳои фаъолияте, ки бояд иҷозатнома дода шаванд, бахшида шуда, дар моддаи 17 номгӯйи иҷозат барои намудҳои амал дар ҷараёни фаъолият муқаррар шудааст. Тибқи қонуни мазкур 65 намуди фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва 30 намуди иҷозатнома, яъне дар умум 95 намуди фаъолият пешбинӣ шудааст.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 16 майи соли 2014, таҳти № 202-V ЗРК Қонун "Дар бораи иҷозатҳо ва огоҳинома"  қабул шудааст. Мутобиқи моддаи 1 ин қонун иҷозатномадиҳӣ ин маҷмӯи тадбирҳое мебошад, ки вобаста ба додан ва ё аз нав додани иҷозатнома ва (ё) замимаҳои иҷозатнома ва дубликати иҷозатнома ва (ё) замимаҳои иҷозатнома, амали намудани назорати иҷозатнома, боздоштан, тамдид ва қатъ гардидани амали иҷозатнома ва (ё) замимаҳои иҷозатнома амалӣ карда мешавад. Дар асоси қонуни мазкур иҷозат ин тасдиқи ҳуқуқи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, инчунин филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ маҳсуб меёбад, ки предмети фаъолияти он расонидани хизматҳои молиявӣ мебошад ва барои амалӣ намудани фаъолият ё амалҳои (амалиёти) аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда тавассути иҷозатномадиҳӣ анҷом додашуда; ё тартиби иҷозатномадиҳӣ ба амал бароварда мешавад. Огоҳнома ин ҳуҷҷатест, ки ба аризадиҳанда мутобиқи шакли тасдиқкардаи мақоми ваколатдор дар соҳаи иҷозат ва огоҳнома, Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ё мақоми ваколатдор оид ба танзим, назорат ва назорати бозори молиявӣ ва ташкилоти молиявӣ дар бораи оғоз ё қатъи фаъолият ё амал хабар медиҳанд. Дар моддаи 16 ҳамин қонун дараҷаи хавфи фаъолият ё амалҳои (амалиёти) танзимшаванда муқаррар гардидааст, ки ба дараҷаҳои зерин тақсим мешавад:

1) иҷозатномаҳои категорияи якум – иҷозатномаҳое, ки нисбат ба намудҳои (зернамудҳои) фаъолият ё амалҳои (амалиёти) бо сатҳи баланди хатари алоқаманд ҷорӣ карда мешаванд;

2) иҷозатномаҳои категорияи дуюм – ҳама иҷозатномаҳое, ки  нисбат ба намудҳои (зернамудҳои) фаъолият ё амалҳои (амалиёти) бо сатҳи миёнаи хавфнок дода мешаванд;

3) огоҳномаҳо нисбат ба намудҳои фаъолият ё амалҳои бо сатҳи пасти хатар алоқаманд ҷорӣ гардидаанд, вале аз ҷониби мақомоти давлатӣ гирифтани маълумот дар бораи оғоз ё қатъ гардидани чунин намудҳои фаъолият ё амал талаб карда мешаванд.

2. Дараҷаи хатари фаъолият ё амалҳо (амалҳо) дар асоси таҳлили таъсири танзимкунанда муқаррар карда мешаванд.

Дар моддаи 28 Қонуни мазкур 26 соҳаи иҷозатномадиҳӣ нишон дода шуда, номгӯйи иҷозатҳои категорияи якум (лицензияҳо), дуюм ва огоҳномаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон "Дар бораи иҷозатҳо ва огоҳномаҳо" замима гардидаанд, ки дар маҷмӯъ ба 481 намуди фаъолият иҷозатнома дода шуда, ба 62 намуди фаъолият огоҳнома пешниҳод мегардад.

Ҳамин тариқ, дар асоси дастури Пешвои миллат ба андешаи мо бо назардошти таҷрибаи қонунгузории кишварҳои Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон зарур аст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 2 августи соли 2011, таҳти № 751 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" аз 17 маи соли 2004,таҳти  № 37 аз эътибор соқит дониста шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ» қабул карда шавад.

Сангинзод Д.Ш. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj