• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ПАЁМ –ВАСИЛАИ ИЛҲОМИ МО

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар таърихи 23 декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро таҳти унвони  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ман тавассути ин мақолаи худ мехоҳам, каме ҳам бошад, дар боби масоили соҳаи маориф ва хусусан фаъолияти омӯзгор, ки Сарвари муаззами давлат дар суханронии хеш ба он таъкид намуданд, ҳарф занам.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: “Ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод”.

Метавон зикр кард, ки ин нишондиҳанда омори оддӣ нест ва дар ин роҳ ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесобиқа ҳисобидан зарур аст. Акнун дар ин роҳ, бо вуҷуди он, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, ба мо, омӯзгорон зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, тавваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем. Итминон дорам, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо сарварии ректори муҳтарами мо Аҳлиддин Ибодуллозода, ки шахсияти ташаббускор ва ватандӯст мебошанд, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи кори худ қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани  нуктаҳои Паём ҳамроҳ бо омӯзгорону кормандон, магистрону унвонҷӯён, докторантону донишҷӯён заҳмату кӯшишҳои бештар ба харҷ хоҳанд дод.

Лозим ба зикр аст, ки ташаббусҳои роҳбарияти донишгоҳ, ки то давраи ироаи Паёми навбатии Сарвари давлат рӯйи кор омада буданд, шоистаи таҳсин мебошад ва бовар дорам, ки бо илҳом аз нуктаҳои Паём онҳо афзун хоҳанд шуд. Масалан, озмуни аз бар намудани 400-луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, таҳти №1137 тасдиқ шудааст ва инчунин азбар намудани абёт аз ашъори классикони тоҷик Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки мавзуи илму  адабро фарогир буд, ҳама омӯзгорону кормандон, магистрону унвонҷӯён, докторантону донишҷӯёнро ба таҳрик овард. Роҳбарии озмунро бевосита ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло ба зимма доштанд.

Аз ҷониби раёсати донишгоҳ, барои ғолибони озмун ҳавасмандгардонӣ муқаррар шуда буд, ки ин бешубҳа боиси зиёд шудани сафи иштирокчиёни озмун гардид. Дар ин рӯз шумораи зиёди иштирокчиён бо тайёрии хуб ва ҳисси масъулият  ҳозир гардида буданд, ки ин  аз сатҳи баланди баргузории чорабинии мазкур дарак медод. Хушбахтона ман ҳам яке аз иштирокчии ин озмун буда бо ҳаяҷони зиёд бесаброна навбати худро интизор будам.

Ректори донишгоҳ, новобаста ба серкории худ, баромади ҳар як иштирокчиро бо ҳавсалаи том санҷида хулосаҳои зарурии хешро мебароварданд. Дар интиҳо ғолибони озмун муайянгардида аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳавасманд гардиданд, ки ин иқдом боиси рӯҳбаландии иштирокчиёни он гардид. Мо, иштирокчиёни озмун шоҳиди ба таври шаффоф ва одилона баргузор гаштани озмуни мазкур гардида, ба  ташкилкунандагони он, махсусан ба ректори донишгоҳ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло изҳори миннатдории худро баён менамоем. Ташкили ин гуна озмунҳо шавқу рағбати ҳар як иштирокчиро нисбат ба забономӯзӣ зиёд намуда ба ташаккули ақлонию зеҳнӣ ва равнақ ёфтани фаъолияти илмиашон такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо ин пеш аз ҳама такмил ва сайқал додани савияи дониш, тақвият бахшидан ба сатҳи аз худкунии забономӯзии омӯзгорону донишҷӯён баҳри тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир мебошад.

Ногуфта намонад, ки ин иқдоми наҷиб ва манфиатбахш  дар муассисаҳои олии касбии кишвар нахуст дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ роҳандозӣ гардида буд.

Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар донишгоҳ барои аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст, ки ҳафтае ду маротиба аз тарафи омӯзгорони ботаҷриба гузаронида мешавад. Натиҷаи чунин саъю кӯшиши мунтазами раёсати донишгоҳ буд, ки соли равон намояндагони донишгоҳдар озмунҳои ҷумҳириявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки ин дастовард дар таърихи донишгоҳ бесобиқа  аст.

Раёсати донишгоҳ ба хусус ректори донишгоҳ, профессор  Ибодуллозода А. И. ба дастовардҳои ноилгардида, қонеъ нагардида, ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки намояндагони донишгоҳ натанҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ низ сазовори ҷойҳои намоён гарданд.

Айни замон ҷиҳати амалӣ намудани ин нақшаву ниятҳои нек ва ояндасоз дар донишгоҳ тамоми шароитҳои мусоид, барои омӯзгорону донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Умед дорем, ки аз имконоятҳои мавҷуда истифода бурда, омӯзгорон ва дастпарварони ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо дарки волои ҳисси масъулият ҳамчун мутахассисони варзида, тарбиятгарони насли наврас –равшангарони роҳи фардо, барои гул-гулшукуфии Тоҷикистони  азизамон  саҳми  худро  мегузоранд. Дар ин баробар бовар дорам, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо, омӯзгорону кормандон, магистрону унвонҷӯён, докторантону донишҷӯёни  ДДОТ ба номи С.Айнӣ василае хоҳад буд, ки баҳри шукуфоии Ватани маҳбуби хеш дучанд хизмат намоем.

Дустова  Навраста, омӯзгори кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ»-и

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj