• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МАОРИФ ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид)
Лозим ба зикр аст, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин як амали оддӣ набуда, санади дорои аҳамияти расмӣ ва барномавӣ маҳсуб меёбад. Дар ин баробар онро метавон ифодакунандаи возеҳи рушди самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар донист, зеро тамоми барномаҳои кории ҳама ниҳодҳои давлат тавассути ҳамин санад баррасӣ мешаванд.
Паёми Президенти кишвар ба таври самимона ба ҳар як шаҳрванди кишвар ироа гардида, пайкест баҳри ободии имрӯзу фардои кишвар, ки дорои хусусиятҳои созандагӣ мебошад ва рисолати Пешвои муаззами миллатро дар худ таҷассум кардааст. Он асосан дар заминаи манфиатҳои миллӣ ба таври мустақилона самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ва дурнамои пешрафти кишварро муайян мекунад. Минбаъд барои ҳар як тоҷикистонӣ ин нукта бояд боиси ифтихор бошад, ки ҷиҳати муайян ва татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардидани Паём аз ҷониби Роҳбари давлат аз ҷумлаи нишонаҳои асосии соҳибистиқлолии мамлакат дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллати тоҷик дар ироа гардидани ҳамин рисолати Пешвои муаззами миллат нуҳуфтааст. Ин Паём низ чун паёмҳои дигари Сарвари давлат санадест, ки бурду бохтҳо ва ормонҳои миллии мардуми тоҷикро дар худ ғунҷондааст.
Дар Паёми навбатии хеш, ки дирӯз, 23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, маорифро чун ҳамеша омили асосии пешрафти кишвар ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат аз ҷумла чунин ёдрас шуданд: “Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”.
Ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин таъкид нест ва Сарвари давлат ҳамеша соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини интихоб ба ҳайси роҳбари давлат, новобаста аз мушкилоти бешумори иқтисодию иҷтимоӣ, ихтилофот, муҳоҷирати шаҳрвандон ва амсоли инҳо кӯшиш ба харҷ додаанд низоми маорифи кишварро ба талаботи ҷахонӣ мутобиқ намоянд, зеро ягона роҳе, ки моро ба ҷаҳони мутамаддин мерасонад, ин роҳи рушду тавсеаи маориф аст. Сарвари давлат аз ҷумла дар ин Паём қайд намуданд: “Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
Дар заминаи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои масъули соҳаи маориф доиман ба самти рушду тавсеаи соҳаи маориф, хусусан бунёди муассиса ва иншооти таълимӣ равона гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин самт натиҷаҳои хеле назаррас низ ба даст омаданд, ки дар суханронии Пешвои миллат ин натиҷаву дастовардҳо зикр шуданд. Сарвари муаззами миллат дар ин бора аз ҷумла қайд намуданд: “Дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.”
Тавре аз омори расмӣ, ки дар Паёми Президенти кишвар зикр шудааст, дар давраи 31 соли Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани ин миқдор муассисаҳои нави таълимӣ бешак миқдори хеле бузург ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гаридани ин миқдори бузурги муассисаҳои таълимӣ баёнгари ғамхории беандозаи Роҳбари давлат ба соҳаи маорифи кишвар, хусусан, таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб мешавад. Дар Паёми навбатӣ, ҳарчанд ба гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа ишора нашуда бошад ҳам, вале боз ҳам Роҳбари мамлакат ба мақоми соҳаи маориф таъкид намуда, чунин қайд карданд: “...агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
Паёми навбатии Президенти кишвар боз ҳам собит менамояд, ки масоили соҳаи маориф чун ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад. Сарвари давлат зимни суханронӣ ба масъалаҳои мухталифи соҳа дахл карда, таваҷҷуҳи масъулонро баҳри рушду тараққии он ҷалб намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар паёмҳои Пешвои муаззами миллат ҳамеша паҳлуҳои мухталиф ва масоили муҳимми соҳаи маориф – вазъи муассисаҳои таълимӣ, масъалаи сифати таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таълими фанҳои дақиқ, таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибтаҷриба, робитаи илм бо истеҳсолот, маблағгузории соҳаи маориф, тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа ва амсоли инҳодар мадди назари Президенти мамлакат қарор гирифтааст. Дар Паёми навбатӣ, дар маҷмуъ ҳисоботи омории рушди ин соҳаи ҷомеа нишон дода шуда, дар зимн баҳри ислоҳ ва бартараф намудани нуқсон ва камбудиҳо супоришҳои мушаххас ироа гардиданд.
Бешак, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф сохтани мушкилот ва татбиқи чораҳои иловагӣ дар соҳаи маориф хеле муфид ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди босамар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардидани он мусоидат хоҳанд кард. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таъмини иҷрои талаботи дастуру супоришҳо дар рушду тавсеаи соҳаи маориф такон хоҳанд бахшид. Дар ин баробар ин омилҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот заминаи боэътимод ва устувор хоҳанд гузошт. Барилова, ин суханони Пешвои миллат, ки дар ҷараёни ҷаласа ба таври хос садо доданд, моро водор месозад, ки бо ҳисси ифтихор дар роҳи тавсеаи ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа дучанд заҳмат ба харҷ диҳем: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj