• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НАҚШИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОН

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Натиҷа ва дастовардҳои кишвар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ба таври мушаххас таҷассум гардидааст.Аз ҷумла, вобаста ба рушди  соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳо Пешвои миллат чунин таъкид намуданд:Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”. Бо истифода аз мавриди муносиб лозим ба зикр аст, ки мо то ҳоло ба кадрҳои беҳтарин ниёз дорем ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд дар ин ҷабҳа кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳоло мехоҳам вазъи таълиму тарбияи мутахассисонро дар факултети забонҳои романӣ-германии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ибтидо то имрӯз шарҳ диҳам. Ҳанӯз дар охири солҳои 30-юми асри гузашта як зумра олимони донишгоҳҳои Русия ва Ӯзбекистон барои беҳтар намудани тарзи таълим ва тайёр намудани кадрҳои соҳибмаълумот ба Тоҷикистон фиристода шудаанд, ки аз байни онҳо чанде чун омӯзгорони забони олмонӣ ва англисӣ дар донишкадаи омӯзгорӣ кор кардаанд.

Аз соли 1939 сар карда дар назди факултети таъриху забоншиносии Донишкадаи омӯзгории Душанбе як гурӯҳи таълимӣ бо ихтисоси забони олмонӣ кушода шуд. Соли 1940 факултети забонҳои хориҷӣ бо як гурӯҳи забони олмонӣ ва як гурӯҳи забони англисӣ таъсис дода шуд, ки дар он ҳамагӣ 21 донишҷӯ ва 5 омӯзгор фаъолият доштаанд. Аввалин декани факултет хонум К.А. Сиповская буданд. Сипас дар солҳои гуногун дар факултети забонҳои хориҷӣ Венера Гогошидзе (ду дафъа), Ирина Сазонова, Михаил Василев, Иван Яковлев, Анна Соловева, Пётр Бояршников, Парвона Ҷамшедов, Рустам Деҳотӣ  ҳамчун декан иҷрои вазифа намудаанд.

Соли таҳсили 1941-1942  иддаи дигари олимони машҳур аз шаҳрҳои Москва ва Ленинград аз сабаби хатари ҷанг ба ақибгоҳ, аз ҷумла ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар байни онҳо профессор М.Н. Александров низ буд, ки баъдан сарварии кафедраи забонҳои хориҷиро ба ӯҳда гирифтааст. Дар ҳамин муддат аввалин донишҷӯёни забони олмонӣ Александра Калинушкина (1941-1945), Валентина Сахарова (1951-1955), Мария Гатитулина-Бурҳонова (1953-1957), Вера Макаркина, Саноат Юнусзода, Субҳониддин Маҳкамов, Улуғмурод Бобоев, Роза Миллер (охири солҳои 50-ум) ва ғайраҳо буданд, ки дертар ҳамчун омӯзгорони барҷастаи кафедраи забони олмонӣ фаъолият намудаанд.

Солҳои 1975-1980 барои устодони факултети забонҳои хориҷӣ давраи рушди илм ба шумор мерафт. Дар ин давра роҳбарии факултетро устод Парвонаи Ҷамшед ба уҳда дошт. Дар факултет 6 кафедра амал мекард. Теъдоди омӯзгорони тоҷик дар ҳар кафедра 4-5 нафарро ташкил медод. Зиёда аз 90% ҷавонон ба кори илмӣ ҷалб карда шудаанд. Бо кӯмаки устодон Парвонаи Ҷамшед, Мамлакат Наҳангова, Рашид Убайдуллоев ва Венера Гогошидзе аз Пажӯҳишгоҳи забоншиносии ш. Ленинград ва Донишгоҳи ш. Ленинград профессорон Л.Г. Герсенберг, М. Мухин, В.Г. Лившитс, М.В. Павлов, М. Берков, С.И. Смернитская ва дигарон ба факулта омада, доир ба курсҳои махсус маърӯзаҳо хондаанд.

Солҳои 80-уми қарни гузашта аз ҷиҳати ба камол расидани олимони ҷавон давраи сермаҳсули шуъбаи забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин солҳо Ш.М. Мухторов, Х.Ғ. Сайфуллоев, Р.А. Деҳотӣ, Л.К. Ҳакимова, Н.Я. Орешина, Г.Д. Пӯлодова, В.А. Соколова соҳиби унвони номзади илмҳои филология гардиданд. Охири солҳои 80-ум устод Шокир Мухтор дар Институти адабиёти ҷаҳон ба номи Максим Горкий рисолаи доктории хешро дифоъ намуд.Айни ҳол факултет дорои чор кафедра мебошад:

Кафедраи забони олмонӣ. Соли 1940 дар назди факултети забонҳои хориҷӣ кафедраи «Забони олмонӣ ва методикаи таълими он» таъсис дода шудааст, ки дар солҳои гуногун устодон Мамлакат Наҳангова, Любов Букатина, Рашид Убайдуллоев, Павлина Сатская ва Хайрулло Сайфуллоев роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд.  Моҳи апрели соли 2008 ба хотири муттаҳид намудани кафедраҳо аъзоёни кафедраи лингводидактика ба кафедраҳои забони олмонӣ ва методикаи таълими он гузаронида шудаанд. Дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он устодони соҳибтаҷриба, доктори илмҳои филологӣ, профессор Михаил Александров (1941-1951), саромӯзгор Любов Букатина (1951-1957), саромӯзгор Эмма Валтер (1957-1964), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Артур Сергеев (1964-1972), саромӯзгор Александра Калинушкина (1972-1978), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустам Деҳотӣ (1978-1984), саромӯзгор Мария Бурҳонова (1984-1988), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Ҳакимова (1988-1992), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (1992-1993), саромӯзгор Мария Бурҳонова (1993-1995), дотсент Рустам Деҳотӣ (1995-1998), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (1998-2003), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (2003-2008), саромӯзгор Зведамо Нурова (2008-2012), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (2012-2015), Зарина Сайфуллоева (2015-2019), Фазлиддин Одинаев (2019-2020) вазифаи мудири кафедраро иҷро кардаанд. Айни замон вазифаи мудири кафедраи забони олмониро дотсент Ғиёсов Фаридун Нуриддинович ба ӯҳда доранд.

Кафедраи забони фаронсавӣ. Соли 1963 дар ҳайати кафедраи забони олмонӣ шуъбаи забони фаронсавӣ таъсис ёфта, соли 1972 ҳамчун кафедраи мустақил, бо номи кафедраи забони франсавӣ фаъолияташро оғоз намудааст. Аввалин мудири кафедра И.С. Кошелева буд. Солҳои минбаъд роҳбарии кафедраро дотсент А.С. Сергеев, сипас Н.Я. Орешина,  баъдан Л.П. Николаева, Ш.М. Мухторов, М. Шоев, Ш. Ҳақназаров, Т. Муҳиддинов, С. Султонзода ва Т. Қурбонов ба ӯҳда доштанд. Оид ба кор ва фаъолияти ҳар яке аз собиқ мудирон дар кафедра маълумотҳо вуҷуд доранд, оид ба кору фаъолияти адабиётшиноси забардаст, ғарбшиноси номӣ, доктори илмҳои филологӣ, дорандаи Нахли Фарҳангистони Фаронса, профессор Мухторов Шокир метавон маълумоти зиёдро пешкаш намуд. Кафедра дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф нақши бориз дорад. Айни замон дар кафедра 9 нафар мутахассисони забони франсавӣ машғули таълиму тадрисанд. Устодони собиқадори кафедра: доктори илмҳои фалсафа, Султонзода С.; номзадони илм - Бойматова Д, Ғаниева М.; омӯзгорони калон - Муҳиддинов Т., Маликов А., Ашуров Н. ва ассистентони кафедра Ҳалимова Р., Султонова Ш. мебошанд. Роҳбарии кафедраро айни замон д.и.ф. Султонзода Соқӣ Аслон ба ӯҳда доранд.

Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (олмонӣ – фаронсавӣ) дар назди кафедраи забони олмонӣ – ва методикаи таълими он, кафедраи забони фаронсавӣ ва методикаи таълими он таъсис ёфта, аз моҳи августи 2019 ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият мекунад. Мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Куҷов Р. М мебошад. Дар кафедра 1-нафар доктор, 2-нафар номзади  илм, 2-нафар омӯзгори калон, 2-нафар ассистент ба корҳои таълимиву тарбиявӣ машғуланд. Дар умум теъдоди устодони кафедра 7-нафарро ташкил менамояд. Устодони кафедра бо намояндагии кишварҳои Фаронса, Олмон ва Автрия ҳамкории судманде доранд. Инчунин мунтазам дар кишварҳои номбурда аз такмили ихисос мегузаранд.

Кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ ҳанӯз соли 1971 бо мақсади таъмини забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ (ғайр аз факултетҳои забони англисӣ ва романӣ-германӣ) ташкил шудааст. Дар таърихи қариб 50 соли фаъолияти худ, кафедраи мазкур барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мутахассисони зиёди баландихтисосро ба воя расонидааст. Олимону омӯзгорони намоёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Мамлакат Наҳангова, Муаттар Мансурхоҷаева, Парвона Ҷамшедов, Мавҷуда Абдуллоева, Маҳбуба Афзалӣ, Умриниссо Болтабоева, Хайришо Шонусайриев, Нодира Шукурова, Гулрафтор Музафарова ва  Файзиддин Баротзода солҳои зиёд роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Имрӯз коллективи омӯзгорони кафедра таҳти сарварии мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Умаров Абдураҳмон Саидаҳмадович дар пешбурди таълим, тарбия ва илм дар факултетҳои Донишгоҳ саҳми арзанда доранд.

Саҳми арзандаи омӯзгорони факултет дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани шогирдони лаёқатманд, хониши хубу аъло, завқи баланди илму донишандӯзӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ хело хуб назаррас аст. Тавре ки маълум аст,  баҳри баланд бардоштани сифати таълим самтҳои  фаъолияти кафедраҳои факултет дар тарҷумаи адабиёти бадеию илмӣ аз забони франсавӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба франсавӣ, масъалаҳои филологияи забони олмонӣ, методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, сифати таълим ва самаранокии таълими забонҳои хориҷӣ дар ихтисосҳои ғайритахассусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ва омода намудани мутахассисон дар бозори меҳнат басо арзанда шуморида мешавад. Дастовардҳо дар самти таълиму тарбия дар факултет чун ҳамасола, дар соли 2022 хеле зиёд мебошад.

Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мо омӯзгоронро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Боиси тазаккур аст, ки соли равон дар факултет 42-нафар устодон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишӯён, аз ҷумла 3-нафар докторони илм, 8-нафар номзадони илм, 19-нафар муаллимони калон ва 12 –нафар ассистентон фаъолият намуда истодаанд.

Тибқи нақшаи панҷсолаи илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо аз соли 2020 инҷониб як нафар Султонзода С.А. - рисолаи докторӣ, се нафар: Қурбонов Т., Бойматова Д., Ғаниева М. рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар факултет 21-нафар унвонҷӯён ва 7-нафар докторанторни PhD корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд. Ду нафар унвонҷӯёни факултет Раҷабова Фируза ва Маликов Абдулвоҳид дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Аз ҷумла, ҳимояи диссертатсияи номзадии Раҷабова Фируза 18 –уми феврали соли 2023 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-047-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи «Методикаи ташаккули салоҳиятмандии байнифарҳангии донишҷӯён дар раванди омӯзиши забони хориҷӣ дар шароити муҳити бисёрфарҳангии донишгоҳҳои омӯзгорӣ» рӯйи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (18.00.08.04 – Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ) баргузор мегардад. Ин ҳама барои факултет дастоварди шоён маҳсуб мегардад.

Дигар дастоварде, ки факултет дар соли 2022 дар самти корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ ноил гардид, ин таҳқиқоти илмии мудири кафедраи забони фаронсавӣ, д.и.ф. Султонзода С., ки аз 1.09.2022 то 31.10.2022 дар шаҳри Париж дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии ақидаҳои Жан Жак Руссо ва Аҳмади Дониш дар бораи оила” мебошад. Доир ба мавзӯи мазкур дар шакли монографияи хурд дар ҳаҷми 28 саҳифа ба се забон: франсавӣ, тоҷикӣ ва русӣ таълиф намудааст, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Париж хоҳад аз чоп борамад. Ҳамзамон, устод Султонзода С. барои навиштани монография дар мавзӯи “Шамси Табрезӣ - зиндагӣ осор ва афкор” дар ҳаҷми 200 саҳифа машғул аст. Инчунин д.и.п.,профессор Сайфуллоев Х. ва Сайфуллоева З. дар таҳияи як Монография ва китоби дарсӣ барои донишҷӯён барои соли 2022-2023 машғул мебошанд.  Дар факултет назди кафедраҳо маҳфилҳои илмии донишҷӯён “Грамматист”, “Полиглот” ва “Методисти ҷавон” амал менамоянд. Маҳфилҳои мазкур моҳе 2 маротиба доир гашта, масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар соли ҷорӣ аз тарафи устодони факултет барои баланд бардоштани сифати таълим китобҳои дарсӣ, фарҳангҳо, луғатҳо ва маҷмӯаи таълимӣ ба табъ расонидаанд. Аз ҷумла, омӯзгорон Маликов А., Ғаниева М., Султонова Ш., Шодиева М. китоби дарсӣ зери унвонӣ  “Забони лотинӣ- (курси мухтасар)”, соли 2022.- дар ҳаҷми 200 с. ба Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон, Маликов А. “Луғати мухтасари франсавӣ-русӣ-тоҷикӣ” (с. 2022) ва 2- дастури таълимӣ-методӣ  зери унвони «Амалияи тарӌумаи шифоҳӣ ва хаттӣ», «Услубшиносии забони франсавӣ» дар ҳаҷми - 277 саҳифа ва Нурова З., “Луғати истилоҳоти забоншиносӣ (олмонӣ-тоҷикӣ-русӣ)” дар ҳаҷми  259 саҳифа (с. 2022) дар матбааи Донишгоҳ чоп намудаанд. Инчунин аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.ф., дотсент Ҷурақулов Б.Р. «Фарҳанги истилоҳоти соҳаи омӯзгорӣ дар забонҳои англисӣ-тоҷикӣ-русӣ» дар ҳаҷми 250 саҳифа (с.2022) дар матбааи АИДНПҶТ чоп шудааст ва дастури методӣ «Омӯзиши грамматикаи забони англисӣ таввасути ҳикояҳо»  (с. 2022) дар ҳаҷми 155 дар матбааи ДДОТ ба номи С.Айнӣ чоп намудааст, ки барои донишҷӯёни ихтисоси забонҳои хориҷӣ зарур мебошад.

Соли ҷорӣ дар факултет конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар мавзӯи Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугӯи фарҳангҳо” гузаронида шуд, ки дар он меҳмонони зиёди дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд. Инчунин дар факултет мунтазам мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ гузаронида мешаванд, ки онҳо масъалаҳои мубрам баррасӣ мегарданд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгори факултет дар соли ҷорӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ бо 61 маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз ҷумла, 25 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда аз чоп баромадааст. Ба такмили ихтисос равон кардани омӯзгорон низ дар мадди назари роҳбарияти факултет мебошад.

Дар соли ҷорӣ мутахассиси забони франсавӣ Улрик Ле Флоик барои гузашти дарси такмили ихтисос аз Сафоратхонаи Фаронса ва маркази “Бактрия” даъват шуда, ба омӯзгорони соҳибкасби забони франсавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар толори Шӯрои олимони факултет аз таърихи 14.11.2022 то 19.11.2022 дарси такмили ихтисос аз рӯи равияҳои кафедра ташкил ннамуданд. карда шуд.  Дар курси мазкур 6 нафар омӯзгорони факултет фаро гирифта шуданд. Инчунин, баҳри такмил додани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзгорон Куҷов Р., Шодиева М., Хоркашева З., Умедов Ш. ва Қурбонов Т. дар донишгоҳ то 28-12.2022 ба курсҳои омӯзиши фанҳои мазкур сафарбар шудаанд. Дар соли равон омӯзгорони факултет Раҷабова Ф. ва Шодиева М. ба ифтихорнома аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ, инчунин омӯзгорон  Куҷов Р. Сайфуллоева З. Маликов А. ба нишони аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Қайд кардан бамаврид аст, донишҷӯёни факултет аз рӯи ихтисосҳои забони франсавӣ ва олмонӣ дар озмунҳои байналмиллалӣ иштирок намуда сазовори шаҳодатнома гардиданд.

Хулоса,  нақши факултети забонҳои романӣ-германӣ дар раванди таълим ва тарбияи мутахассисони соҳаи забонҳои фаронсавӣ ва олмонӣ назаррас мебошад. Омода намудани ва истифодабарии дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, луғатҳо, воситаҳои айёнӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ ва барномаҳои таълимӣ дар факултет ба таври ҷиддӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Қувватова С.М., номзади илмҳои филология, декани факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj