• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НИГОҲЕ БА ҶАНБАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ САЙЁҲӢ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ҷиҳати рушди фаъолияти сайёҳӣ чунин зикр намуданд: “Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.” Воқеан, даврони соҳибистиқлолӣ боис гардидааст, ки моро ҳамчун миллати соҳибдавлат ва соҳибтамаддун эътироф намуда, мустақилияти кишвари моро ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр ва ягона ба расмият шиносанд. Ҳамин омили асосӣ аст, ки ҳар сол ҳазорон сайёҳон барои тамошои табиати нотакрору дилфиреби кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Дар ин замина  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд. Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Сохтори саноати сайёҳӣ дар маҷмуъ бузург мебошад. Маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ ба инфрасохтор ва иншооти сайёҳӣ низ назаррас буда, баъзан аз ҳисоби сармоягузории соҳибкорон ва корхонаҳои хурд ҳам мусоидат вуҷуд дорад. Лозим ба зикр аст, ки  соҳаи  сайёҳӣ корхонаҳои сершумори хурдеро, ки ин соҳаро дастгирӣ мекунанд дар бар мегирад, даромади сайёҳӣ ба зудӣ ба табақаҳои васеи аҳолии минтақаи мизбон тақсим карда мешавад ва аз ин рӯ тамоми ҷомеа аз ҷиҳати иқтисодӣ фоида меорад.

Ҷанбаи навбатии мусбати рушди сайёҳӣ ин аст, ки сайёҳон маҷбуранд, мисли аксарияти аҳолӣ андоз супоранд. Азбаски сайёҳон асосан аз дигар минтақаҳо меоянд, хароҷоти онҳо барои ҳукумати мизбон як пойгоҳи васеъшудаи андозро ифода мекунад. Ба ғайр аз ин ҳолатҳои махсус, андозҳои маъмулии ситонидашуда ҳам аз сайёҳон ва ҳам аз сокинони маҳаллӣ аз ҳисоби хароҷоти сайёҳӣ зиёд мешаванд. Аз ин рӯ, сайёҳӣ даромади минтақа, шуғл, сармоягузорӣ ва ғайраро бештар мекунад. Маҳдудиятҳое ҳам вуҷуд доранд, ки ҳукумати мизбон метавонад фоидаро аз ин ҷанбаҳои сайёҳӣ ба ҳадди баланд расонад. Ин маҳдудиятҳо тибқи нишондодҳо аз ду намуд иборат мебошанд: иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.

Маҳдудиятҳои иҷтимоӣ аз сабаби афзоиши андозҳои ситонидашуда аз сокинони маҳаллӣ бинобар рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақа ба миён меоянд. Ин маҳдудиятҳо, ки дар шакли хароҷоти иқтидори имкониятҳои сайёҳӣ ба вуҷуд меоянд, пешниҳод карда мешаванд. Онҳо сазовори омӯзиши дақиқ шуда метавонанд, то дарки беҳтари мушкилоти беҳтарнамои, ки дар назди ҳукумати мизбон аст, фаҳмида шавад.

Бо бисёр сабабҳо, ба соҳаи ивазкунанда табдил додани сайёҳӣ номумкин аст. Аввалан, сайёҳӣ аслан як падидаи мавсимист. Баъзан тағирёбии мавсимии талаботро коҳиш додан мумкин аст, аммо ҳеҷ гоҳ онҳоро пурра пешгирӣ кардан мумкин нест. Аз ин рӯ, агар сайёҳӣ дар минтақа соҳаи асосӣ бошад, пас паст шудани фаъолияти он дар вақти муайян мушкилоти ҷиддии шуғли аҳолӣ мегардад. Сониян, талабот ба сайёҳӣ ва саёҳат бештар аз даромад ва завқи сайёҳон вобаста аст ва ҳардуи ин омилҳо берун аз назорати минтақаи мизбонон мебошанд.

Гузашта аз ин, сайёҳӣ хароҷоти муайяни иҷтимоӣ ва хароҷоти иловагиро барои нигоҳдории муҳити зист ба вуҷуд меорад, ки бар зиммаи минтақаи мизбон ва сокинони он вогузор карда мешавад. Инкишофи хеле босуръати сайёҳӣ ва вобастагии комил аз он, чунин мушкилотро ба миён оварданашон мумкин аст:

- агар рушди минбаъдаро боздоред, ин боиси таназзули иқтисодӣ мегардад;

- агар сайёҳӣ дар тараққиёти минбаъдаи он маҳдуд нашавад, он гоҳ боигариҳои табиию мадании мамлакат аз сабаби аз ҳад зиёд истифода бурдани он камёб шуда, бефоида ва арзон мешаванд.

Дар ин ҳолат, қабули қарор, чун қоида, хеле душвор аст.

Баъзан ҳукуматҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба сайёҳӣ хеле хушбинона менигаранд. Онҳо барномаҳои фаъоли сармоягузориро амалӣ мекунанд, ки ба рушди сайёҳӣ ва хусусияти афзалиятнок нигаронида шудаанд.

Баъзан сайёҳӣ дар минтақае, ки дар он рушд мекунад, афзоиши таваррумро ба вуҷуд меорад. Сайёҳон пули дар минтақа ё кишвари дигар ба даст овардаашонро ба иқтисоди ин минтақаи сайёҳӣ сармоягузорӣ мекунанд. Азбаски ин даромади минтақаро зиёд мекунад (чунон ки дар боло зикр гардид), он метавонад фишори таваррумро низ ба вуҷуд орад, чунончи баланд шудани нархи молҳои зарурӣ: озуқаворӣ, либос, манзил, нақлиёт ва ғайра ба ин мисол шуда метавонад.

Аз ин лиҳоз, гарчанде сайёҳӣ ҳамчун воситаи рушди иқтисодӣ дорои иқтидори назаррас аст, аммо он барои ҳама дардҳои иқтисодӣ давобахш нест. Ҳукумат бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, ки фоидаи сайёҳиро бо назардошти хароҷоте, ки рушди он метавонад ба он оварда расонад ва фикру имконоту вазифаҳои дар назди талабот ва маҳдудиятҳои муқарраршударо мавриди амал қарор диҳад. Бояд қайд кард, ки имкони ба вуҷуд омадан ва зиёд намудани ҳаҷми даромад аз сайёҳӣ барои мамлакатҳои тараққиёбанда назар ба мамлакатҳои тараққикарда зиёдтар аст.

Кишварҳои мутараққӣ  иқтисоди солим доранд, ки метавонанд ба осонӣ тамоми хароҷоти сайёҳиро пӯшонанд. Одатан, иқтисоди ин гуна кишварҳо гуногунранг буда, барномаҳои сармоягузории давлатӣ пурра ба рушд нигаронида нашудаанд.

Ҳамин тариқ, бартариҳои рушди сайёҳӣ барои ҳар як кишвар аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд инҳо бошанд:

• афзоиши гардиши пули нақд ба минтақа, аз ҷумла воридшавии асъори хориҷӣ;

• афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллӣ;

• таъсиси ҷойҳои нави корӣ;

• ислоҳоти сохтори фароғат, ки аз он ҳам сайёҳон ва ҳам аҳолии маҳаллӣ

истифода бурда метавонанд;

• ҷалби сармоя, аз ҷумла хориҷӣ;

• афзоиши ҷамъоварии андоз аз минтақаҳои мизбон.

Камбудиҳои рушди сайёҳӣ дар он зоҳир мешаванд, ки сайёҳӣ:

• ба баланд шудани нархи молу хизматхои маҳаллӣ, замин таъсир

мерасонад;

• боиси мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ мегардад;

• метавонад ба тараққиёти дигар соҳаҳои саноат зарар расонад ва ғайра.

Бояд қайд намуд, ки бо назардошти амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ва тарғиби бештари минтақаҳои табиию истироҳатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он, минтақаҳои фароғативу истироҳатӣ мавриди истифода қарор дода шуда истодаанд.

Аз ин рӯ, ҷанбаҳои мусбии ин соҳаи даромаднокро ба инобат гирифта барои тараққи додани дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо истифода аз имконотҳои мавҷуда кӯшиш ба харҷ додан лозим аст.

 

Бегов Абдукарим Одинаевич, омӯзгори калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj