• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Раисон журналистонро табрик гуфтанд

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорон М.Бӯриев, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Д.Раҷабов ва раиси Созмони ҷавонон С.Қувватов 11 марти соли равон ба идораи нашрияи «Омӯзгори ҷавон» ташриф оварда, ҳайати эҷодии онро ба муносибати Рӯзи матбуот таҳният гуфтанд.

Дар оғоз М.Бӯриев аз таърихи таъсисёбии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» ёдовар шуда, зикр кард, ки он замон бо вуҷуди ихтилофоти зиёд ва монеаэҷоднамоиҳои соҳибмансабон равшанфикрони баору номуси мо тавонистанд, ки ҷаридаеро сирф бо забони тоҷикӣ интишор намоянд.

М.Бӯриев дар идомаи сухан таваҷҷуҳи махсуси раёсати донишгоҳ, хусусан, ректор, академик Н.Салимовро нисбат ба «Омӯзгори ҷавон» таъкид намуда, изҳор дошт, ки роҳбарият пайваста нашрияро дастгирӣ мекард ва минбаъд низ ин амалро идома хоҳад дод. Ба қавли М.Бӯриев, нақши нашрияи донишгоҳӣ дар маърифатнокӣ ва донишандӯзии толибилмон бағоят бузург аст. Маҳз тавассути ҳамин ҷарида донишҷӯён қалами хешро рост мекунанд ва аз ин пайроҳа ба шоҳроҳи бузурги нигорандагӣ ворид мешаванд. «Омӯзгори ҷавон» барои мо ҳамеша азизу муқаддас буд ва ҳамин гуна хоҳад монд.

Д.Раҷабов, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён, дар навбати хеш аз фаъолияти тӯлонии  «Омӯзгори ҷавон» сухан гуфт. Тавре мавсуф иброз дошт, дар давраи аввал газета ҳаҷман ниҳоят кам буд, тасаввур кунед, ҳамагӣ 1 варақ, яъне, ду саҳифа. Бо вуҷуди ин, донишҷӯён онро бо мароқи зиёд мутолиа карда, эҷодиёти худро барои чоп пешниҳод менамуданд.

Дар фарҷом Д.Раҷабов аз ҳисоби Иттифоқи касабаи донишҷӯён ба ҳафт нафар хабарнигори ҷамоатии нашрияи «Омӯзгори ҷавон», ки донишҷӯ ҳастанд, мукофоти пулӣ ва ифтихорнома тақдим намуд.

Б.Абдураҳим

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj