• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НАҚШИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР РАВАНДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Рушди ҷомеаи инсонӣ бо рушди маориф робитаи зич дорад. Маориф нерӯи асосии тағйирдиҳандаи тамоми соҳаҳои ҳаёт буда, ба рушди минбаъдаи мусбати онҳо таъсири ҳалкунанда расонида, насли наврасро ба ҳалли масъалаҳои замони муосир омода месозад. Аз тарафи дигар, маҷмӯи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ, демографӣ ва ғайра, ки ҷомеа бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, дар соҳаи маориф  инъикос меёбад. Дар маҷмӯъ, маориф ҳамчун василаи бунёдии рушди мамлакат, ноилшавӣ ба сифати нави зиндагӣ хизмат мекунад. Нақш ва аҳамияти соҳаи маориф дар ҳар як марҳилаи таърихӣ истисноӣ буда, ҳар гуна ислоҳот ва дигаргунӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, маҳз аз ҳамин соҳа ибтидо мегирад. Ин нукта Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ба таври возеҳ ва  мушаххас таҷассум гардидааст.Аз ҷумла, вобаста ба ин соҳаи муҳим Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: “ Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.

Ҳолати кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, динамикаи рушди илмию техникӣ сатҳи муносиби донишҳо, маҳоратҳо ва малакаҳоро дар захираҳои меҳнатӣ талаб мекунанд. Дигаргуниҳои ҷаҳоние, ки дар иқтисодиёт сурат гирифта истодаанд, бояд бо омодагии касбии кадрҳо таъмин ва тақвият дода шаванд, зимнан, аҳамияти афзалиятнокро зудҳаракатии донишҳо, имконияти навсозии доимии онҳо касб мекунанд.

Дар шароити дигаргуниҳои амиқи илмӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва технологӣ маориф ба омили иҷтимоию иқтисодӣ мубаддал мегардад, ки хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории пешрафти иҷтимоии инсониятро муайян мекунад.

 

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ дигаргуниҳои сохтории сифатан нав сурат гирифтанд, ки ногузир дар стратегияи низоми миллии маориф инъикос ёфтаанд. Ҳамзамон, бо пешравии босуръати иқтисодиёти кишвар принсипҳои асосии ислоҳоти маориф ба сатҳи демократикунонӣ, бисёрвариантӣ ва дастрасӣ ба инноватсияҳо, бефосилагии таълим, хусусияти таҳсилоти онро рушддиҳанда ва ғайра муайян карда шудаанд. Хизматрасониҳои таҳсилотӣ, албатта, бо беҳтарсозии сатҳи зиндагӣ, афзоиши даромади аҳолӣ алоқаманд аст. Дар навбати худ, зиёдшавии ҳаҷми талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати таҳсилот рушди дигаргуниҳои бозаргониро дар соҳаи маориф, тиҷоратишавии фаъолияти муассисаҳои субъектҳои ин соҳа муайян карда, ҳамзамон таъминоти молиявии онҳоро беҳтар сохт. Рушди муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи маориф, ҷалби хизматрасониҳои таҳсилотӣ ба доираи манфиатҳои иқтисодӣ истеҳсолкунандагони онҳоро ба татбиқи технолгияҳои нави иттилоотӣ, ки ҳамзамон бозори хизматрасониҳои таҳсилотии онҳоро васеъ мекунад, ҳавасманд месозад.

Бо ташаккул ва рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар ҷумҳурӣ сатҳи нигоҳдории инҳисори давлат дар бозори хизматрасониҳои таҳсилотӣ, ки дорои самтнокии иҷтимоӣ мебошад, фаъолнок мешавад. Айни замон дар баробари бахши анъанавии давлатӣ инчунин бахши бозаргонии таҳсилотӣ рушд ёфта истодааст. Ба ташаккули ин бахш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ибтидо гузошт. Дар моддаи 43 – уми ин Қонун таъкид шудааст, ки “ба муассисаҳои таҳсилот мустақилияти молиявӣ ва хоҷагӣ дар ҳудуди воситаҳои ҷудошуда ва воридшуда аз манбаъҳои дигар пешниҳод карда мешавад. Муассисаи таҳсилот ҳуқуқ дорад, ки тибқи тартиб аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардашуда воситаҳои иловагии молиявӣ, аз ҷумла асъориро аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои пулакии иловагӣ ва фаъолияти дигар, ки аз ҷониби оинномаи он пешбинӣ шудааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва ҳақпулиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ ҷалб намояд.

Дар шароити нави хоҷагидорӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои давлатии таҳсилоти сифати хизматрасониҳои таҳсилотиро муқарар намуда, мутобиқати онро ба стандарт назорат карда, шаклҳои гунонуни таҳсилот ва худтаҳсилкуниро дастгирӣ намуда, тадбирҳоро оид ба нигоҳдории кафолатҳо ба гирифтани таҳсилоти ройгон ва оқилона ё қобили қабул, яъне фаъоолияти бозори хизматрасониҳои пулакии таҳсилотӣ, меандешад. Ин суханони Пешвои муаззами миллат, ки дар ҷараёни ироаи Паём садо доданд, боиси шодмонии мост, ки кишвари мо рӯ ба тараққӣ дорад: “Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд”.

Ализода Ҳуснигули Соҳиб, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj