• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ИСТИФОДАИ БОМАВРИДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ГУНОГУНИ ПЕДАГОГӢ ВА МЕТОДҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ - ОМИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар раванди ҷаҳонишавӣ вобаста ба пешрафти ҷамъият талабот ба касбукор низ тағйир меёбад ва ин муносибати навро ба таҳсилот талаб мекунад. Тақозои ҷомеаи муосир дар он аст, ки мутахассисони оянда дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд бо донишҳои амиқи педагогию психологӣ тавассути истифодаи технологияҳои гуногуну муосири педагогӣ ва истифодаи методҳои мухталифи фаъоли таълим мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир омода карда шаванд.

Дар Паёми навбатӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  ироа гардид, маориф боз ҳам соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб дониста шуд. Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем, зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Дар ҳақиқат пешравии ҳар як ҷомеаи пешрафта аз омӯзгорони соҳибзавқу кордон,  донишманд ва лаёқатманди ҳамон ҷомеа вобастагӣ дорад.  Беҳуда маорифро бунёди сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ қайд накардаанд. Тақозои талаботи замони муосир низ дар он аст, ки мутахассисони варзидаи босаводу маърифатнокро дар тамоми соҳаҳои мухталифи мамлакат тибқи талаботи бозори меҳнат омода намудан вазифаи асосии соҳаи маориф ба шумор меравад.

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки муаллим оғоз  аз давраи хурдсолӣ ба бунёди пойдевори ҷаҳонбинии илмии шогирдон ҳиссаи арзанда гузошта, ба ақида, эътиқод, шуур, характер, ахлоқ ва рафтору одоби онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Технологикунонии омӯзиш яке аз самтҳои илми педагогика буда, қонуният, принсип, восита ва роҳҳои самараноки ноилшавӣ ба мақсадҳои таълимиро таввассути ба роҳ мондани муносибати технологӣ дар раванди таълим ва инкишофи маърифатии хонандагонро кашф ва таҳқиқ мекунад.

Дар адабиёти педагогӣ мафҳумҳои «технологияи педагогӣ», «технологияи таълим», «технологияи омӯзиш» вомехӯранд. Онҳо ба мисли мафҳумҳои педагогика, таълим ва омӯзиш ба ҳам тавъаманд. Вобаста ба ҷараёни таълиму тарбия мафҳуми «технология»-ро ҳамчун санъати тадрис, таълим маънидод кардан бамаврид аст. Технологияи педагогӣ ин  маҷмӯи муносибатҳои психологӣ ва педагогӣ  мебошад, ки аз шакл, метод ва воситаҳои таълимӣ иборат гардида, инчунин роҳҳои ташкил ва методии ҷараёни  педагогиро мефаҳмонад.

Дар замони имрӯза технология ва муносибатҳои нав ба таълим хеле зиёд ба назар мерасанд ва перомуни ин масъалаи муҳим олимони соҳаи психология далел меоваранд, ки истифодаи воситаҳо ва усулҳои гуногуни педагогӣ дар раванди таълим ба инкишофи психикии донишҷӯён таъсири мусбӣ расонида, раванди маърифатнокии  онҳоро осон мегардонад.

Д.Б.Элконин оид ба фаъолияти таълимӣ  қайд кардааст, ки дар раванди таълим муносибати байниҳамдигарии донишҷӯю муаллим барқарор шуда, онҳо соҳиби дониш ва малака мегарданд. Донишҷӯён дар раванди фаъолияти таълимӣ тавассути амалҳои фикрӣ, мушоҳидакорӣ, қобилияти дарккунӣ соҳиби дониш мешаванд. Таҳқиқоти зиёди илмӣ исбот менамоянд,  ки усулҳои муосири фаъолияти таълимӣ имконият медиҳанд ҳамаи донишҷӯён бо осонӣ маводи таълимиро аз худ намуда донишҳои касбиро фаро гиранд.

Бинобар ҳамин қайд кардан ба маврид аст, ки беҳтар намудани тайёрии касбии мутахассисони оянда, аз талаботи муҳими таълим дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста мебошад, ки ин омодагии ҳамаҷонибаи омӯзгоронро талаб менамояд. Аз ин ҷиҳат хусусиятҳои психологии истифодаи технологияҳои педагогиро ба инобат гирифта фаъолияташонро дуруст ба роҳ монда тавонанд. Дар замони ҳозира технологияҳои педагогӣ хело зиёданд ва  бомавриду мақсаднок истифода намудани он ҷараёни омӯзишро равшан мегардонад.

Омилҳои зерин  ба технологияҳои муосири педагогӣ мусоидат мекунанд:

  • аз рӯйи манбаи пайдоиш (дар асоси таҷрибаи педагогӣ ё консепсияҳои илмии психологию педагогӣ);
  • аз рӯйи мақсад ва вазифаҳо (азхудкунӣ ва таҳкими дониш, таҳсил ва инкишофи сифатҳои фикрии шахсӣ);
  • аз рӯйи имкониятҳои воситаҳои педагогӣ;
  • аз рӯйи вазифаҳои муаллим, ки бо ёрии технология иҷро карда мешаванд; (вазифаҳои ташхисӣ, вазифаҳои идоракунии низоъҳо),
  • аз рӯйи он, ки ба кадом тарафи протсесси педагогӣ технологияи мушаххас "хизмат мекунад" ва ғайра.

Ҳар як технология ба ин ё он тарз ба татбиқи идеяҳо, муқаррарот, назарияҳои илмӣ дар амал равона карда мешавад. Аз ин рӯ, технологияи педагогӣ байни илм ва амалия мавқеи миёнаро ишғол мекунад.

Технологияи педагогӣ системаи пайдарпайи амали муаллим мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххас нигаронида шудааст.

Дар илми психологияи омӯзгорӣ «консепсияи фаъолияти таълимӣ» аз назарияҳое ба шумор меравад, ки раванди таълим бо мақсади инкишофдиҳии психика хизмат мекунад. Он дар асоси принсипи диалектикаи материалистӣ, зимни ягонагии психика ва фаъолият (Рубинштейн С.Л; Леонтев А.Н.,), фаъолияти психологӣ (А. Н. Леонтев) ва назарияи инкишофи зина ба зинаи фаъолияти фикрӣ (П.Я.Галперин) таҳқиқ гардидаанд.

Ба ақидаи онҳо дар раванди таълимдиҳӣ ду вазифаи асосӣ муҳим мебошад: дар раванди таълим таъмин намудани раванди дарккунӣ ва инкишофи психикӣ иҷро мегардад. Оид ба ҳалли ин назария психологи машҳури рус Л.С.Виготский «алоқамандии таълим ва инкишоф» - ро муайян намудааст.

Тибқи талаботи  «Консепсияи фаъолияти таълимӣ»-и Д.Б. Элконин, ва В.В.Давидов хонандагон дар асоси консепсияи зерин ҳамчун субъекти дарккунанда бояд чунин қобилиятҳоро дошта бошанд:

-фаҳмида тавонистани мафҳумҳои илмие, ки дар шакли назариявӣ омӯзонида мешаванд;

-дар фаъолияти худ истифода намудани мафҳумҳои мантиқии илмӣ;

-амали абстрактиро ба конкретӣ мубаддал намудан.

Ба ибораи дигар, субъективияти донишҷӯ ба қобилияти дарккунии мазмун, роҳ ва усулҳои назариявии дарккунӣ вобаста мебошад.

Донишҷӯён дар консепсияи фаъолияти таълимӣ ҳамчун субъекти дарккунанда баромад мекунанд. Худи раванди таълим бошад, ҳамчун инкишофи қобилияти маърифатӣ ва навгониҳои асосии инкишофи психикӣ фаҳмида мешавад.

Фанни таълимӣ натанҳо омӯзонидани системаи донишҳоро дар бар мегирад, балки ташкилкунандаи махсуси дарки хусусиятҳои алоқаи байни ашёҳо, шароитҳои бавуҷудоӣ ва тағйиротҳои бавуҷудояндаи онҳо мебошад. Дар ин ҷода фаъолии субъективии донишҷӯ тавассути ташкили фаъолияти маърифатӣ ба роҳ монда мешавад. Сарчашмаи асосии барқароршавӣ ва инкишофи фаъолии маърифатӣ худи донишҷӯ набуда, балки таълими ташкилкардашуда мебошад. Чӣ қадаре, ки шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шавад, ҳамон қадар сатҳи донишгирии хонанда инкишоф меёбад.

Дар ин баробар, технологияҳои муосири педагогӣ чунин ҷиҳатҳоро дар бар мегиранд:

  • Технологияҳои таълимии коммуникативӣ - ташаккули қобилияти донишҷӯён дар асоси ҳамкории ба шахс нигаронидашуда.
  • Технологияҳои таълими проблемавӣ - ҷустуҷӯи технологияи фаъоли таълим мебошад, ки дар ҳалли ҳамагуна вазифа ё мушкилот имконият дорад.
  • Таҳлили ҳолатҳои мушаххас ва моделсозии моделиронӣ технологияҳои таълимие мебошанд, ки ба бозӣ ё таҳлили ҳолатҳое асос ёфтаанд, ки дар фаъолияти касбӣ бештар маъмуланд.

Қобилиятҳои коммуникативӣ аз маҳорату малакаи муошират намудан, пайдо намудани муносибати мувофиқ ба дониш, барқарор намудани робитаи дуҷониба, одоби педагогӣ ва ғайраҳо мебошад, ки ба ин васила мубодилаи ахбору афкор ба амал меояд. Омӯзгор дар раванди барқарор намудани муносибати байниҳамдигарӣ бояд хусусиятҳои синнусолӣ, фардӣ-психологии донишҷӯён, мизоҷ, характер, қобилият, шавқу ҳавас, талабот ва ғайраҳоро ба инобат гирад. Талабот ба ҳамкории сифатҳои нутқи муаллим пеш аз ҳама ба вазифаҳои педагогӣ вобаста аст. Яке аз технологияҳои асосии педагогӣ нутқи муаллим ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии нутқи муаллим аз он иборат мебошад, ки базаи (барномаи) маълумотҳои пурарзишро  пешниҳод  кардан  аст, балки озоду фаҳмо, ҳамкории  байни нутқи муаллим ва донишҷӯён боиси фаҳмидагирӣ ва дар хотирнигоҳдории донишҳо вобастагӣ дорад.

Нутқи муаллим метавонад сода, фаҳмо шавқовар гуногун, яъне вобаста ба характери мавзуъ, суръат, лаҳн ва ифоданокии худ фарқ кунад. Вазифаҳои педагогии нутқи муаллим барои баён кардани маводи нав, қобиляти на танҳо расонидани дониш, балки дар онҳо ташаккули донишҳои пуртаъсир - арзишманд, таъсиррасонӣ ба шуур, ҳиссиёти донишҷӯён, водор кардани онҳо ба фикр кардан ва рафтору кирдор мебошад.

Қобили қайд аст, ки  Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар самти истифодаитехнологияҳои педагогӣ саҳми назаррас дорад. Ин ҷиҳат, ки дастпарварони донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар тамоми муассисаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда, дар пешрафти маорифи кишвар ва баланд шудани эътибори ватани азизамон саҳми  арзанда гузошта истодаанд, шаҳодати ин суханони мост.

Акрамова М.Ҳ., н.и.п. мудири кафедраи психологияи умумидонишгоҳии ДДОТ  ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj