• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

АМИНҶОН ШУКЎҲӢ - ШОИРИ БАЧАҲО

Боиси хушнудиест, ки имрӯз дар бораи фарзандҳои фарзонаи миллати тоҷик ёд мекунему хотир меорем.

Боиси ин ҳама ғамхориҳову арҷгузориҳо албата, кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Дар мақолаи мазкур мехостем бахшида ба ҷашни 100 солагии Аминҷон Шукуҳӣ ибрози андеша намоем.

Шоир, нависанда, тарҷумон, дромнавис, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008),шоири халқии Тоҷикистон (1994)Аминҷон Шукўҳи (Ҳоҷибоев) 10-уми июни соли 1923 дар маҳаллаи Лак-лакони деҳаи Румон, ҳозира қишлоқи ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Хуҷанд дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳия омўзгорӣ кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мақомоти умури дохила хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 дар вазифаи мудири шўъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» кор кардааст. Соли 1955 факултаи рўзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро хатм намуда, муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» таъин шудааст. Солҳои 1961-1967 дар вазифаҳои котиб ва ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сипас, то охири умр, раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳўрӣ ифои вазифа намудааст.Аминҷон Шукуҳӣ 10 июни соли 1979 дар шаҳри Душанбе дар синни 46солагиаш аз олам даргузашт. Шоир Барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ(1965),Ду ордени “байрақи сурхи Меҳнат”,”Нишони фахрӣ”мебошад.

Аввалин шеъраш соли 1942 дар газетаи «Стахановчӣ» ба табъ мерасад. Маҷмўаи нахустини ашъораш бо унвони «Суруди чашмасор» соли 1948 дастраси хонандагон гардид, ки аз эҳсоси баланди ватандўстонаву ошиқонаи шоири ҷавон, ки саршори ишқи ватан буданд, аз ояндаи умедбахши ў мужда медоданд. Минбаъд маҷмўаҳои ашъори ў «Ватани сулҳ» (1952), «Рўзҳои мо» (1954-1955), «Садои дил» (1956), достони «Кучабоғи ошиқон» (1962), силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), “Арзи қалам (1971), китоби дубайтию рубоиҳои «Чормағз» (1973) ва ғ. шўҳрату мақоми шоирро дар миёни мардуми тоҷик ду чанд афзуданд. Баргузидаҳои ашъори шоир бо унвонҳои «Кучабоғи ошиқон» (1984), «Шохаи райҳон» (2003) ва «Баргҳои тиллоӣ» (2014) баъд аз вафоташ дар шакли гулчину маҷмўаҳо ба табъ расидаанд.

Илова ба ин, Аминҷон Шукуҳӣ дар адабиёти тоҷик ҳамчун шоир ва нависандаи маъруфи адабиёти бачагона шинохта шудааст ва дар ин ҷода саҳми бориз дорад. Ў ба туфайли маҷмўаҳои ашъори «Баррачаи гурезпо» (1964), «Ил-18 омад» (1968), Повестҳои сегонаи «Об аз куҷо меояд?» (1969), «Асад ва Самад» (1972) «Боғи шакарханд» (1974) ба адабиёти бачаҳо мавзўъҳои тоза, образу тасвирҳои муассир ворид сохтааст.

Мегўянд, ки сухан «аз забони Луқмон хуш аст». Мо низ масъалаи чӣ гуна ба адабиёти бачагона омадани устод Аминҷон Шукӯҳиро аз забони худи ў намуна меорем, ки ниҳоят самимӣ, боварибахш буда, дар айни замон дастуру маслиҳати муфид ба қаламкашони ҷавон низ мебошад.

Аминҷон Шукуҳӣ навиштааст, ки «…шоир ва нависандае, ки барои бачагон асари хуб навишта метавонад, сазовори иззату эҳтироми махсус аст» [3, c.138]. Шоир пас аз ин андеша, чӣ гуна ба адабиёти бачаҳо омадани худро чунин ба хотир овардааст: «Ман ба шеърнависӣ аз солҳои чилум сар карда бошам ҳам, фақат дар солҳои шастум ҷуръат карда қалам ба даст гирифтам, ки барои бачагон нависам. Боре ҳанўз дар солҳои панҷоҳ, вақте ки Абдумалик Баҳорӣ, муҳаррири газетаи «Пионери Тоҷикистон» буд, илтимос кард, ки барои бачагон шеъре, ҳикояе нависам. Бо вуҷуди он ки шеърҳои ман дар газетаю журналҳо ва маҷмўаҳои алоҳида чоп мешуданд, гуфтам:

-Барои бачагон наметавонам. Ин кори мушкил аст. Не, ин тарсидан не, балки ҳисси масъулият дар назди дили ҳассосу беғаши хонандагони хурдсол буд.

Солу моҳо чун варақҳои китоби зиндагӣ паси ҳам мегузаштанд. Ба ман каму беш таҷрибаи зиндагӣ ва адабӣ фароҳам меомад. Рафиқонам, хонандагон қувваи қалами маро эътироф мекардагӣ шуданд. Акнун барои бачагон ҳам бояд нависам, қарор додам ва навиштам ҳам. Ин солҳои шастум ва ҳафтодуми айёми мо буд.

Аввалин шеърҳои ман барои бачаҳо дар журнали «Машъал» чоп шуд. Онро устоди асарҳои бачагона Мирсаид Миршакар хонда гуфт:

«-Барои бачаҳо ҳамин хел навиштан лозим аст. Маълум мешавад, ки ту метавонӣ, навис, бародар»! Баъди як ду сол маҷмўаи шеърҳои ман, бо нақшу нигори ранга бо номи «Баррачаи гурезпо», «Ил-18 омад» аз чоп баромад. Ин ҳадьяи хоксоронаи ман ба бачаҳо буд» [3, c.138-139].

Аз ишораҳои Аминҷон Шукўҳӣ бар меояд, ки ў ба адабиёти бачагона пас аз таҷрибаи кофии эҷодӣ пайдо намудан, бо шеърҳои «Баррачаи гурезпо», «Ил -18 омад», «Дар вақти таҳсил», «Дарёи Варзоб», «Аз нўги хамир фатир», «Мурғобии ман», «Савол ба навниҳол» ворид гардидааст. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки ў дунёи бачагонро хеле хуб дарк мекунад, ба синну сол ва табиати онҳо ошно аст. Санъаткори асил он аст, ки ҳам синну соли хонанда, ҳам мавзўю мазмуни асари ба ў бахшида эҷод намудаашро ҳамаҷониба дарк намояд. Адибе, ки барои бачагон менависад, хуб дарк намояд, ки хонанда бо завқи том аз асарҳои ў хулосаи ахлоқию тарбиявӣ бароварда метавонад. Он ахлоқ қабулшаванда аст, ки самимона тарғиб шуда бошад. Аминҷон Шукўҳӣ асарҳои худро бо ҳамин усул ба мақсади таълиму тарбияи насли наврас бо назардошти хусусиятҳои психологии кўдакон офаридааст.

Бояд асари бачагона пур аз ҳаракату амалиётҳои пурхурўши зиндаи персонажҳо бошад, ин хусусият дар шеъри «Ил-18 меояд» пурра риоя шудааст. Аминҷон Шукўҳӣ дар ин шеъраш бо як маҳорати комил аз асрори техникаи муосир аз нигоҳи сатҳи диди бачаи хурдсол маълумот дода, завқи бачаҳоро ба эҷодкорӣ ва сохтани техникаи ҳозиразамон бедор менамояд. Шеъри мазкур аз шеърҳои хуби бачагонаи шоир буда, мазмунан хеле завқовар аст. Писараке ба пешвози бародараш ба фурудгоҳ омада, аз ҳавопаймо фаромадани бародарашро интизор мешавад. Аз ҳавопаймо фаромадани акаашро дида ба ваҷд меояд. Ў бори аввал мебинад, ки «Ил-18» «чорто фир-фирак» ва «даҳто ғилдирак» доштааст ва шоир ин лаҳзаро аз забони бачаи хурдсол чунин тасвир мекунад:

 

«Ил- 18» омад,

Поён фаромад.

Аз дараш аввал

Аком баромад.

«Ил-18» дорад

Чорто фи-фирак,

Дар қаноти худ

Даҳто ғилдирак [3, c.146].

Ҳамон замон дар дилаш хоҳиши сохтани «Ил-18» пайдо мешавад, орзу мекунад, ки агар калон шавад, албатта аз ин калонтарашро месозад. Шоир ин хоҳиши бачаро бо лафз ва ҳиссиёти бачагона, бо тарзи воқеӣ баён мекунад:

Ман калон шавам

Рафта ба Маскав,

Созам албатта

«Ил-18»-и нав.

Ҳаштто мекунам,

Фир-фиракашро.

Биста мекунам,

Ғилдиракашро.

Шинонда ба вай

Ман ҳаштто матор,

Дусадта одам

Мекунам савор

(3,146).

Тақдир ва сарнавишти кўдак имрўз аз сарнавишти ҷомеа ҷудо нест, онро алоҳида тасвир кардан ҳам номумкин аст. Кўдак чун шахси калонсоли оянда бояд тасвир шавад. Тасаввуроти кўдак беғаразу беолоиш буда, ростқавлу зудбовар аст, боварии комил дорад, ки дунё абадисту танҳо, барои ў офарида шудааст. Вай ҳар як хулосаи адибро писандида ба қувваи инсони комил ва некандеш бовар намуда, ба ў пайравӣ менамояд:

Фир-фиракашро

Фир-фир кунонда

Ғилдиракашро

Ғир-ғир кунонда,

Мепарам чунон

Баланд аз замин

То ҳама гўянд

Ба ман офарин [3, c.146].

Кўдак ба воситаи ин шеър таълим мегирад, сабақи зиндагиро меомўзад. Шоир ҳам кўшиш намудааст, ки аз забони қаҳрамони хурдсол сухан гўяд, мавзўи ҷадид офарад, мавзўе, ки ба завқи бачаҳо мувофиқ ва саршор аз меҳру муҳаббат бошад. Ин хусусият дар шеърҳои дигари А. Шукўҳӣ низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар шеъри «Борони баҳор» роҷеъ ба меҳри инсон ба табиат, гиёҳҳову сабзаҳо, ниҳолҳо, паррандаву дарахтон, ҳайвонот маълумот дода, манзараи аз борон тозашавии боғу хиёбонҳо, кўчаву майдонҳо, дарахтону гулзорҳоро бо завқ тасвир менамояд:

Абр омаду абр омад,

Ғурранда чу бабр омад.

Дар соати нўҳ омад,

Аз ҷониби кўҳ омад

Дар болои шаҳр омад.

Якбора ба қаҳр омад [3, c.148-149].

Шеъри мазкур дар услуби суруду таронаҳои халқӣ дар лаҳни сабук ва ниҳоят самимӣ эҷод шудааст. Бингаред, ки борони баҳори сим-симаку ҷим-ҷимак чи назокату чи файзу сафое бо худ меорад, аз ў ба машоми табиат, гулу себарга, боғу роғ озодагӣ, хирвор –хирвор файзу сахо ба дастурхони инсон илова мешавад:

Боронаки сим-симак,

Боронаки ҷим-ҷимак.

Як рўзи тамом омад,

То омади шом омад,

Ҳар чангу ғубор аз он

Бар хок бишуд яксон.

Дар боғу хиёбонҳо,

Дар кўчаву майдонҳо

Ҳар сабзаву шохи гул

Шустанд руху кокул.

Гўё ҳама аз ҳаммом

Берун шуда баъд аз шом,

Пўшида либоси нав,

Густурда палоси нав

Бо табъи хўшу хандон

Гаштанд ҳама рақсон…

Бар бод савор омад,

Борони баҳор омад

[3, с.148-149].

Чуноне ки мебинем, А. Шукўҳӣ дар шеърҳояш аз забони худи кўдакон сухан меронад, бо бачагон бо ҳамин усул дар мавзўъҳои гуногун сўҳбат карда, дили бачаҳоро ба табиат, гиёҳу сабзаҳо, ниҳолу дарахтон, паррандаҳо гарм месозад. Шоир ба онҳо ба забони худашон суҳбат карда, ба бачаҳо панду насиҳат медиҳад. Максим Горкий доир ба маҳорати нависандагӣ чунин мегўяд: «Нависанда бояд ба қаҳрамонони худ ҳамчун ба одами зинда нигоҳ кунад. Онҳо дар сурате мисли одами зинда тасвир меёбанд, ки нависанда хусусуятҳои забонӣ, тарзи амал, қаду қомат, чеҳра, ҳаракати чашм ва амсоли инҳоро тасвир карда тавонад. Одамон як хел нестанд, ҳар кас хусусияти хоси зоҳирӣ, ботинӣ, дорад» (2,48). Ҳамаи ин тасвирҳои дар боло зикршуда дар асарҳои Шукўҳӣ бараъло ба назар мерасанд ва мо ин маъниро дар шеъри «Дарёи Варзоб» мушоҳида мекунем:

 

Аз кўҳи Анзоб

Дарёи Варзоб

Сўи Душанбе

Мекунад шитоб.

Даҳҳо шаршара

Аз ҳар як дара

Сўяш медаванд

Чун оҳубарра.

Дарёи Варзоб

То шавад сероб

Чашмаҳои шўх

Намекунанд хоб [1, с.147].

Дарёчаи шўхи беқарорро, ки табиатан ба кўдакон монанд аст, шоир ҳам дўст медорад ва ҳолати дарёро аз забони қаҳрамони хурдсолаш бо оҳанги шўху ҷаззоб ба риштаи назм кашидааст. Бале, оби ин дарёчаи шўху беқарор ба сангҳо бархўрдаву садҳо гиёҳу буттаҳоро мисли бачаҳо кандаву бо алафҳои шифобахш омехта намудаву то ба Душанбе мерасад. Дар шеъри мазкур чи гунае ки ишора шуд, шоир ҳамоҳангии хусусияту табиати дарёро ба хусусияту табиати бачаҳо дарёфта, бачаҳоро ба монанди оҳубарраҳои кўҳсори Варзоб ва чун гулмоҳиҳои дарёи Варзоб беқарор, мисли шаршараҳои он бедору дар шитоб тасвир намудааст. Сувари хаёли шоир чун ойина софу мусаффост. Хаёлаш заминаи воқеӣ дошта, дар шакли ҳақиқати бадеӣ тамоми манзараҳои зебои табиатро зинда ба ҷилва меовард.

Устод Айнӣ низ дар мактуби кушоди худ 12-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Самарқанд ба Пўлод Толиси ҷавон чунин навишта буд: «Рафиқ Толис! Ман аз ин пеш ҳам дар забони адиби баъзе ҳаваскорони нависандагӣ ин гуна ҳолатро дидам. Азбаски муаллифони ин гуна порчаҳо кирои гап заданро намекарданд, ман барои онҳо чизе нагуфта будам. Аммо шумо, Муҳиддин Фарҳат, Аминҷон Шукўҳӣ чизи дигаред. Забони адабии тоҷик аз шумо ҷавонон сарсабзиҳои бисёр аълоро умедвор мебошад» (Шарки сурх, -1948-№ 4-саҳ.34-40). Устод Айнӣ бо ин суханони худ ба Шукўҳии ҷавон ҳамон вақт бо таври ҷиддӣ ба адабиёти муосир дохил шуданро тавсия додааст. Албатта, шубҳае нест, ки устод Айнӣ бо шеърҳои Шукўҳӣ ба воситаи матбуоти даврӣ шинос шуда, дар шахсияти ў адиби хуберо шинохта буд. Бинобар ин, устод Айнӣ ба ояндаи ин марди суханвар бо нигоҳи устодона назар намуда кўшидааст, ки шоир минбаъд ба хатоиҳо роҳ надиҳад. Дар ҳақиқат, ин фол нек баромада, Шукўҳӣ донандаи хуби забони адабӣ ва адиби заршинос гардид. Худи ў ба ин маънӣ менависад:

Ба ман ишқи Ватан илҳом бахшид,

Вагарна ман куҷою шеър гуфтан!

Аксарияти адибон бар он ақиданд, ки адабиёти бачагон аз ҷиҳати мазмун, шакли бадеӣ, ифодаи фикру ҳиссиёт аз адабиёти калонсолон фарқе надорад. Бояд гуфт, ки аз ин нигоҳ фарқ надошта бошад, вале аз нигоҳи масъулиятшиносӣ фарқ дорад. Шеърҳои Шукўҳӣ ба ҷавони навхате шабеҳанд, ки нав аз деҳаи кўҳистон ба шаҳр омадааст. Ғубори роҳ дар пояш, навои обшору мурғакони хушилҳон дар пeшаш, ба эҳтироми ватану модар бар мардум бо як самимияти пурасрор роз мегўянд.

Сафар бар роҳи дур кардам,

Назар бар қасрҳои нур кардам,

Вале аз бахти одам чун сухан рафт,

Ватан, номи ту бо он ҷўр кардам.

Шоир ҳамчун фарзанди халқи точик ҳамроҳи бўи баҳор, нолаи мурғони саҳар ба олами шеър ворид гардида, нағмасароӣ намуда, шеърҳои бонафосату таъсирбахш ва ҷозиб эҷод намуда, дар онҳо тапиши дил, мавҷи ҳиссу ҳаяҷон, парвозу орзуҳои неки инсониро акс намудааст. Бисёр шеърҳои шоир чун суруду таронаҳои мардумӣ умри дубора ёфта, ба дилу дидаи наврасону ҷавонон мисли ин шеър роҳ ёфтаанд:

Ватанро беҳтар аз ҷон ёд кардам,

Шавад то мушкил осон ёд кардам.

Агар борон биёяд дон, ки ман ҳам

Варо бо чашми гирён ёд кардам.

Аввалин асари мансури нисбатан калони Аминҷон Шукуҳӣ ҳикояи “Шаҳло” буд, ки соли 1964 ҳамроҳи Ҳилолиён Аскар навиштааст.

Аминҷон Шукуҳӣ дар адабиёти бачагонаи тоҷик на танҳо чун шоири бачаҳо, инчунин ҳамчун нависанда саҳми бориз дорад ва чи тавре ки ишора шуд, дар байни солҳои 1969-1974 повестҳои сегонаи «Об аз куҷо меояд?» (1969), «Асад ва Самад» (1973) ва «Боғи шакарханд» (1974)-ро эҷод менамояд. Ба нашр расидани повестҳои нависандаро на танҳо хонандагони хурдсол инчунин нақди адабӣ хеле хуш қабул намудааст. Масалан, адабиётшиноси варзида ва донишманди маъруфи адабиёти бачагонаи тоҷик Раҷаб Амонов дар бораи рушди жанри повест андеша ронда, ду хусусияти жанри повестро дар адабиёти солҳои 70-80-уми садаи бист таъкид намудааст: «…аввалан ба хусусиятҳои синну сол ба андозае мувофиқ шуд ва сониян, навъҳои асосии он ба вуҷуд омад. Барои синни хурд, миёна ва калони мактабӣ повестҳо навишта шуданд. Повестҳои реалистӣ, романтикӣ, фантастикӣ ва афсонавӣ, яъне чор навъи ин жанр арзи вуҷуд кард» [1, с.281].

«Об аз куҷо меояд?» ҳамчун намунаи аввалин повести реалистии А.Шукуҳӣ, ки барои бачаҳои синни хурди мактабӣ навишта шудааст. Ин асарро хонанда на фақат барои сар то по саршори ҳаҷви ширину саргузашти аҷибу хурсандибахши ду нафар бачаи соҳибзавқу шўхи бебок тасвир ёфтанаш бо шавқ мехонанд, инчунин «Об аз куҷо меояд?» асарест, ки дар он бачаҳо як силсила ҳодисаҳои зиндагӣ, масъалаҳои аҳамияти муҳими тарбиявӣ- накўкорӣ, некию бадиро аз таҷрибаи ҳаётии худ ва ба кўмаки калонсолон дарк менамоянд. Ин масъала бе таъкиду исбот, дар замири хикояҳои яке аз дигаре ғалатитару шавқовартар баён мешавад.

Образҳои марказии повест, Асаду Самад аввал мурғон ва бад гурбаро оббозӣ доронда, шатта мехўранду беҳуда будани ин корро фаҳмида, баъди саҳву хатоҳои хандаовар, чи хел об доданро ба ниҳолон меомўзанд, аз Бурҳони биҳӣ, ки аз биҳӣ қимоб аст, ҳақорату дашном шунида, фаҳмида мегиранд, ки «…дар дунё одамони аҷиб бисёранд. Яке аз биҳӣ, дигаре аз зардолу, саюме аз тухм, чоруме аз пиёз ва ҳоказо қимобанд» [4, с.17].

Нависанда воқеаҳои пандомўзро тавассути талқину таъкид не, балки тавассути мушоҳидаҳои хаётии худи бачаҳо баён мекунад. Масалан, Асаду Самад рафтори хандаовари Тавакалхўчаи холабеғамро мушоҳида намуда, мефаҳманд, ки коргурезӣ хуб набудааст. Калонӣ карда ба дарахт баромадани Асад ва ба шохи дарахт овезон шудани ў, бачагонро ба хулоса меорад, ки рафтори беандеша оқибати бад доштааст. Бачаҳо ба Тавакалхўча барои аз канал баромадан ёрӣ дода мефаҳманд, ки агар ба одамҳо некӣ кунӣ гуноҳатро мебахшанд. Тамоми хатти сужети повест, ки аз чунин ҳикояҳои шавқангез иборатанд, ба ҳам бо нақли шавқангезу муассир баён шудааст. Дар заминаи қиссаи “Об аз куҷо меояд” ҳатто филми бадеӣ низ офарида шудааст.

Илова ба ин, повестҳои нависанда низ мисли шеърҳои барои бачагон сурудааш бо адабиёти шифоҳӣ алоқаи зич дорад. ў на танҳо дар назм барои бачаҳо дар оҳанги суруду таронаҳои халқии «Се духтаракон будем» суруди «Давидему давидем»-ро дар бораи обу ниҳол эҷод намудааст. Дар повести «Об аз куҷо меояд?» низ масъалаи обу ниҳол дар маркази диққат аст. Бачагон ба ниҳол об кушоданӣ шуда, сари обро меҷўянд, як қатор ҳодисаҳоро аз сар мегузаронанд ва аз ҳамон суруд ин чанд байтро тараннум карда, сирри об, сирри ҳаётбахши онро донистан мехоҳанд:

Давидему давидем,

Ба ҷўи нав расидем.

Ҷўи нава обаш не,

Ниҳолчая тобаш не…

Пагоҳ аз нав давидем,

Ба ҷўи нав расидем.

Ҷўи нава обаш пур,

Хоҳӣ агар як каф хўр…

Аз кўҳистон меояд,

Ғелон-ғелон меояд…

Ҷўи нава обаш мўл,

Танбалҳоя хобаш мўл [2, с.145].

Ин сурудро Самад ҳангоми оббозӣ бо овози баланд мехонад ва бо мисраи «Танбалҳоя хобаш мўл» Тамбалхўҷаро ба хотири Асад расониданӣ мешавад. Ҳамин тавр, нависанда дар повест аз эҷодиёти шифоҳии мардумӣ тавассути истифодаи суруду чистону афсонаҳо ғизо ва обу ранги бадеӣ зам намуда, ҳусну таровати бадеии асарро афзудааст.

Қисми дуюми повестҳои сегонаи А.Шукуҳӣ бо ном «Асад ва Самад» сол 1973 ба табъ расид. Дар ин китоб низ нависанда чун повести «Об аз куҷо меояд?» воқеаҳоро яке аз дигаре ғалатитар тасвир менамояд. Дар ин повестҳо рафтори образҳои марказӣ, ширинкориҳои Асаду Самад ва Тавакалхўҷаю Бурҳони Биҳӣ хонандагонро ба шавқ меоварад. Дар повести дуюм ҳам ҳамон услуби баёни повести аввал давом мекунад, ки ба талаботи насри бадеӣ барои хурдтаракон мувофиқат мекунад: забонаш сода, нафису ширадор, саршори лутфу аскияҳои дилнишин аст ва бисёр ибораҳои мўҷази забони зиндаи гуфтугўиро дар бар кардааст [4, с.283].

Дар ин повест низ ифодаи ҳикмати зиндагӣ бурро ва таъсирноктар ба назар мерасад. Хонанда ба саволи барои инсон, чӣ чиз аз ҳама муҳим аст, ҷавоби саҳеҳ мегирад. Дар воқеъ, мақол, зарбулмасал ва мавизаҳои пандомези халқӣ ғояи тарбиявию ахлоқии асарро пурқувват намуда, тарбияи завқи бадеии хонандагоро дучанд афзудааст. Повестҳои «Об аз куҷо меояд?» ва «Асад ва Самад» ҳам аз ҷиҳати устухонбандӣ, сабки баён, офаридани образҳои марказию образҳои ёридиҳанда ва забон бештар хусусияти повести реалистии бачагонаро равшан зоҳир намудаанд. Бо вуҷуди ин, дар китоби дуюм баъзе хусусиятҳои китоби аввал такрор шудааст, мисли давом кардани содагии кўдаконаи Асад ва Самад. Ҳатто онҳо дар давраи макабхонӣ ҳам ҳамон кўдакони содаанд. Ба ин мисолҳо аз боби охири асар таваҷҷўҳ кунед:

«- Ман муаллими шумо, - ҷавоб дод Сафаралиева, - ман чор сол ба шумо дарс медиҳам. Дар ин мактаб бошад, шумо даҳсол мехонед.

Гапи ўро шунида, Самад бо овози баланд гуфт:

-Даҳ сол чӣ хел хўрок нахўрда мешинем?..» [4, с.110].

Ё ин ки муаллим дар вақти дарс ба як бача иҷозат медиҳад, ки берун барояд.

«Асаду Самад ҳам пичир-пиҷир карданду баробар даст бардоштанд.

- Худаш чӣ гап? – норозиёна пурсид муаллима.

-Як ба берун бароем.

-Барои чӣ?

-Намедонам, дарҳол ҷавоб дод Самад.

- Ҳама баромада истодаанд- ку, сухани Самадро шарҳ дод Асад» [4, с.110].

Ҳамингуна содафеълии кўдакона дар фаъолияти образҳои асосии аввалин повести А.Шукуҳӣ «Об аз куҷо меояд?» хеле фаровон ба мушоҳида мерасанд. Чунончи:

«-Даҳони ниҳол дар куҷояш? – пурсид Асад.

-Даҳони ниҳол дар пояш ҷавоб дод Самад.

- Аз ин бармеояд, ки даҳони ту ҳам дар поят будааст, бо тамасхур гуфт Асад.

- Хайр даҳони ниҳол дар куҷо?

-Даҳон ҳама вақт дар сар мешавад. Даҳони одам, гурба, саг, мурғ дар куҷо? Дар сарашон. Ҳамаи онҳо сарашонро хам карда об мехўранд» [4, с.255].

Ё ин ки:

«- Даҳонашро ёфтӣ? –пурсид Асад ниҳолро ба вазни худ дошта истода.

- Даҳонаш нест-ку…фақат шоху барг.

Дар ҳамин вақт модари Асад давида омада, фарёд кард:

- Ин чӣ ҳунари нав-а? ... Акнун ниҳолшиканӣ баромад-чӣ?

-Мо ниҳола шикастанӣ не, об доданӣ, - узрхоҳона шарҳ дод Самад.

-Барои ин хам кардан чӣ даркор?

-Даҳлони ниҳолро ба об наздик карданӣ будем, - илова кард Асад» [4, с.255].

Дар қисми сеюми повестҳои ин силсила «Боғи шакарханд» унвон дошта, ба тасвири ҳаёти нави бачаҳо бахшида шудааст. Мулоҳизаҳои Асаду Самад дар аввал он қадар рушан нестанд, вале тадриҷан аз таҷрибаи зиндағӣ меомўзанд, аз калонсолон сабақ мегиранд, ба ин васила мавқеи худро дар шоҳроҳи зиндагӣ муайян менамоянд. Мушоҳидаҳои нахустин Асаду Самадро оҳиста-оҳиста ба маҷрои ҳаёт мебарад, андак-андак ба дарки ашё, ҳодисаҳои табиат, паррандагон, растаниҳо, фаслҳои сол ва робитаи байни инсону табиат сарфаҳм мераванд, аввалин қадамҳои мустақилонаи худро дар роҳи худшиносӣ устувор мегузоранд. Повестҳои сегонаи А.Шукуҳӣ имрўз ҳам аҳамияти тарбиявии худро нигоҳ дошта, ҳамчун ғизои маънавӣ барои дар рўҳи идеалҳои созандаи ҷамъияти навин - Тоҷикистони соҳибистиқлол тарбия намудани насли наврас чун беҳтарин намунаи насри бадеӣ-ахлоқии реалистӣ арзиши бузург дорад. Ҳамин тавр, осори мансуру манзуми шоири шаҳири бачагон Аминҷон Шукуҳӣ дирӯз, имрӯз ва дар оянда низ дар дили хонандагони хурдсолу наврасон мавқеи хосаро дошта абадан шавқовару мароқангез хоҳад монд.

 

АДАБИЁТ

  1. Амонов Р.Адабиёти бачагона.Дар китоби “Таърихи адабиёти советии тоҷик”, ҷилди6./ Р.Амонов -Душанбе:Дониш, 1961.-429с.
  2. Горкий М.Одетской литературе и детском чтении. / М.Горкий -Москва:детгиз,1958.-432с.
  3. Аминҷон Шукуҳӣ Об аз куҷо меояд? / Шукуҳӣ Аминҷон -Душанбе:Ирфон,1960.-120с.
  4. Тазкираи адабиёти бачагона.Ҷилди I.Назм.-Душанбе:Маориф,1980.-336с.

 

Саидов С., Норова Г.Р.- устодони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj