• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ЗАН – МОДАР  ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ ОЯНДА

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Тӯли солҳои зиёд ба таври  анъана Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман ба мардуми шарифи кишвар ироа мегардад. Барои дарки аҳаммият ва моҳияти Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба ин нуктаи асосӣ  таваҷҷуҳ намуд, ки  Паёми Роҳбари давлат, пеш аз ҳама дорои моҳияти маълумотию ҳисоботӣ буда, тавассути он дар бораи вазъияти ҷории кишвар ва ҷараёни фаъолият дар марҳилаи муайян, инчунин, бурду бохти давлат ва роҳбари давлат  назди ҷомеа ахбор ба миён гузошта мешавад.  Барилова, Паём ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, дар он нақшаву супоришҳо барои оянда ва беҳтар гардидани фаъолият матраҳ мешаванд.

 

Масъалаи марбут ба ба занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа дар баробари масъалаҳои дигаре, ки таваҷҷуҳи Сарвари кишварро ҷалб менамоянд ва муҳокимаву таҳлили онҳоро муҳим мешуморанд, , ҳамеша дар ҳар Паём аз ҷумлаи масоили меҳварӣ маҳсуб меёбад.Зикри ин нукта муҳим аст, ки аз замони ба ҳайси сарвари давлат пазируфта шудани Пешвои миллат зан ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа равнақи бештар пайдо кард, ки сабабҳои худро дошт. Яке аз омилҳои муҳим ин таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ ба занон ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо мебошад, ки мо инро дар тамоми вохӯриҳо ва суханрониҳои Сарвари давлт мушоҳида карда метавонем ва ин ҳама аз ғамхорӣ ва пуштибонии ӯ шаҳодат медиҳанд.

 

Пешвои миллат умуман дар сиёсати хеш зан ва ҷойгоҳи ӯро дар радифи масъалаҳои муҳим мегузоранд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва такроран даҳ соли дигар, яъне барои солҳои 2021-2030 тамдид кардани он худ бурҳони қотеъ мебошад, ки Пешвои миллат ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.

Воқеан Президенти кишвар ин нуктаро дар сиёсати хеш нуктаи меҳварӣ ҳисоб кардаанд: дар ҳар кишваре, ки занро эҳтиром намекунанд ва барои ӯ ҷойгоҳи волое қоил нестанд, он миллату кишварро наметавон соҳибтамаддун шуморид.

Таваҷҷуҳ ба имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии занон дар солҳои охир ба ҳадде афзун гардид, ки дар соли 2022 шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону бонувон 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, шумораи бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39 фоиз, алоқа 25 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошад. Таҳлилу баррасии омори мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва талаботи ҷомеаи демокративу муосир нақши занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло бардошта шудааст. Агар мо ин оморро натанҳо ба замони шӯравии собиқ, балки ба даҳ-понздаҳ соли аввали давраи соҳибистиқлолӣ муқоиса намоем, ба хубӣ маълум мегардад, ки то кадом андоза имрӯз мавқеи занон рушду тавсеа ёфтааст.

Ғамхорӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон бо роҳу шеваҳои мухталиф сурат гирифта, дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин масъала беш аз пеш тавсеа пайдо кардааст. Маслан, масъалаи ҷудо намудани қарз, ки  яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад, рушд карда, дар соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ин омор нисбат ба соли 2018 2,4 маротиба зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани беҳтар шудани ҳаёту фаъолияти занону бонувон мебошад.

Агар дар замонҳои гузашта занон фақат хонанишин буда, ҳамчун хидматгузор ба кору бори рӯзгор машғул мегардиданд, дар оғози садаи ХХ ва махсусан дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  кор ранги дигар гирифт ва занон мисли мардон дар тамоми бахшҳои ҷомеа ширкати фаъол доранд. Дар солҳои охир ширкати занон дар умури идорӣ ва соҳаҳои дигар равнақи тоза ёфта, имрӯз қувваи асосии соҳаи маориф бонувон мебошанд, ки мо зикри ин нуқтаро дар Паёми Пешвои миллат дучор меоем: «Дар соҳаи маориф 73 фоиз бонувону занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик, пурмаҳсул заҳмат мекашанд». Бояд қайд намуд, дар ягон таълимоти исломӣ зикр нагардидааст, ки занон нисбат ба мардон ҳуқуқи пастро соҳибанд ва ҳақ надоранд, ки ҳамқадами ҷомеа бошанд. Баръакс ягон дини дигар мисли ислом барои занҳо ҳуқуқи бештарро қоил нест. Бо дарназардошти мақом ва ҷойгоҳи зан дар дини мубини ислом ва аз нигоҳи дорои мавқеи вежа будани зан – модар дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, маҳз дар ин хусус дар Паём чунин таъкид карданд: «Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд…».

Вақте мо вобаста ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба мақому манзалати занон дар ҷомеа мароқ зоҳир менамоем, бевосита дар зеҳнамон саволе пайдо мешавад, ки чаро ба ин масъала пайваста дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи ӯ қарор дорад? Ба андешаи мо омили асосии мароқ зоҳир кардан ба масъалаи мазкур аз он маншаъ мегирад, ки зан калиди рушди устувор ва сифати зиндагӣ дар оила мебошад. Масъулиятҳои гуногуне, ки зан дар оила бар дӯш мегирад, аз он иборатанд, ки ӯ ҳамсар, роҳбар, муҳандис, табиб ва аз ҳама муҳим модар мебошад.

Зан мададгор, шарик ва рафиқи ҳамсари худ аст, вай лаззат ва орзуҳои шахсии худро барои хушбахтии оила ва рушду бомаърифат гардидани ҷомеа қурбон мекунад, меъёрҳои ахлоқиро муқаррар месозад ва сулҳу оромиро дар хона нигоҳ медорад. Тамоми бори гарон ва бештари кори тарбияи фарзанд дар оила ба дӯши зан аст. Фарзанд маҳз аз модар қонунҳои нажод ва ахлоқи одамиро меомӯзад. Модар ба шарофати робитаи зич ва пайвастаи худ бо фарзанд метавонад хислатҳои хоси кӯдак, қобилият ва муносибатҳои ӯро, ки баъдтар дар ташаккули шахсияти ӯ нақши асосиро мебозад, кашф ва тарбият намояд.

Хулоса, сабаби асосии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи занон ва боло бурдани мавқеи онҳо дар ҷомеа сарчашма аз он мегирад, ки занон дар тарбияву ташаккули аҳли хонавода ва умуман ҷамъият саҳми босазо доранд. Имрӯз собит шудааст, ки занон баробари мардон дар тамоми соҳаҳо имконият ва неруи фаъол дошта, тавони зеҳниву ҷисмонӣ доранд, ки бори вазнину масъулиятро бар дӯш бигиранд. Ҷомеаи муосир, ки дар асоси меъёрҳои демократӣ ва баробарҳуқуқии занону мардон шакл гирифтааст, талаб менамояд, ки занон низ баробари мардон бояд аз мақоми воло бархӯрдор бошанд ва аз тамоми ҳуқуқҳои худ баҳравард гарданд. Дар ҳар кишваре, ки зан аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ маҳрум аст, бо ҳеҷ ваҷҳ наметавон он ҷомеаро соҳибтамаддун ва пешрафта эътироф намуд, зеро занону бонувон ва боло бурдани манзалати эшон, асоси густариш ва тараққии ҷомеа мебошад.

Мусомирова Зуҳро Абдураҳимовна, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj