менюхо |
There are no translations available. Таърихи донишгоҳ (мухтасар) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз поягузорони асосии илму маърифат ва фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тайёр намудани мутахассисони илмию омӯзгорӣ саҳми бузург гузоштааст. Соли 2011 ин кохи маърифати ҷумҳурӣ ҳаштодсола шуд. Нахустин мактаби олии Тоҷикистон бо номи Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС 18-уми июли соли 1931 дар заминаи шуъбаҳои таъриху иқтисодиёт ва адабиёту забоншиносии факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Тибқи қарори мазкур аз ҳайати ин донишгоҳ 195 нафар донишҷӯён ва 29 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 4 профессор, 8 дотсент ва 16 ассистент ба донишкадаи навтаъсис гузаронида шуданд. Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик фаъолияти худро дар шаҳри Тошканд оғоз намуд. 6-уми ноябри соли 1931 бо қарори мушовараи Комиссариати халқии маориф Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик ба Комбинати таълимии агропедагогӣ табдил ёфт, ки он донишкадаи педагогӣ, омӯзишгоҳи педагогии Тошканд ва курсҳои кӯтоҳмуддати тайёркунии ташкилотчиён ва методистони дараҷаи ноҳиявии маорифи халқро дар ихтиёр дошт. Тибқи ин дигаргунсозӣ донишкада на танҳо ба тайёр намудани омӯзгорони мактаб машғул мешуд, инчунин ба ҳайси маркази баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорони муассисаҳои махсуси миёнаи касбӣ низ амал мекард… Барои маълумоти зарурӣ Муфассалро пахш кунед Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Суроға: 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it |