• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ОМИЛҲОИ ГАРАВИШИ НАВРАСОН БА ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф пешгирии гаравиши наврасон ба ҳаракатҳои гуногуни ғайгиқонунӣ ба ҳисоб меравад. Барои муайян намудани омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ ва педагогии ин падидаи номатлуб ба мо зарур аст, ки хусусиятҳои синнусолии гурӯҳи наврасонро дида бароем.

Синни наврасӣ (11-16 солагӣ) – ин давраи гузариш, тағйирёбию фаъолшавии организм, синни пурҷӯшу хурӯш, кунҷкобии ақл, кӯшиши донистани сирру асрори зиндагии калонсолон ва ба онҳо монанд шудан, инчунин дар муносибатҳои ҷамъиятии ҳамсолон “Ман”-и худро муаррифӣ кардан мебошад. Дар ин синну сол тафаккур бештар мустақилу фаъол ва соҳиби хусусияти эҷодӣ мешавад. Онҳо ҳаракат менамоянд, ки ҳарчи тезтар аз калонсолон мустақилиятро ба даст оранд.

Хусусиятҳои синни наврасӣ аз инҳо иборатанд:

- суръати гуногунии инкишофи психикӣ ва ҷисмӣ;

- пайдо шудани ҳисси калонсолӣ (бештар дар шавқу ҳавас, камолоти ақлӣ, дараҷаи мустақилӣ ва ғайра ба мушоҳида мерасанд);

- номутаносибии ботинӣ ва тағйироти ҷузъӣ дар психика, ки наврас метавонад дар баъзе муносибатҳо ҳамчун калонсол, дар баъзеи дигарашон ҳамчун кӯдак баромад кунад;

- балоғати иҷтимоӣ ва ҷисмӣ якзайл сурат намегирад (ҷисми наврас хеле тез инкишоф меёбад ва ҳаҷми дил калон мешавад ва ғ), аммо, тараққиёти зеҳнӣ нисбатан сустар.

Хусусияти фарқкунандаи ин давра дар он аст, ки наврасон ҳоло на шахси баркамоланду на хурдсол (ноболиғ). Онҳо дар зинаи гузариш (аз синни кӯдакӣ ба колонсолӣ) буда, тағйироти куллии анатомию физиологӣ, психологӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, душвории давраи наврасӣ пеш аз ҳама дар тағирёбии имконияти маънавию иҷтимоӣ ва шакли нави муоширати онҳо бо ҳамсолон ва калонсолон низ зоҳир мегардад. Дар зери таъсири инкишофи суръатноки организм ва омилҳои дигар тадриҷан рафтори кӯдакон ба рафтори калонсол монанд мешавад. Вале, ҷараёни ин давраи гузариш аз хусусиятҳои фардии шахс низ вобастагӣ дорад.

Ба омилҳои иҷтимоии рушди руҳӣ, гузариш ба синни миёнаи мактабӣ ва вобаста ба он тағйир ёфтани фаъолияти таълимӣ, муоширати мактаббачаҳо бо омӯзгорон, ворид шудан ба созмонҳои талабагӣ, ки дар мустақилият ва саҳмгирии амалии наврасон таъсири калон мерасонанд, дохил мешавад. Дар мавқеи оилавии кӯдак низ тағйироти намоён ба амал меояд. Вобаста ба имкониятҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ падару модар ва дигар калонсолон ба ӯ бештар бовар карда, иҷрои корҳои нисбатан душвортари оилавиро месупоранд, дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои оилавӣ онҳоро хамроҳ мекунанд.

Дар чунин шароит барои падару модарон зарур аст, ки муносибатро нисбат ба наврасон ба тарафи мусбӣ тағйир дода, бо назардошти вазъияти баамаломада рафтор намоянд. Муносибат ҳар чӣ бештар дар шакли ҳамкорӣ, яъне. “Биё якҷоя иҷро мекунем!” ба роҳ монда шавад, дар раванди иҷтимоишавии наврасон монеаҳо камтар мешаванд. Он усулеро мебоист истифода бурд, ки наврасон маҷбуран не, балки бо хоҳиши худ дар ин ё он машғулияти муфид иштирок намоянд.

Ҳамин тариқ, масъалаи синни наврасӣ ва хусусиятҳои психологии онро мавриди баррасӣ қарор дода, чунин мулоҳизаро баён кардан мумкин аст, ки ин давра ҳамчун давраи гузариш ниҳоят нозук ва мушкил буда, дарки хусусиятҳои он аз тарафи ҳамаи калонсолон муҳим мебошад. Дар бештари ҳолатҳо чунин ба мушоҳида мерасад, ки калонсолон, хусусан як қисми падару модарон нисбат ба кӯдакон ғамхорӣ зоҳир намекунанд. Намепурсанд, ки фарзандонашонро кадом муаммоҳо ташвиш медиҳанд. Баръакс, аксарият калонсолон мехоҳанд, ки наврасонро ба манфиати худ, бештар дар ҳалли мушкилоти гуногуни шахсию оилавӣ истифода баранд. Шахсияти онҳоро эҳтиром накарда, барои хатои ночиз ҷазо медиҳанд, ки ин боиси рӯҳан дур шудани наврасон аз калонсолон мегардад.

Омӯзиши ҳолати имрӯзаи муносибати байни падару модар ва фарзандони онҳо, инчунин дуршавии баъзе ноболиғон аз оила маълум гардид, ки онҳо бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ, носолимии шароити иҷтимоию психологии оила аз хонаҳояшон фиррор кардан, оворагард шудаанд ва ҳатто ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ шудаандро ихтиёр кардаанд. Номуътадил сурат гирифтани муносибатҳо дар байни наврасону падару модарон ва хешовандони наздики онҳо, шароити номуътадили иҷтимоӣ-психологӣ ва косташавии таъсиррасониҳои мақсадники педагогӣ омили асоситарини дуршавии наврасон аз ҳаёти ҷомеа ва ба каҷрафторӣ майл кардани онҳо шуда метавонанд.

Солҳои зиёд олимону мутахасссисони соҳаҳои гуногун (педагогҳо, психологҳо, ҳуқуқшиносон, криминологҳо ва ғ.), кӯшиш мекунанд, ки омилҳои гаравиши наврасонро ҷиддитар омӯзанд ва барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон усули нави корро истифода намоянд. Маълум гардидаанд, ки рафторҳои зиддиҳуқуқии ноболиғон бо як давраи муайян маҳдуд набуда, балки дар бештари ҳолатҳо зуҳуроти шадиди он ба синни наврасӣ рост меояд. Наврасоне, ки ахлоқан вайрон шудаанд ё дар роҳи вайроншавӣ мебошанд, дар раванди тарбия ба мураббӣ, муаллим, падару модар, бобою бибиҳо ва дигар шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, муқобилият нишон медиҳанд, ки дар натиҷа метавонанд ҳар ду тараф; ҳам наврасон ва ҳам калонсолон нороҳат шуда, дар муносибат бо ҳамдигар душвориро эҳсос намоянд.

Таҳлили пажӯҳишгарон собит сохтааст, ки баъзе падару модар бо масъулияти баланд ва вазифашиносии шоиста ҳар чӣ бештар дар тарбияи наврасон ҷаҳду талош ба харҷ медиҳанд. Вале дар ин ҷода, канорагирии бархе аз падару модарон дар бобати тарбият бараъло эҳсос мегардад. Одатан, чунин баҳона пеш меоранд, ки гӯё барои тарбияи фарзанд вақт намеёфта бошанд.

Албата, вазифаи тарбияи фарзандонро ба дӯши шахси бегона гузоштан ва бо умед ба он нигаристан аз нотавонӣ ва оҷизии волидон дарак медиҳад. Дар ин маврид ба ёд овардани суханони педагоги шинохта В.А. Сухомлинский равост, ки фармудааст: «Агар мо барои тарбияи фарзанд вақт наёбем, пас барои инсон шудан ҳам вақт надорем».

Аз гуфтаҳои боло қайд кардан мумкин аст, ки парвариши фарзандонро ба дигар кас ҳавола намудан нишонаи дарк накардани масъулият дар тарбияи фарзандон ва ояндаи онҳо буда, натиҷае ба бор меорад, ки як умр онро ислоҳ кардан ғайриимкон мегардад. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст ва онҳо метавонанд раҳму шафқатро дар қалбашон ҷой дода, фикри ояндаи фарзандонро кунанд ва дасти муҳаббату садоқати худро ба сари онҳо гузоранд.

Дар раванди кор бо наврасоне, ки аз назари педагогӣ дур мондаанд, ахлоқан вайроншуда эътироф шудаанд, ҳуқуқвайронкунӣ содир кардаанд, истифодаи усули суҳбат хеле ҷолиб буд, ки гуфтаҳои баъзеи онҳоро дар ин ҷо овардан ҷолиби диққат аст. Дар ин “Қиссаҳо аз саргузашти наврасон” сабабҳои рафтори ношоистаи онҳо равшан инъикос меёбад. Қиссаҳо дар чунин шакл оварда шудаанд, ки аз рӯйи махфияти маълумот дар он ному насаби наврасон гуфта намешаванд. Танҳо навраси “А” ё “Б”, ва синну соли мушаххаси ӯ оварда шудаанд, ки ба мақсад мувофиқ аст.

Навраси «А», 12 сола.- «Мо дар хона се фарзанд. Падарам аз модарам ҷудо шуд. Падарам ба модарам нигоҳ намекард (ба хона ҳеҷ чиз намеовард) ва ба ман мегуфт, ки ман бо падарам зиндагӣ кунам. Ман аввал бо падарам зиндагӣ мекардам, додарам бо модарам дар хонаи бибиям буданд. Ман модарамро ёд карда пулҳои падарамро дуздида ба назди модарам мерафтам ва ба модарам пул медодам, мегуфтам, ки падарам худаш дод. Ҳоло ман дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ мехонам. Маро модарам ба инҷо оварда додарҳоямро ба хонаи бибиям монда, худаш ба хориҷа барои пулкоркунӣ рафт. Ман аз он пушаймон ҳастам, ки аз хона дуздӣ кардам. Агар падару модари ман ҷудо намешуданд, ман ин корро намекардам. Ман мехоҳам дар назди модарам ва падарам бошам, бо додарҳоям якҷоя колон шуда ба онҳо ёрӣ диҳам».

Навраси «Б», 14 сола.– «Ман дар хона дуздӣ карда, бобоямро азоб медодам. Чизҳои хонаро дуздида ба одамони бегона мефурӯхтам, пулҳоро беҳуда сарф мекардам. Ба бозии компютер мерафтам. Маро бобоям ба мактаби махсус оварда супорид, ки «одам» шавам, дигар дуздӣ накунам. Агар бобоям зинда мебуд, ба ӯ мегуфтам: «Бобоҷони азизам! Ман хатои худро фаҳмидам ва пушаймон шудам, ки Шуморо азоб додам». Афсӯс, ки ин номумкин аст, бобоям дар ин дунё нест. Чӣ кор кунам? Худам ҳам пушаймон, корҳои кардагӣ ба ёдам биёяд, ба худ нафрат мекунам, рафторҳои кардагиам маро азоб медиҳанду, худамро бахшида наметавонам».

Навраси «Б», 14 сола.– «Ман бо ҳамроҳии падару модарам ва додарам дар хона хуб зиндагӣ мекардем. Як рӯз модарам бо падарам ҷанг карда, охир аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Ман бо падарам мондам ва додарам бо модарам рафт. Баъд аз чанд моҳ падарам маро дар хонаи бобоям партофта, ба Россия барои кор рафт. Модарам шавҳари дигар кард. Барои ҳамин додарам аз назди модарам гурехта ба назди ман омад ва ман аз ин хеле ғамгин шудам. Дар хонаи бобоям моро ҳама мегуфтанд, ки «ду нонхӯри тайёр моро безор карданд, инҳо кай нобуд мешаванд, ки мо халос шавем», моро кор мефармуданд, агар корашонро накунем, мезаданд, барои ба мактаб рафтан ва хондан иҷозат намедоданд. Мегуфтанд, ки «барои зиндагӣ кардан кор кардан лозим!». Бо додарам аз хона гурехта шаш моҳ дар бозор зери мошинҳо (камазҳо) хоб рафтем. Аз хешу табор ягон кас моро суроғ накарданд. Ҳозир шукр мекунам, ки моро кормандони милитсия ба ин мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ оварданд. Аммо нафаҳмидам, ки чаро ин хел шуд? Мо чӣ гуноҳ дорем, ки аз падару модар ҷудо шуда, инхел рӯзҳои сахтро дидем? Ба падару модарам мегуфтам, ки кӯдакони бегуноҳро азоб надиҳанд».

Навраси «А», 14 сола.- «Ман модарамро фиреб дода, ҳар рӯз барои мактаб гӯён аз номи муаллима ё директор гапҳоро бофта (барои таъмири синфхона ё дарси иловагӣ гӯён) аз ӯ пул мегирифтам. Шабҳо фикр мекардам, ки бо кадом баҳона модарамро фиреб диҳаму пул гирам. Дар асл ман ба мактаб пул намедодам ва мегуфтам, ки ман падар надорам, модарам касал, маро ҷавоб диҳед, ман ба корҳои модарам ёрӣ мерасонам. Бо ин гапҳои бофтаам муаллимаро бовар кунонида аз мактаб мегурехтам ва ба компютербозӣ мерафтам. Ба бозии компютерӣ одат карда, ҳар рӯз нисбатан зиёдтар бозӣ мекардам. Оқибат қарздор шуда, ҳамаи пулҳои ҷамъкардаи модарамро дуздидаму аз хона гурехтам. Дар хонаи мӯйсафеде зора карда, хоб мерафтам ва ба ӯ мегуфтам, ки падару модарам вафот кардагӣ, ман ятим ҳастам, илтимос маро бо худ гиред. Чанд рӯз нагузашта маро кормандони милиса ба милисахона оварданд ва ҳама фиребам ошкор шуд. Модарам маро аз дасти милисаҳо гирифта, ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ оварда супорид. Ҳоло ман дар ин мактаб ислоҳ шудам, бачаи нағз мешавам. Шабу рӯз фикр мекунам, ки оё модарам маро мебахшида бошад? Ба модарҷонам гуфтаниам: «Модарҷон маро бубахшед, ман сахт пушаймон шудаам, Шуморо ёд кардам». Модарҷон ман дигар Шуморо ғам намедиҳам».

Навраси «Б», 14 сола.– «Падарам зани дигар гирифт, модарам аз қаҳраш аз падарам ҷудо шуд. Модарам хост, ки шавҳар кунад, ман зид баромадам. Гуфтам, ки ин корро накунед. Модарам гуфт, ки рафта падаратонро биёретон, ман шавҳари дигар намекунам. Ман бо додарам ба назди падарам рафта, гапҳои мадарамро расондем, хоҳиш кардем, ки ба хона биёяд. Падарам гуфт, ки ман рафта наметавонам. Шумо равед, гуфта моро аз ҷойи кораш берун баровард. Модарам барои ҳамин як мардаки бегонаро ёфта бо вай муносибат дошт. Ман бар қасди ҳамин муносибатҳо чизҳо (тиловорӣ, ашёи хона ва ғайра)-и модарамро дуздида, мефурӯхтам ва бо вай мардак ҷанг карда, ӯро аз хона пеш мекардам. Охир барои ҳамин маро модарам аз хона ронд. Ман дуздию ғоратгарӣ карда ба милитсия афтидам. Кормандони милитсия маро ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ оварданд. Ман зиқ мешавам, падару модарам ва додарамро ёд кардаам».

Дар натиҷаи ҳамин гуна суҳбатҳо бо тарбиягирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ошкор шуд, ки қисми зиёди онҳо аз меҳру муҳаббати падару модарон маҳруманд. Аксар падару модари онҳо бо сабабҳои гуногун (муҳоҷирати меҳнатӣ, шароити номуътадили иҷтимоӣию иқтисодӣ, вайрон шудани оила ва ғайра) тарбия ва нигоҳубини фарзандони худро ба муассисаҳои тарбиявии давлатӣ ҳавола кардаанд.

Баъзе наврасон қайд мекарданд “... агар онҳо (волидонро дар назар доштаанд) моро партофта бошанд ҳам, мо намехоҳем, ки дар бораи онҳо фикри бад кунем ва чизеро дониста бошам”. Аз гуфтаҳои баъзе кӯдакон бар меояд, ки имрӯз дар ҷомеа на ҳамавақт нисбат ба кӯдакон одилона муносибат карда мешавад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи омӯзиши омилҳои бадахлоқӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва гаравиши наврасон ба ҳаракатҳои ҷиноятпеша чунин мулоҳизаҳоро баён кардан мумкин аст:

- дар тарбияи наврасон, дар навбати аввал оила ва баъдан муҳити берун аз он (кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятие, ки муҳити ғайриахлоқӣ бартарӣ доранд) таъсири зиёдтар расонида, барои бадахлоқии онҳо мусоидат менамояд;

- робитаи баъзе оилаҳо бо мактаб зич набуда, омӯзгорон ва падару модарон якдигарро дар тарбияи кӯдакон масъул меҳисобанд. Беаҳамиятии баъзе падару модар ва муаллимон дар тарбияи наврасон;

- ҷудо шудани падару модари фарзандон барои тарбияи онҳо таъсири ҷиддии манфӣ расонида метавонад, сабабгори бадахлоқии онҳо мегарданд.

- дар оилаҳои аксарият наврасони ҳуқуқвайронкарда фазои иҷтимоию психологӣ муътадил набуда, сарзаниш ва хашму ғазаб (агрессияи вербалӣ) бартарӣ дорад.

- шиддатнокии эмотсионалӣ ва ҳолати эмотсионалии нисбатан сустифодаёфта дар наврасон мушоҳида карда мешавад.

Маълум мегардад, ки барои ҳар як рафтори мустақилонаи худ наврасон аз тарафи ҷомеа баҳои сазовор гирифта наметавонад, ки дар натиҷа, барои оддитарин рафторҳои номаъқул, хусусан, бо сабаби аз таҳсил саркашӣ кардан, ба падару модар итоат накардан, оворагардӣ, дарбадарӣ ва ғайра кӯдак ҳамчун ҷинояткор шинохта шуда, зери таҳқиру маломати ҳамагон қарор мегирад. Яъне, атрофиён онҳоро таҳқир карда, бо онҳо муносибати дӯстонаро то як андоза сард ё умуман қатъ мекунанд. Бешубҳа, ҳамаи ин муносибату хулосабарориҳои носозгор боиси боз ҳам мушкил гардидани ҳолати кӯдакон дар давраи наврасӣ шуда метавонанд.

Аз рӯйи гуфтаҳои баъзе наврасон маълум шуд, ки дар содир кардани амалҳои ношоиста ва бадахлоқона омилҳои гуногун таъсир кардаанд.

Дар ҳақиқат мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари наврасони «тарбияашон душвор» хеле фаъоланд, вале фаъолии онҳо характери манфӣ дорад – онро ҳамчун амали бар зидди кӯшиши мураббиён, омӯзгорон ва ҷамъият маънидод кардан мумкин аст. Дар чунин наврасон низоми баҳодиҳӣ ба рафтори худ то дараҷаи зарурӣ инкишоф наёфта, рафтору кирдори онҳо аксар вақт бе мақсаду маром ё ин ки иштибоҳан ба амал меоянд.

Қобили қайд аст, ки ба чунин наврасон нафаҳмидани меъёрҳои ҳуқуқ, муносибати манфӣ ба қонун, набудани майлу хоҳиш нисбат ба иҷрои ин қонунҳо характернок аст. Шахсияти ноболиғон-вайронкунандагони қонунро аз назар гузаронида истода, холати психикии онҳоро низ ба назар гирифтан зарур аст.

Ҳамин тариқ, таҳлили ёфтаҳо нишон дод, ки муҳити носолим дар оила, суст будани корҳои тарбиявӣ дар мактаб, алоқаи сусти наврас бо оилаю мактаб, таъсири бади ҷомеа боиси гаравиши наврасон ба ҳаракатҳои гуногуни ғайриқонунӣ шуда метавонад. Барои барқарор кардани муносибати нек бо кӯдакон, ки худро хуб ҳис кунанд, бояд ба онҳо диққат дод ва то ҳадди имкон вақтро бо онҳо гузаронд. Наврасон бештар ба ҳамкорӣ бо калонсолон ниёз доранд. Ба кӯдакон таҷрибаи худро омӯзонда, аз саргузашти даврони кӯдакӣ лаҳзаҳои хуби фаромӯшнашавандаро нақл кардан ва бо ҳамаи онҳо бидуни таъбиз (ҷудосозӣ) рафтор кардан ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро ҳар як наврас орзу мекунад, ки дар қалби шахси наздик ҷой гирад, на дур аз онҳо.

Абдурашитов Н.Ф., номзади илмҳои психологӣ, и.в. мудири кафедраи психологияи умумӣ ва педагогии факультети психологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj