• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

САТҲИ ВОЛОИ ТАҲСИЛ

– КАФОЛАТИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

(Натоиҷ аз таҳқиқи мавридӣ)

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

«Вазъи феълии илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд» [1].

Миллати сарбаланди тоҷик аз замонҳои дури таърих дар низоми мактабу маориф таҷриба андӯхтаву то кунун ин таҷрибаи ниёгонро бо иловаи дастовардҳои замони муосир дар соҳаи фановариҳо идома дода истодааст. Маҳз эҳсоси баланди ҳамин рисолатдорӣ ҳаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси олии кишвар бо ишора ба аҳамияти калидии соҳаи мактабу маориф дар низоми давлатдорӣ чунин иброз доштанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем» [1].

Ҳамчунин дар идомаи ишора ба ҳамин мазмун Пешвои миллат изҳор доштанд: «Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад» [1].

Воқеан ҳам пастравии сифати тадрис дар муассисаҳои зинаҳои мухталифи таҳсилотӣ, дар умум, ба иқтидори зеҳнии мамлакат халал ворид сохта, сатҳи зиндагонии мардумро бархилофи тақозои қарни навин ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар самтҳо мувоҷеҳ мегардонад. Ба ҳамин хотир самти афзалиятнок будани соҳаи маориф бори дигар таъкид гардид: «Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон, яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем» [1].

Сифати таҳсилот, ки таълиму тарбияи муҳассилинро дарбар мегирад, низоми нишондиҳандаҳои дониш, маҳорат ва малака, инчунин меъёрҳои равобити арзишӣ-эмотсионалӣ нисбат ба олам ва ҳамдигар мебошад. Чунин тарзи раҳёфт ба арзёбии фаъолияти муассисаи таҳсилотӣ аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ нигаронида шудааст, ки миёни онҳо нишондиҳандаҳои асосии самаранокии фаъолияти муассисаи таҳсилотӣ бояд қайд карда шаванд:

  • сатҳи таҳсилоти муҳассилин;
  • омодагии онҳо ба идомаи таҳсил;
  • сатҳи тарбияи муҳассилин;
  • сатҳи мутобиқшавии иҷтимоии хатмкунандагон ба ҳаёти ҷомеа;
  • сатҳи иҷрои стандартҳои соҳаи маориф.

Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо бо ҳам алоқаманданд ва ҳамдигарро пурра мекунанд, аммо то имрӯз нишондиҳандаи сифати таҳсили муҳассилин бобати арзёбии самаранокии фаъолияти муассисаи таҳсилотӣ аввалину асосӣ буд ва мемонад [2].

Боз ҳам ба қавли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин фармуданд: «... ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ мебошад» [1].

Маҳз дар партави ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор доштани соҳаи маориф ва дар ҳамин замина бо мақсади тадқиқу муайян сохтани сатҳу сифати таҳсилот ва ҳам дараҷаи азхудкунии дониш аз сӯйи донишҷӯён дар миқёси донишгоҳ санаи 3декабри соли 2022 ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, профессор Ибодуллозода А.И. дар ҷаласаи назоратии Раёсати донишгоҳ деканону мудирони кафедраҳоро муваззаф гардонида буд, то эшон дар заминаи арзёбии масъалаи мазкур роҳҳои боло бурдани онро пайдо ва пешниҳод намоянд. Зеро тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкид доштанд: «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад» [1].

Аз ҳамин лиҳоз, мо муаллифини мақола ба ҳайси мутахассисини соҳа ба таҳқиқу баррасии қазияи мазкур машғул шуда, сайъ кардем, то сатҳу сифати таҳсил ва ҳам дараҷаи азхудкунии донишро дар миқёси факултети психологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли гузашта дар ин самт муайян карда бошем. Азбаски дар соли қаблӣ, аниқтараш аз 05.04.2022 то 12.04.2022 масъалаи мазкур боз ҳам дар доираи факултети болозикр аз тарафи  мо бо фармоиши Вазорати маориф ва илми ҶТ мавриди таҳқиқу арзёбӣ қарор гирифтааст, овардани маълумоти омории пешниҳоднамудаамон аз ҳар ҷиҳат созгор буд.

Бояд гуфт, ки дар навбати аввал таҳқиқу арзёбии сатҳу сифати таҳсил мавриди иҷрои фармоиши Вазорати маориф ва илми ҶТ тибқи нишондиҳандаҳои зерин амалӣ шудааст: 1) роҳҳои муосир ва самарабахши тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти низоми таҳсилоти салоҳиятнок; 2) дида баромадани вазъи технологияи навин; 3) барои ошкор намудани роҳу усулҳои босалоҳияти таълим гузаронидани мусоҳиба бо омӯзгорон; 4) муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯён. Ва ниҳоят, дар пайи таҳқиқи хеш, ки бо истифода аз саволномаҳои ҷудогона барои омӯзгорону донишҷӯён ва ҳамчунин мушоҳидаи бевосита сурат гирифтааст, натиҷаҳои омориро, ҳам роҷеъ ба сифати таҳсилот ва ҳам перомуни сатҳи азхудкунии дониш аз сӯйи донишҷӯён, рӯйи даст оварда будем. Мо таҳқиқи хешро бо фарогирии 16 тан омӯзгор ва 48 нафар донишҷӯён анҷом дода будем, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои сатҳу сифати таҳсилот ва ҳам сатҳи азхудкунии дониш чунин ошкор шуда буданд, чунончӣ нишондиҳанда аз рӯйи сатҳу сифати таҳсилот 68,1 фисадро дар бар гирифта, аз рӯйи сатҳи азхудкунии дониш бошад, ба 68,7 фоиз баробар буд.

Аммо дар соли таҳсили ҷорӣ, яъне 2022-2023 мо ба хотири даст ёфтан ба шаффофияти натоиҷ боз ҳам айни таҳқиқотро бо назардошти натиҷаҳои соли қаблӣ маҳз дар миқёси факултети  психологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо фарогирии 15 тан омӯзгор ва 38 нафар донишҷӯён анҷом додем, ки дар пайи он нишондиҳандаҳои сатҳу сифати таҳсилот 69 дарсад ва сатҳи азхудкунии дониш бошад, 69,3 фоиз ошкор шудаанд.

Тавре аз нишондиҳадаҳои муқоисавӣ бармеояд, сатҳу сифати таҳсилот дар зарфи ҳамагӣ бештар аз ҳашт моҳи сипаригардида дар миқёси факултети психологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ то ҳадди муайян тағйир ёфта, рӯй ба беҳбудӣ ниҳодааст. Яъне, агар дар соли таҳсили 2021-2022 нишондиҳандаи мазкур 68,1 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли таҳсили ҷорӣ ҳамин нишондиҳанда 69 фисадро дар бар гирифтааст. Ин чунин маъно дорад, ки беҳбудии сатҳу сифати таҳсилот 0,9 фоиз ба амал омада, ба сатҳи азхудкунӣ низ бетаъсир намондааст.

Чаро ки, агар нишондиҳандаи омории сатҳи азхудкунии дониш дар соли таҳсили 2021-2022 68,7 дарсадро нишон дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2022-2023 69,3 дарсадро ташкил додааст. Боз ҳам аз муқоисаи бештар аз ҳаштмоҳаи сипаришуда бармеояд, ки беҳбудии сатҳи азхудкунии дониш 0,6 фоиз рух додааст.

Барои бармало назар афкандан ба нишондиҳандаҳои муқоисавӣ дар ин самт кофӣ аст, ки онҳоро миёни ҳам дар шакли ҷадвал ва диаграмма муқоиса карда бошем.

Аз таҳлили муқоисавии сатҳу сифати таҳсилот ва ҳам дараҷаи азхудкунии дониш аз сӯйи донишҷӯён ба кас маълум мегардад, ки болоравии нишондод дар ин самт дар чунин як марҳилаи кӯтоҳи омӯзишӣ то ҳаде ба талабот посухгӯ буда, аммо ин ҳама боиси қаноатмандӣ буда наметавонад. Зеро тавре аз Паёми охирини Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар бармеояд, чунин таъкид карда буданд: «Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад» [1].

Бо назардошти ин арқом, ки Пешвои миллат зикр карданд, роҳбарияти ҳар муассисаи таҳсилотиро мебояд мудом дар андешаи боло бурдани сатҳу сифати таҳсилот шуда, дар ҳамин замина дараҷаи азхудкунии барномаи таълимро аз сӯйи муҳассилин пайваста боло бурда бошанд. Зеро ҷомеа дар он вақт рушд мекунад, ки аҳли он босавод бошанд ва дар ин бора Пешвои миллат чунин фармуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад» [1].

Зимнан, агар ба таълимоти илми мактабдорӣ, яъне педагогика назар афканем, мебинем, ки роҳҳои таъмини самаранокии кори тадрис дар таълимгоҳҳо гуногун буда, татбиқи оқилонаи онҳо имкон медиҳад, ки ин ё он мактабдор ба иҷрои дастуроти судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гардад. Аз ҷумла, роҳҳои дар таҷриба санҷидашудаи даст ёфтан ба аҳдофи мактабдорӣ чунин буда метавонанд:

• назорати қатъӣ бобати таъмини давомоти донишҷӯён дар раванди таҳсил;

• таъмини иҷрои саривақтӣ ва ҳам бо сифати рисолати ба зиммадошта аз сӯйи омӯзгорон, яъне пешгирӣ кардани ҳолатҳои бидуни сабабҳои узрноку ночиз дар макони фаъолият ҳозир нашудани онҳо;

• татбиқи талаботи ягона нисбати муносибати донишҷӯён ба раванди таҳсил аз сӯйи роҳбарияти муассисаи таҳсилотӣ ва ҳам омӯзгорони он;

• огоҳ будани устодон аз хусусиятҳои синнусолии рушди донишҷӯён дар ин давра;

• бедор намудани ҳавасмандӣ (водорёбӣ)-и донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар ҷараёни дарсҳо ва ҳам аз бар кардани донишҳои илмӣ;

• сайқал додани нигоҳи ояндабинонаи донишҷӯён нисбати татбиқи донишҳои илмӣ дар ҳаёт;

• фароҳам сохтани фазои татбиқи шаклҳои фаъоли тадриси донишҳо (гурӯҳӣ, лоиҳавӣ, системавии фаъолият, корҳои лабораторӣ аз рӯи мавзуъҳои улуми гуманитарӣ, мубоҳисавӣ, омӯзиши интерактивӣ ва ҳамгиро...) ба донишҷӯён;

• барқарор кардани иртибот бо волидони донишҷӯён аз сӯйи сарпарастони гурӯҳҳои академӣ.

Бар замми ин, яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи азхудкунии дониш аз тарафи муҳассилин ин, ташкили раванди посухгӯ ба талаботи замон ва созандаи таълим мебошад. Дар ҳоле ки ҷаҳони муосир ба таҳаввулоти илмиву дастовардҳои фановарӣ мувоҷеҳ аст, месазад ки ҳар омӯзгор нисбат ба дарси худ талабҳои баланд гузошта бошад. Аммо агар мо омӯзгорон бархилофи чунин тақозои қарни охир ба дарс ҳамчун як порае аз саҳнаи ҳаёт муносибат намоем, бешак он ба худ муҳтавои соддалавҳона касб карда, ҳолати ба ҳадафрасиро аз он бароямон душвор мегардонад.

Гузашта аз ин, тибқи тақозо нисбати кори тадрис зарур аст, ки дарс ҳамвора аз сӯйи омӯзгор ба гунаи саривақтӣ оғоз карда шуда, ҷараёни он низ, бояд бо риояи дақиқи марҳилаҳои ин раванд роҳандозӣ карда шавад.

Агар дар иртибот ба ҳамагӣ талаботи номбурда ба таҳлили афкори донишҷӯён зимни посухашон ба яке аз суоли пурсишнома, ки тибқи он назари донишҷӯён нисбати дарсҳои омӯзгорон фаҳмида шудааст, назар афканем, раванди дарсҳо чунин арзёбӣ шудааст:

-          дар ҷойи аввал назари иддае аз донишҷӯён нисбати сатҳи пасти дарсҳои устодонашон баён шудааст, чунончи ба ин нуқта аз 20 нафар донишҷӯ 5 нафари онҳо ишора кардаанд;

-          дар мавқеи баъдӣ донишҷӯён боз ҳам ба мавҷудияти иллати корбарии устодон ишора карда, иброз доштаанд, ки хуб мебуд, агар устодон бо онҳо муносибати самимиву холисона дошта бошанд, ки ин нишондиҳанда ба 4 нафар рост меояд;

-          ва дар ниҳоят донишҷӯён (4 нафар) аз камбуди таъминоти моддӣ зимни фароҳамоварии шароити дарсхонӣ дар факултет гиламанд шуда, мушаххасан тақозои мавҷудияти тахтаҳои электрониро дар ҳар як синфхона кардаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ташкилу гузаронидани дарсҳои пурмуҳтаво а) солимгардонии фазои корбарӣ, аниқтараш муоширати хайрхоҳонаи байни омӯзгору донишҷӯ; б) эродгириҳои беғаразонаи омӯзгор нисбати дастпарвари хеш; в) интихоби саҳеҳу мувофиқ ба мақсадҳои таълим анҷом шудани маводи таълимӣ ва ҳам усулҳои пешниҳоди он; г) корбарии ҳадафмандона ва саривақтӣ аз усулу технологияи муосири таълим ногузир ва ҳатмӣ буда, риояи бечунучарои ҳамаи ин ба натиҷаҳои тадрис таъсири мусбат хоҳад дошт.

Дар бастагӣ ба гуфтаҳои боло, агар мавҷудияти бархе аз норасоиҳои кори тадрисро дар миқёси факултет аз нигоҳи омӯзгоронаш таҳлил намоем, он гоҳ ҳолати тасдиқи гуфтаҳои донишҷӯёнро дар ин бобат бармало дучор омадан мумкин аст. Чунончи, шумораи бештари омӯзгорон, аниқтараш аз 15 тан маҷмӯан 9 тани онҳо ишора ба костагии фаъолияти ҳамкасбони хеш кардаанд. Барои мисол, теъдоди алаккай ишорашудаи омӯзгорон ҳини посух ба суоли «Ба андешаи Шумо кадом намуди салоҳият ва салоҳиятнокии касбиро омӯзгор бояд дар худ ташаккул диҳад?», чунин изҳори назар намудаанд:

-          омӯзгор бояд фанни таълимии худро хуб донад;

-          хусусиятҳои синнусолии донишҷӯёнро мавриди эътибор қарор диҳад;

-          дастрасии воқеии донишҷӯёнро ба маводи таълимӣ таъмин карда тавонад;

-          роҳҳои дар амалия татбиқ карда тавонистани донишҳои назариявиро ба донишҷӯён омӯзонида бошад.

Ин ҳама эродгирии пешниҳодомезонаи омӯзгорон нисбати ҳамкасбони хеш гувоҳи он аст, ки ҳолатҳои амалӣ шудани чунин камбудиҳо аз ҷониби омӯзгорон зимни пешбурди фаъолияти тадрисии онҳо ҷой доранд. Бинобар ин, бархе дигари омӯзгорон ба сифати ироаи таклиф бобати беҳтарсозии сатҳу сифати таҳсилот ва ҳам дараҷаи азбаркунии дониш аз сӯйи донишҷӯён пешниҳод намудаанд, ки: а) татбиқи фаъолияти инноватсионӣ ва дар ҳамин замина тадриси дарсҳо бо истифода аз васоити визуалӣ (аёнӣ); б) коркарду татбиқи эҷодкоронаи технологияҳои ҷадиди педагогӣ ва ҳам корбарӣ аз усулҳои фаъолгардонии донишҷӯён; в) соҳиб будан ба салоҳияти касбӣ; г) доштани муоширати хуб бо дастпарварон ва дар ҳамин замина ба амал овардани дифоъ аз шаъну шарафи омӯзгорӣ; д) машғул шудан ба фаъолияти илмии пажуҳишӣ ба воқеияти ҳол бадал карда шаванд.

Дар интиҳои баёни афкор перомуни масъала мо муаллифини ҳамин сатрҳо ба гунаи ақоиди хулосавӣ гуфтанӣ ҳастем, ки кунун замони он расидааст, ки бо қаноатмандӣ аз маблағгузориҳои ҳамасола нисбатан зиёди Ҳукумати мамлакат дар соҳаи мактабу маорифи кишвар афроди роҳбарикунандаро дар ин ё он муассисаҳои сатҳи мухталифи таҳсилотӣ мебояд дар заминаи шароиту имконоти мавҷуда нисбати беҳбуд бахшидани раванди кори таълиму тарбия ғамхориҳои беш аз пеш зоҳир намоянд.

Албатта бо ин мақсад раҳнамоиҳои басо хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар шакли таъкидоти мушаххас нисбат ба соҳаи маориф метавон сармашқи кори худ қарор дода, ҳамзамон бо ин метавон бо назардошти эрод ва ҳам пешниҳодоти ироашуда аз сӯйи омӯзгорону донишҷӯён гомҳои устувор бардошт. Чаро ки таъкидоти зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон баёнгари возеҳи тақозои мазкур мебошад: «Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд» [1].

Манобеи истифодашуда:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 http://www.president.tj/node/29823
  2. Лепп Елена Качество образования в школе. Проблемы и пути решения https://pedsovet.org/article/kachestvo-obrazovaniya-v-shkole-problemy-i-puti-resheniya

 

Ҳамидов У.Т.муаллими калони кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Бобоёров Х.Х.ходими калони илмии шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии ПРМ ба номи А.Ҷомии АТТ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj