• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

ЭЪЛОН

Бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи донишгоҳи мазкур  дар таърихи 21-уми феврали соли 2023 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, забоншиносӣ, назария ва амалияи тарҷума», бахшида ба “Рӯзи байналмилалии забони модарӣ”  ва амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба нақша гирифта шудааст. Ба конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ даъват гардида, мавзӯъҳои зсрин мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор хоҳанд гирифт:

  • Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ;
  • Муаммоҳо дар масъалаи риояи меъёрҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Забон-ҳамчун дастоварди пурарзиши фарҳанги миллӣ;
  • Роҳ ва усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ;
  • Муаммоҳои илми забоншиносии муосир;
  • Тарҷума ва аҳамияти он дар замонимуосир;
  • Аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муоширати байнифарҳангӣ;
  • Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ ва қиёсӣ.

Олимон, муҳаққиқон, магистрҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конференсия хоҳиши ширкатварзидан доранд, метавонанд то 1-уми  феврали соли 2023 мақолаҳои худро дар ҳаҷми 3-4 саҳифа ба суроғаи электронии: iemomov@mail.ru; gulomov8181@mail.ru; ирсол ва як нусхаи чопии онро ба суроғаи: 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ, кафедраи методикаи таълими забони англисӣ (бинои таълимии №2, ошёнаи 3) манзур намоянд. Вобаста ба маърӯзаҳо чунин талабот муқаррар шудааст:

v    ҳошия аз боло ва поёни саҳифа 20 мм, аз чап 30 мм, аз рост 15 мм бошад. Матни маърӯза бояд бо таҳриргари матнии MS Word for Windows, (гарнитураи Times New Roman ё Times New Roman Tj, шрифти 14) бо фосилаи 1,5 чоп карда шуда, дар байни саҳифа ному насаби муаллиф/муаллифон, дараҷаву унвони илмӣ, вазифа, ҷойи кор, индекси почта, суроға, телефон, e-mail навишта шавад;

v  номи мавзӯъ дар мобайни саҳифа бо ҳарфҳои калон (бо ҳарфҳои ғафс, шрифти 14 пт) ва матни пурраи маърӯза ва рӯйхати адабиёт навишта шуда, иқтибосҳо дар қавсҳои квадратӣ бо нишондоди рақами тартибии адабиёт ва саҳифа (масалан, [2, 42]) оварда шаванд.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ҷавобгӯ буда, ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 1–уми феврали соли 2023 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ то рӯзи баргузории конференсия нашр карда мешавад.

Даъватномаҳо то 1-уми феврали соли 2023 ирсол хоҳанд шуд.

Телефонҳо барои тамос:(+992) 918 68 08 21, (+992) 934085038

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj