• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ЗАБОНИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ ХУДШИНОСӢ

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Бас буридандат забону бас шикастандат миён,

Боз гӯё, боз пӯё, боз поё мондаӣ…

Миллати садпораи ман ҳамчу оҳанпораҳо,

Ҷӯш хур бо ҳам, ки андар вартае вомондаӣ…

(Лоиқ)

Аввалин ва муҳимтарин пояи ҳар халқ забони ӯст. Забон василаи ҷовидонагии ҳар миллат  аст. Офарандаи забони миллӣ низ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад ва баъдтар ҳамчун ҳадди ниҳоии тафаккури миллӣ хизмат мекунад. Ба гуфти асосгузори илми забоншиносӣ В. Гумболдт «Миллат,  агар ҷон бошад, забон рӯҳи он аст».

Ягонагии забон ва инкишофи бемайлони он аз ҷумлаи аломатҳои асосии миллат аст. Забони миллӣ метавонад дорои адабиёте бошад, ки ҳисси миллӣ ва шуурнокии миллиро ифода кунад. Ба ибораи дигар, бигӯем, забони миллӣ шакли маданияти миллӣ аст. Ҳар як миллат забони миллии худро дорад. Забони миллии мардуми тоҷик забони тоҷикӣ буда,  асоси ҳувияти миллӣ ва фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар ин баробар лозим ба зикр аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои  қадими дунёст ва  таърихи қадим дорад. Бо ин забон осори оламшумули адабиёти классикии форсу тоҷик, асарҳои гаронбаҳои илмиву таърихӣ иншо гардидаанд, ки дар тамаддуни башарӣ мақоми хосае доранд. Забони тоҷикӣ дар иҳотаи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ, омили  муттаҳидгари халқ будани он, ба зуҳури сулолаи Сомониён -  ташаккули давлати миллии тоҷикон,  заминаи мусоид фароҳам оварда буд.

Мусаллам аст, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва фараҳмандии ҳар яки мост ва рушди бемайлони кунунии онро, бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузург ва меваҳои ширини замони истиқлолият арзёбӣ кард.

Забон чун мавҷудияти зинда яке аз рукнҳои  давлат ва давлатдории миллист ва онро беҳуда ҳам пояи миллат нахондаанд. Вале ин поя ва рукни муҳими давлату миллат ҳамеша ниёз ба нигоҳубини пайваста ва ғамхории дилсӯзона дорад. Аз як тараф,  агар ин ғамхорӣ дар сатҳи умумимиллӣ ва аз ҷониби сохтору ниҳодҳои давлатӣ пайваста сурат гирад, аз тарафи дигар таҳкиму устувории ин рукн ҳисси баланди масъулият ва муҳаббату муносибати дилсӯзонаи ҳар як шаҳрванди кишварро бахусус соҳибони ин забонро дар ҳамаи зинаю қишрҳои иҷимоӣ ва ҳаёти рӯзмарра тақозо мекунад.

Сухан, забон, нутқ, гуфтор, калом, қавл ва ҳарф муродифу ҳамсанганд. Худованд забону сухан ва нутқу гуфторро танҳо ба инсон арзонӣ намудааст ва ишора ба ҳамин нукта Ҷалолиддини Балхӣ иброз медорад, ки сухан аз пеши Худованд ба замин омадааст:

Сухан ба назди сухандон бузургвор бувад,

Зи осмон сухан омад, сухан на хор бувад.

Ва ё Салими Теҳронӣ мегӯяд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?

Аз ин ҷост, ки аз қадимулайём мақому манзалати волои забон диққати мутафаккирону бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб намуда,  ба ҷойгоҳу мақоми забон андешаҳои пурарзише иброз намудаанд. Аз ин рӯ, равшанфикрон, мутафаккирони гузаштаву имрӯза ба забон ва мавқеи он дар ҷамъият, аҳамияти калон дода, доир ба салосату фасоҳати сухан ақоиди гуногун иброз намудаанд ва аз он ҷумла,   Носири Хусрав чунин панде ба ёдгор гузоштааст:

Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сӯи хеш зиёнро,

Аз гуфтаи нохуб нигоҳ дор забонро.

Сухани дар тарозуи хирад санҷидашуда, бамавқеъ ва асил одамро сарбаланд ва шӯҳратёр мегардонад. Фикр, маънӣ тавассути забон тавлид ёфта  пухта мегардад. Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳамин ҷиҳати забону нутқ ишора карда, чунин фармудааст:

Ба сухан зинда  шавад, номи  ҳама,

Ба сухан пухта шавад, хоми ҳама.

Забону сухан барои равнақи ақлу дониши инсонӣ, камолоти маънавии шахс нақши бағоят калон дорад, зеро дониши инсон маҳз ба туфайли забон баён гардида, дар шакли нутқи хаттӣ ба наслҳои минбаъда ба мерос мемонад.

Фирдавсӣ суханро тоҷи дониш ҳисобида, аз бар кардани онро таъкид намудааст:

Шунида суханҳо фаромӯш макун,

Ки тоҷ аст бар фарқи дониш сухун.

Сухани накӯ, нутқи фасеҳ далели ақлу дониши шахс аст. Аз сухани ҳар як фард дараҷаи дониш ва фазилати ӯ маълум мегардад. Ва ин мартабаи забону суханро Носири Хусрав чунин ишора дорад:

Далели ақли мард омад сухан боз,

Чу ояд дар сухан, пайдо шавад роз.

Лозим ба таъкид аст, ки ҷавонони моро месазад, то ин фармудаҳои фарзонаҳои илму адабро раҳнамои фаъолияту амали хеш қарор дода, забонро бо алфози  дурушту қабеҳ олуда насозанд ва забони нобу салиси тоҷикиро хор накунанд.

Забони тоҷикӣ забонест, ки дар ривоҷу равнақи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми беандоза дорад. Бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Розӣ, Берунӣ, Сино, Носири Хусрав, Хайём, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз, Ҷомӣ, Дониш, Айнӣ, Турсунзода, Лоиқ ва садҳо дигарон бо ин забон асарҳои ҷовидона офаридаанд, ки имрӯз мояи ифтихори моянд.

Ба шарофати сиёсати собитқадамонаву пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки донанда,  эҳтиромдору арҷгузор ва  пуштибони ҳамешагии забони мо мебошанд, забони тоҷикӣ моро ба асолати миллӣ, худшиносию  худогоҳӣ, дӯст доштани лафзи модарӣ, эҳтироми таъриху фарҳанг раҳнамо месозад. Чӣ тавре ки маълум аст, дӯст доштани лафзи модарӣ дар шинохти ҳувияти миллӣ, баланд шудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ватандории ҷавонон, ки қишри асосии ҷомеа мебошанд, таъсири нек дорад ва дар ин маврид Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш чунин таъкид намуданд: «Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем». Ин нуктаро метавон чунин тафсир намуд, ки ояндаи кишвар ва хусусан забони миллии мо дар дасти ҷавонон аст ва бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки забони ноби тоҷикӣ беш аз пеш машҳури олам хоҳад гашт.

Мавзӯи баргаштан ба асолати миллӣ бояд ҳар як фарди миллатдӯсту хештаншиносро бетараф нагузорад. Ин мавзуъ басо муҳиму зарурӣ буда, солҳо боз интизори роҳҳои ҳаллу фасли худ аст. Ашхосе, ки ҳисси баланди миллӣ доранд, худогоҳу хештаншиносанд, миллат ва забони модарии худро дӯст медоранд, бояд ба ин мавзуъ бетараф набошанд.

Оре, ин забони ноб ва шевою зебою гувороро бузургони адабиёту фарҳангамон ба мо мерос гузоштаанд. Мо аз ин ифтихор мекунем. Ҳамзамон ин ифтихор масъулияту эҳтироми хосаро низ тақозо дорад: масъулияти ҳар фарди тоҷикро дар назди мероси аҷдодони худ ва эҳтироми ҳар тоҷикистониро дар назди давлати соҳибстиқлоле, ки номаш Тоҷикистону забони давлатиаш тоҷикӣ аст, афзуну дучанд мегардонад. Мо бояд мероси гаронмояи аҷдодони худро на танҳо пос дорем, балки онро бо арзишҳои нав ба нав ғанӣ гардонем.

Бобомуродова Маҳбуба Умриевна, номзади илмҳои филология, дотсети кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj