Хабарҳо |
There are no translations available. ИҚДОМИ НАВБАТИИ МАЪМУРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ Субҳи 13 январи соли 2023 бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати тоза кардани пиёдароҳҳо ва таваққуфгоҳҳои атрофи донишгоҳ ҳашари дастаҷамъона анҷом пазируфт. Мавриди зикр аст, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар бартараф намудани мушкилоти ҳаракати одамон ва васоити нақлиёт аз рӯзи нахустини боишоти барфи зиёд ташаббус зоҳир менамоянд. |