• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ГУЛШАНӢ ВА РУШДИ НАСРИ АДАБӢ-ИЛМӢ ДАР ОҒОЗИ САДАИ XX

Мусаллам аст, ки асари «Таърихи ҳумоюн»-и Муҳаммадсодиқхоҷаи Гулшанӣ дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик нақши муайянеро доро буда, Аз осори мансур маҳсуб меёбад ва он дар таърихи соли 1910, дар арафаи  25-умин солгарди ба тахт нишастани амир Абдулаҳадхон таълиф шудааст. Муаллиф дар асараш бештар ба баёни масъалаҳои зерин диққат додааст: мавзеи ҷойгиршавии иёлат (вилоятҳо) дар нисбати шаҳри Бухоро, миқдори аҳолии онҳо, масофаи роҳ аз маркази вилоятҳо то шаҳри Бухоро, маҳсулоти асосие, ки дар ин ё он вилоят истеҳсол мегардад, зикри қавмҳое, ки дар ин ё он вилоят зиндагӣ мекунанд ва машғулияту касбу кори онҳо, миқдори масҷидҳову мактабҳо, талабаҳо, ҳаммомҳо, мазорҳо, урфу одати сокинони ин ё он вилоят, боигариҳои табиии ин ё он вилоят, аз кадом ноҳияҳо иборат будани онҳо, вазъи обу ҳавои ҳар як вилоят, миқдори наҳру дарё ва ҷӯйҳо ва ғ. Аз маълумоте, ки дар асар гирд оварда шудааст, бармеояд, ки «Таърихи ҳумоюн»-и Гулшанӣ барои омӯхтани таъриху ҷуғрофиёи иқтисодии нимаи дуюми қарни XIX ва ибтидои асри XX-и Бухорои Шариф, ки Тоҷикистони кунунӣ низ ба он дохил мегардид, аз ҳар ҷиҳат сарчашмаи муҳимму пурарзиш ҳисоб меёбад. Мундариҷаи ин асарро муқаддима, қасида бар васфи амир Абдулаҳад ва 8 мақола фаро мегирад: «Мақолаи аввал, дар зикри иёлати Бухоро, мақолаи дуюм, дар зикри иёлати васеаиМиёнкол, мақолаи сеюм дар зикри иёлате аз тавобеи Бухорои Шариф, ки он иёлати Лаби об аст, мақолаи чаҳорум дар байни иёлати вилояти Қаршӣ, ки онро дар кутуби салаф шаҳри Нахшаб ва шаҳри Насаф низ мехонанд, мақолаи панҷум, зикри иёлати Кеш-ал-машҳур ба Шаҳрисабз, иёлати шашум дар иёлатҳои Бухорои Шариф иёлати Ҳисори Шодмон аст, мақолаи иёлати ҳафтум аз иёлоти Бухорои Шариф иёлати Хатлон аст, иёлати ҳаштум аз иёлати Бухоро иёлати Қаротегин аст, мақолаи нуҳум зикри иёлати Қалъаи Хум, яъне Дарвоз.

Ҳамин тавр, дар ҳар яке аз нӯҳ мақолаи китоб яке аз вилоятҳои Бухорои Шариф тасвир гардидааст, ки дар ҳар мақола роҷеъ ба тарзи зиндагии мардуми ҳамон мавзеъ, вожагони мардумшиносии иёлати Бухоро, ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва монанди инҳо маълумоти аҷибе овардааст, ки ин далолат ба рушди услуби адабӣ ва илмии забони адабии тоҷики давр мекунад. Овардани маълумот доир ба мавзеи ҷойгиршавии иёлат (вилоятҳо) дар нисбати шаҳри Бухоро, миқдори аҳолии онҳо, масофаи роҳ аз маркази вилоятҳо то шаҳри Бухоро, маҳсулоти асосие, ки дар ин ё он вилоят истеҳсол мегардад, зикри қавмҳое, ки дар ин ё он вилоят зиндагӣ мекунанд ва машғулияту касбу кори онҳо, миқдори масоҷиду макотиб, талабаҳо ҳаммомҳо, мазорҳо, урфу одати сокинони ин ё он вилоят, бойгариҳои табиии ин ё он вилоят, аз кадом ноҳияҳо иборат будани онҳо, вазъи обу ҳавои ҳар як вилоят ин алакай ҷанбаи илмӣ дошта, ҷанбаи таърихӣ-илмӣ доштани асари номбурдаро афзун мекунад.

Гулшанӣ фарди донишманду забондон буда, дар дар бораи ӯ устод С.Айнӣ чунин маълумотро овардааст: Гулшанӣ Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ шоир, муаррих ва ҷуғрофидони тоҷик буда, дар оилаи мударрис ба дунё омадааст ва мактаби кӯҳнаю мадрасаро дар зодгоҳаш Бухоро хатм кардааст. Бештар ба илмҳои таъриху ҷуғрофия таваҷҷӯҳ дошта, ба гуфти устод Айнӣ «Гулшанӣ дар бобати аз худ кардани забони русӣ дар байни донишҷӯёни мадрасаҳои Бухоро нахустин шахсе буд. Садри Зиё низ ба русидонии Гулшанӣ ишора намуда гуфтааст: «Бад-он поя донад забони расӣ, Бад-он поя дониш ту кай расӣ?»

Гулшанӣ чанд муддат надими амир Абдулаҳад [ҳукм. 1885-1910] буда, аз худ ашъори гаронбаҳое ба мерос гузоштааст, ки қисме аз онҳо дар «Таърихи ҳумоюн», «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ оварда шудааст.

Шеърҳои Гулшанӣ шево ва равону сода буда, ба услуби шоирони пешин эҷод шудаанд. Гулшанӣ муаллифи рисолаи таърихиву ҷуғрофии «Таърихи ҳумоюн» буда, нусхаи аслӣ ва ягонаи он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон маҳфуз аст.

Тавре маълум гардид, асари «Таърихи ҳумоюн»-и Муҳаммад Содиқ- хоҷаи Бухороӣ, мутахаллис ба Гулшанӣ ба қатори асарҳои дар зери гарди фаромӯшӣ мондаву аз назари аҳли таҳқиқ дар канор афтода дохил мешавад. Пас аз пайдошудани ин асар муҳаққиқон доир ба муҳтавои ин асар ва забону услуби он мақолаҳо таълиф намудаанд, ки донишманди тоҷик А. Алимардонов аз ҷумлаи онҳо буда, ӯ бештар ба муаррифии «Таърихи ҳумоюн»-и Гулшанӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии аморати Бухоро дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX чандон ором набуд, хосса Бухорои замони Гулшанӣ дар он айём дар як вазъи номувофиқи сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Майдони маънавиёт рӯ ба таназзул ниҳода, таассубу хурофот ҳукмфармо гардид. Ҳарчанд дар аморати Бухоро вазъ чунин буд, вале доираҳое вуҷуд доштанд, ки маорифпарвариро ҷузъи аъмоли хеш медонистанд. Аз ҷумла, дар манзили Шарифҷон-Махдуми СадриЗиё маҳфили адабӣ барпо мегардид, ки аксар удабои он давр, аз ҷумла Гулшанӣ дар он ҳузур доштанд. Ҳамсуҳбатони Гулшанӣ монанди Шарифҷон-Махдум ва ҳамчунин Аҳмади Дониш, Мулло Назруллои Лутфӣ, Абдумаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Ҳамидбеки Ҳамид, Абдуллоҳ- хоҷаи Таҳсин, Мулло Бурхони Муштоқӣ, Қорӣ Абдулкарими Офаринӣ «Дӯзахӣ», Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Мулло Раҳмати Сартарош, Азизхоҷаи Азиз аз зумраи бузургони замон ба шумормерафтанд.

Устод СадриддинАйнӣ низ, ки дар хонаи Шарифҷон-махдум Гулшаниро аз наздик дидаву суҳбаташро дарёфтааст, «Гулшанӣ аз фозилони он замон буд» гуфта, зикри хайри ӯро зиёдмекунад. Руҷуъ ба Гулшанӣ мегӯяд: «Хонаи Шарифҷон-махдум одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт. Ман, ки дар қатори Абдулвоҳид вазифаҳои пешхизматиро адо мекардам, дар ин гуна суҳбатҳо ҳамеша дар даруни меҳмонҳона буда, аз он гуна суҳбатҳои адабӣ озодона истифода мекардам. Манметавонам гӯям, ки ... Гулшанӣ як одами сафедчеҳраи чашму абрӯсиёҳи хушқадубаст буд, ки ба зебоии ҳайкали ӯ одам кам дида мешуд. ӯ либосҳои на қиматбаҳо, валекин бисёр озода мепӯшид. Ҳикоягӯ, таърихдон ва ширинзабон буд». Садри Зиё дар ҳаққи ӯ гуфтанд: «Содиқхоҷаи Гулшанӣ марди хеле озода, зебо ва хоксору меҳрубон мушфиқу суҳбаторо будааст. ӯ худписандиву худситоиву лофу газофро қабул надоштааст. Рафтору гуфтору кирдо- раш ҳам ҷолиб будааст. Либосашро ҳам аз матои сода ва шинам мудӯхтааст» (Айнӣ, «Ёддоштҳо»).

Тибқи гуфтаи Муҳтарам, Гулшанӣ «дар санаи 1328 вафот ёфта» [Муҳтарам. Таскират-уш-шуаро, с. 314], ки мутобиқ ба соли 1910 мелодӣ мебошад. Устод С. Айнӣ низ ҳамин санаро соли вафоти Гулшанӣ медонаду мегӯяд: «Содиқхоҷа, ки ба зиндагии озодона ва маорифпарварона одат карда буд, дар зиндагонии дарбори Бухоро, ки разилонатарин зиндагиҳо буд, тоб оварда натавониста, дар соли 1910 вафот намуд». Мероси боқигузоштаи Гулшанӣ хеле кам, вале ниҳоят пурарзиш аст. Гулшанӣ аз худ як сисила ашъор, иборат аз чанд ғазалу адабиёти ҷудогона ва бо номи «Таърихи ҳумоюн» боқӣ гузоштааст.

Яке аз хидматҳои бузурги Гулшанӣ дар инкишофи илму адаби тоҷики ибтидои асри ХХ ин аст, ки ӯ суннати нигориши ҷуғрофиёиро, ки дар таърихи илми форсизабонон собиқаи дерин дошт ва «Ҳудуд-ул-олам» намунаи барҷастаи чунин наср буд, идома дод. Ин услуб нисбат ба соири осори насрии асрҳои миёна содатар буд ва сарфи назар аз ин ки дар он унсурҳои арабӣ, бо шумули ибороту ҷумлаҳои ин забон, фаровон истифода мешуд, аммо ба сурати куллӣ матн бо услуби равону салис нигошта шуда, саршор аз унсурҳои форсӣ-тоҷикӣ буд. Ҷолибтарин вижагии ин мутун дар он аст, ки он ономастикаи даврони худро ба сурати комилтар инъикос менамуд ва вижагищои мухталифи топонимияи замонашро барои ояндагон маҳфуз медошт, ки барои дақиқтар омӯхтани муҳити таърихии инкишофи забони форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои миёна ба сифати сарчашмаи муҳим хидмат мекард. Асари Гулшанӣ низ пеш аз ҳама ҳамин рисолати таърихиро бар дӯш дошт ва аз ин рӯ, дар услуби осори илмӣ-ҷуғрофиёии қарнҳои пешин таълиф ёфта буд.

Қобили зикр аст, ки услубҳои таълифи осори мансури ибтидои асри ХХ ҳамгуну ҳамсон нест: як силсила осори насрӣ, ки муаллифонашон наздик ба дарбор ва доираи уламои расмӣ буданд, бо услуби пешин таълиф шудаанд, аммо дар онҳо то ҳадде унсурҳои забони зиндаи сокинони форсизабони Мовароуннаҳр мунъакис гардидаанд. Услуби дигар бештар ба забони зиндаи мардум иттико дошт ва навгароию навпардозӣ хусусияти аслии осори мансуре буд, ки пайравонашон барои ислоҳи забони адабӣ талош меварзиданд.

Бо таваҷҷуҳ ба услубҳое, ки дар осори мансури ибтидои асри ХХ вуҷуд дошт, донишманди маъруфи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ таъкид доштааст, ки «дар ибтидои асри XX ҳам ду тенденсияи забонӣ ва ду равияи услубӣ давом мекард. Аз як тараф, равияи душворнависӣ, муғлақбаёнӣ ва суханпардозии сунъӣ дар забон ва услуб монанди пешина давом дошт. Аз тарафи дигар, равияи содданависӣ аз ҳарвақта дида бештар қувват гирифта, дар амал ҷорӣ мешуд».

Қобили зикр аст, ки услуби гарчанд «Таърихи ҳумоюн» бо услуби пешина таълиф гардида бошад ҳам, вале забони асар ба сурати куллӣ он қадар душвору муғлақбаёнона нест ва суханпардозиҳои сунъӣ дар он камтар ба назар мерасанд. Ҷ. Назриев барҳақ таъкид доштааст, ки «забони асар забони тоҷикии маъмулии ҳамон давр, яъне забони муҳити илмии Мовароуннаҳр дар қарни нуздаҳ ва ибтидои қарни бист аст».

Тарзи баён дар асар бо калимаву ибораҳои арабӣ бештар дар қолабҳои ситои- шии муқаррарӣ истифода ёфтаанд, ки дар ин маврид нигоранда ё муаллифи асар аз усули пайдарпайӣ самаранок истифода карда андешаи худро бо ҷумлаҳои арабӣ баён медорад. Баёни андеша бо ҷумлаҳои ғайритоҷикӣ дар осори мансур таърихи дерин дошта, Гулшанӣ низ ин меъёрро дар пайравӣ ба аҳли қалам пешин кардааст. Зеро бо ин услуби дузабона нигоштан аввалан, далолат бар забони арабиро хуб донистани муаллифи асар далолат кунад, сониян, ин як навъ суханпардозӣ ва тақозои муҳити илмиву адабӣ буд, ки дар мадрасаву ҳавзаи адабии ин ё он шаҳр як навъ беш будани таваҷҷуҳ ба забони арабӣ донист. Ҷиҳати дигари истифодаи воҳидҳои луғавӣ аз забони арабӣ дар он аст, ки васоити нақл, таъбирҳои арабӣ дар асарҳои қадимиён низ мавриди корбурд қарор гирифтаанд.

Дар ин радиф, гуфтан ба маврид аст, ки забони асар аз нигоҳи тарзи баёни он давр печидаву душворфаҳм набуда, бахшҳои поёнӣ бо забони равону шево, ки луғати фаровони тоҷикӣ дар онҳо бар аносири арабӣ афзалиятро моликанд, нигошта гшудааст.

Ногуфта намонад, ки нигоранда ҳангоми тасвири манзараи ин ё он маҳал зиёдтар аз вожаҳои хушоҳанги забони тоҷикӣ корбурд намудааст: Қалъаи Лаби об, хушҳаво, фараҳфизо, Қалъаи Яхак, хушманзар,гулистони кӯҳӣ,канори дарё,сабзазор,марғзор, хушнишасту дилкаш аст.

Як вижагии тафовути асари Гулшанӣ аз ҳамаи осори ҷуғрофиёӣ дар он аст, ки дар он вожагону истилоҳоте низ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар он давр  чун неологизми (наввожа) забони тоҷикӣ ба ҳисоб мерафт: Ва дигари он ба қарияи Оқсоҷ, ба канори роҳи оҳан аст...

Гурӯҳи муайяни ин калимаҳои навро вожаҳои русӣ фаро мегирифтанд: истанса (стансия – қароргоҳи поезд), завод,Пориж, Берлин,Ландану Маскав (номвожаҳои ҷуғрофии марбут ба Аврупо), милюн (миллион) ва ғ.

Ҳамин тавр, аз ин нигоштаҳо чунин натиҷагирӣ кардан пеш меояд, ки асари «Таърихи ҳумоюн»-и Гулшанӣ дар меъёри тарзи суннатии таълифоти асарҳои илмӣ-ҷуғрофӣ ва илмӣ-таърихӣ нигошта шуда, ҳолату муҳити нави рушди иҷтимоии поёни  садаи XIX ва оғози асри ХХ дар шаклгирии забон ва тарзи баён он таъсири худро гузоштааст. Забон ва тарзи баёни ин асари ҷуғрофиро дар қатори асарҳои ин давр, чун «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш метавон муносиб донист, ки ҷиҳати  инкишофи забони адабии тоҷики аёми нигоранда як падидоии наве маҳсуб меёбад ва  дар инкишофи забони адабии тоҷики қарни XX, ки такя бар забони зиндаи мардумӣ дорад, чун пояи асосӣ  мусоидат кардаанд.

Бобокалонова Раъно Норбоевна, номзади илмҳои филология, устоди кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДонишгоҳидавлатииомӯзгорииТоҷикистон ба номи С. Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj