• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НАҚШИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ОЛМОНӢ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮЁН

Таълиму тарбия яке аз падидаи муҳимтарин ниҳодҳои иҷтимоӣ буда камоли инсон аз он вобастагӣ дорад. Дар воқеъ, сифати дигари ниҳодҳои иҷтимоӣ то андозаи зиёд ба чигунагии таълиму тарбия вобаста мебошад. Сифат дар айни замон яке аз меҳварҳои аслии ҳама баҳсҳои омӯзишӣ буда, баланд бардоштани он дар кишвари мо муҳимтарин вазифаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мафҳуми сифати таълим ё омӯзиш шомили чор бахш буда, иборат аст аз фаъолиятҳои мактаб аз қабили ҷараёни ёддиҳӣ ва ёдгирии донишомӯзон, муаллимон ва ҳамкорони омӯзишӣ, донишомӯзон ва имконот ба таҷҳизоти омӯзишӣ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар раванди таълиму тарбия нақши калидӣ дорад, зеро дар ин боргоҳи илму ҳунар омӯзгорони ояндаи кишвар ба воя мерасанд ва кафедраи забони олмонӣ яке аз бахшҳои муҳими ин донишгоҳ мебошад. Бинобар ин зарур дониста мешавад, ки вазъияти кунунии кафедраи забони олмонӣ баррасӣ гардида дастовардҳои он ҳифз ва мушкилоти мавҷуда бартараф карда шавад.

Кафедраи забони олмонӣ таърихи тулони дошта дар назди факултети таъриху забоншиносии Донишкадаи омӯзгории Душанбе соли 1939 нахуст гурӯҳҳои омӯзиши забони олмонӣ ташкил шуда баъдтар ҳамчун кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ташкил шудаст. Солҳои 50-ум ҳайати омӯзгорони кафедраи забони олмониро мутахассисони донишгоҳҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ пурра намудаанд.

Солҳои 1975-1980 барои устодони факултети забонҳои хориҷӣ давраи рушди илм ба шумор мерафт. Дар факултет 6 кафедра амал мекард. Теъдоди омӯзгорони тоҷик дар ҳар кафедра 4-5 нафарро ташкил медод. Зиёда аз 90% ҷавонон ба кори илмӣ ҷалб карда шуда буданд.

Айни замон дар кафедраи забони олмонӣ дар самти масъалаҳои филологияи забони олмонӣ, робитаҳои адабӣ дар Тоҷикистон ва Олмон, инчунин дар самти проблемаҳои типологияи муқоисавӣ омӯзгорон кору фаъолият дорад. Устодони кафедра ба ихтисосҳои забони хориҷӣ (забони олмонӣ), забони олмонӣ-забони англисӣ ва забони муосири олмонӣ (тарҷумон) таълим медиҳанд. Хатмкунандагони кафедраи забони олмонии факултети забонҳои романӣ-германӣ дар муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, колеҷҳо, мактабҳои олӣ ва ниҳодҳои гуногуни давлватӣ ва инчунин ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

Таълим ва тарбия муодили калимаи англисии (education) аст, ки ибораи аз тамоми нишонаҳо, роҳҳо ва равишҳое, ки барои рушт ва такомули тавоноиҳои фикрӣ, маърифатӣ ва ҳамчунин маҳоратҳо, бинишҳо ва рафторҳои инсон ба кор меравад, албатта ба тариқе, ки шахсияти инсонро то муҳимтарин ҳадди он баланд бардорад ва яке аз арзишҳои мусбати ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунад, бошад. Камолоти инсон аз сифати таълиму тарбия сарчашма гирифта метавонад. Дар ин робита сифатро таъриф додан душвор аст, зеро ҳамчун ҳама вожаҳои арзишии дигар, сифат қобили таъбир ва тавсир аст, мафҳуми қобили тағир ва пайрави фалсафаҳо ва ҷаҳонбиниҳои мухталиф буда, дар ниҳоят ин вижагиҳои сифат тобеи муҳит аст. Сифат аз вожаи лотинии quality (кволити) гирифта шуддаст, ки ин аз quails ё qualitas ба маънои тарз, ҳолат, кайфият ва васф оварда шудааст.

Деҳхудо сифатро чигунагӣ, ҳолат ё вазъе ки дар чизе ҳосил ояд, маъно кардааст ва ҳамчунин дар фарҳанги қамид сифат «чигунагӣ» маъно шудааст. Мафҳуми сифат дар омӯзиш ва парвариш мафҳуми чандпаҳлу, машкуккунанда ва норавшан аст. Ба ҳамин далел меъёрҳои мутафовуте барои қазоват дар бораи сифати макотиб ва омӯзиш ва парвариш муарифи шудааст. Сифати омӯзишӣ анҷоми тағироти мавриди назар дар донишомӯзон ба сурати матлуб ва мувафақомез аст. Бинобар ин сифати таълим мафҳуми чандпаҳлуе аст, ки шомили мавриди зер аст:

  • фаъолиятҳои мактаб аз қабили ҷараёни ёддиҳӣ - ёдгирии донишомӯзон,
  • муаллимон ва ҳамкорони омӯзишӣ,
  • донишомӯзон ва шунавандагон
  • имконот ба таҷҳизоти омӯзишӣ

Сифати омӯзишӣ ба маҷмуаи аз авомил вобастаги дорад, ки муҳимтарини онҳо ба қарори зер омадааст

  1. Муҳити барангехтан аз лиҳози фикрӣ
  2. Вуҷуди ҳаддиақали шароити лозим ҷиҳати иҷрои фаъолияти омӯзишӣ
  3. Дастрас будани маводи омӯзишӣ ва омӯзгор, иштирок ва шавқи дарсро барангезад ва тавонад ӯро ба сатҳи нави дарк ва шинохт расонад.

Барои баланд бардоштани сифати таълими забони олмонӣ омӯзгорон кӯшиш менамоянд, то ин ки донишомӯз ва шунаванда то ҷое қонеъ аз дарси устод бошад. Барои ин ҳамасола комплекси таълимӣ-методӣ, силлабус ва лексияҳо омода менамоянд. Бо ташаббуси омӯзгорони кафедра барои донишомӯзони синфҳои 5 то 11 китоби дарсии забони олмонӣ аз чоп баромад. Инчунин омӯзгорони кафедра ҳамасола ба нашри мақолаҳои илмӣ, илмӣ-омавӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Мақолаҳои омӯзгорон дар маҷалаҳои дохилӣ ва хориҷӣ кишвар нашр мешаванд.

Дар қатори комёбиҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраи забони олмонӣ оиди ҳамкориҳои хориҷӣ дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти мубодилаи илмии Олмон (ДААД) дар Тоҷикистон низ ёдовар мешавем. Дар ҳошиаи ин барнома, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон татбиқ шуда буд, омӯзгорони соҳибзабон ба донишҷӯён ва устодони ҷавон дарси забони олмонӣ мегуфтанд.

Дар паҳлуи ҳама мувафақиятҳо дар кафедра мушкилиҳои зиёд низ вуҷуд доранд, ки метавон аз камбудани теъдоди профессорон барои роҳбарии корҳои илмии омӯзгорон бошад.

Албатта дар замони рақамӣ будани тамоми маълумотҳо мо метавонем аз он бе мамоният истифода намоем. Яке аз мушкилиҳе, ки дар кафедраи забони олмонӣ вуҷуд дорад ин ҳам набудан ё бо теъдоди кам вуҷуд доштани адабиёти омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо забони тоҷикӣ мебошад. Маводҳои зиёд бо забони олмонӣ ва тарҷумаи он бо забони русӣ дар шабакаҳои интернети дастрас мебошанд. Дар кафедраи забони олмонӣ айни ҳол луғати калони олмонӣ-тоҷикӣ вуҷуд дорад. Устодон барои тартиб додани китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ ва олмонӣ вазифадор шудаанд. Бо тартиб додани китобҳои дарсӣ мебояд устодон принсипҳои шавқи дарсро барангехтан ва сатҳи нави дарки донишомӯзонро бедор номоянд. Чуноне, ки Сухомлинский В.А ишора намудааст: «мутолиа равзанаест, ки хонанда бо воситаи он дунёро дарк менамояд. Он ба хонанда танҳо вақте муйясар мегардад, ки китоб ба маҳорати баланди дарки дунё навишта шуда бошад».

Равандҳои иҷтимоӣ иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангие, ки дар тамоми ҷаҳон дар солҳои 90-уми асри XX рух дод, яъне оғози асри техника ва технология ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон дигаргунии куллиро ба бор овард. Шаклу усулҳои нави фаъолияти инсон дар ҷомеа ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи бисёр аз соҳаҳои ҳаёти инсон ба шакли рақами табдил ёфт. Аз он ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар давлатҳои пешрафтаи дунё ба таври рақамӣ қабул шудааст. Дар ин равия албатта таваҷӯҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ афзуд, аммо таваҷҷуҳ ба мутолиаи китоб махсусан дар насли нав коҳоиш ёфт. Мисоли оддитарине, ки барои омӯзишӣ забони олмонӣ кумак менамояд ин истифодаи луғатҳои электронӣ, ки бо забонҳои гуногунӣ ҷаҳон дар шабакаҳои интернетӣ ҷой дода шуданд. Истифодаи ин луғатҳо ва истифодаи техникаи нави лингвистӣ метавонад шавқу рағбати шунавандагонро барои омӯхтани забон зиёд намояд. Устодони ДДОТ ба номи С, Айнӣ мебояд, ки ҳамқадами замони муосир бошанд, кӯшиш намоянд, то барои донишҷӯён китобҳои дарсии забономӯзиро вобаста ба фарҳангу расму оини тоҷикона тартиб дода ба хонандагон пешниҳод намоянд.

Адабиёт

  1. Саромадон ва дастпарварони забону фарҳанги кишварҳои Гёте ва Гюго
  2. «Готовность учителя-гуманитария к реализации концепций школьного языкового образования: русский и иностранный языки» учебно-методическое пособие для педагогических работников / Н.Е. Буланкина, Н.В. Максимова. Новосибирск: НИПКиПРО, 2017. – 90с.
  3. Lughat Name Dehkhoda لغت نامه دهخدا- فرهنگ متوسط-دوجلدی (Farhang-i Mutevasset) – January 1, 2007

 

Ғиёсов Фаридун Нуриддинович. – н.и.ф., мудири кафедраи забони олмонӣ, ДДОТ ба номи. С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj