• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НАҚШИ ПАЁМ ДАР РАВАНДИ РУШДИ КИШВАР

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 таҳти унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа намуданд, аз муваффақиятҳои ноилшудаи кишвар дар панҷ соли сипаришуда ва умуман дар давраи пасошӯравӣ ёдовар шуданд, ки рақамҳои гуфташуда худ дар роҳи дуруст қарор доштан ва ҷонибдори сиёсати муваффақона будани мардуми шарифи Тоҷикистонро бозгӯйӣ мекунад.

Аз ҷумла зикр шуд, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самту соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаву давлат дар самти тандурустӣ бо овардани асноди воқеӣ таъкид доштанд, ки дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо фарогирии 52800 нафар корманд фаъолият дошта бошанд, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир 2827 муассисаю иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 516 ва кормандони онҳо ба 72 ҳазор расидааст.

Бомаром афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба маротиб зиёд шудани даромади молиявии аҳолӣ, сол аз сол боло рафтани музди миёнаи меҳнат ва андозаи нафақаи ниҳоӣ, паст рафтани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар, ба маротиб зиёд гардидани ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, бо суръати баланд идома ёфтани сохтмони инфрасохтори иҷтимоӣ, ки собиқааш ҳатто дар даврони шуравӣ набуд ва даҳҳо нишондиҳандаҳои дигар, ки дар Паёми имсола дақиқан зикр ёфтанд, эътимоду пайравии мардумро аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар  боз ҳам мустаҳкамтар намуда, эҳсоси шукргузории ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистонро афзун гардонид.

Нуктаи дигаре, ки  дар  Паём ироа гардид,  ба баланд намудани музди меҳнат ва нафақа нигаронида шуда буд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат ба халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25% зиёд карда шавад ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо, андозаи нафақаҳо 20% зиёд карда шавад.

Масъалаи дигаре, ки ба он Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус доданд, ин рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Сайёҳӣ на танҳо омили ҷалби бештари сайёҳон ба кишварамон ва муҳайё гаштани ҷойҳои нави корӣ, инчунин муаррифгари таърихи халқи тоҷик, фарҳанг ва маросиму анъанаҳои неки он дар арсаи ҷаҳонӣ ва афзоиши ҳаҷми савдо шуда метавонад. Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки, Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад.

Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.

Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба назар гирифта шавад.

Масъалаи дигаре, ки дар Паёми имсола ба он диққати махсус зоҳир гардид, кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш ва сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар, пеш аз ҳама ба дастгирии чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Аз Паём чунин хулоса баровардан мункин аст, ки дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмиллалӣ ва ғайра қарор гирифтанд.

Бояд қайд намоем, ки Паём – ин ҳуҷҷат ва ё дастурамали тақдирсоз, роҳнамову мушкилкушо баҳри ободиву тараққиёти Ватан, таъмини зиндагии шоиста баҳри мардуми сарбаланди диёр ва дар умум ояндаи дурахшони ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳисоб меравад.

Бобоҷонова Мунира Юсуфҷоновна, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj