• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АУДИОВИЗУАЛИИ ТАЪЛИМ ДАР МАШҒУЛИЯТҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳониӣ амалӣ мешавад, ба низоми омӯзиш ва раванди таълиму тарбияи донишомӯзон таъсири мустақим дорад. Дар ин баробар дар ҷомеаи муосир мавқеи забонҳои хориҷӣ торафт афзуда истодааст, ки донистани забони хориҷӣ имкон медиҳад шахс ба фарҳанги ҷаҳонӣ шомил шавад, дар фаъолияти худ аз имконоти захираҳои васеи интернетӣ истифода барад, инчунин технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва воситаҳои мултимедиявии таълимро ба таври  мукаммал истифода барад. Бинобар ин зарурат ба миён меояд, ки барои пешрафти истифодабарии методикаи технологияи иттилоотии компютер дар таълими забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро навгониҳои технологияи иттилоотии педагогӣ бевосита аз раванди таълим вобастагӣ таъсири мусбӣ мегузоранд.

Ба туфайли рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ чунин шаклҳои таълим равнақ ёфтаанд, ки  бидуни тамоси бевоситаи  шахсии омӯзгор  ва хонанда,  тавассути нутқи хаттӣ, китобҳои таълимии худомӯз, воситаҳои техникӣ ва барномаҳои компютерӣ ба амал бароварда мешавад. Инчунин ба шарофати интернет шаклҳои гуногуни таҳсилоти фосилавӣ васеъ паҳн шудаанд, ки  шакли инфиродии машғулиятҳоро аз забонӣ хориҷӣ амалӣ мегардонанд. Ҳар як омӯзгори забони хориҷӣ, ки дорои дараҷаи муайяни салоҳияти коммуникативӣ ва касбӣ мебошад  кӯшиш ба харҷ медиҳад, то  ки баҳри самаранок ба роҳ мондани  таълими забони хориҷӣ дар мактаб  ҳамаи шароитҳои ба ӯ вобастаро  фароҳам оварад.

Дар дарсхои забони англиси бо ёрии интернет мумкин аст як қатор масъалаҳои дидактикиро пурра ҳал намоем ба монанди:

- хонда тавонистан, аз алоқаҳои глобалӣ мукаммал истифода бурда тавонистан;

- нутқи хаттии хонандагонро инкишоф додан, захираи лугавии онҳоро  васеъ гардондан:

Хонандагон метавонанд бо истифодаи шабакаҳои интернетӣ дар викторинахо, конкурсхо, олимпиадаҳо иштирок кунанд. Дар солҳои охир бисёртар савол дар бораи истифодабарии навъҳои технологияи иттилоотӣ дар мактабҳо ба миён омадааст. Ин натанҳо навъҳои воситаи техникӣ мебошад, балки ин шакли нави таълимӣ ва усули нав дар раванди таълим мебошад. Мақсади асосии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ин ташаккул ва инкишофи нутқи коммуникативии хонандагон мебошад. Вазифаи асосии омӯзгор фаъол гардонидани хонадагон дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ аст.

Рушду тараққии  техника ба паҳншавии зиёди чунин воситаҳои ахбори омма, ба монанди синамо, матбуот, радио ва телевизион боис гардидааст. Ба туфайли онҳо намудҳои мухталифи барномаҳои таълимӣ татбиқ мегарданд, зимнан дар ин барномаҳо ба масъалаҳое, ки дар мактабҳои  миёна омӯхта мешаванд, ҷои зиёд ҷудо карда мешавад. Маълум аст, ки хонандагонро бояд барои дарк намудани барномаҳои таълимии радио ва телевизион омода намуд. Ҳангоми истифодаи барномаҳои таълимӣ принсипи муттаҳидсозии онҳо бо ҷузъҳои боқимондаи раванди таълим, хусусан бо мундариҷа ва ҷараёни он амал мекунад

Фаъолияти барномавии хонандагон намуди паҳншудаи кор бо истифодаи интернет мебошад. Ин фаъолияти бештар самаранокии хонандагон дар вақтҳои берун аз дарс мебошад. Вале, фавран бояд таъкид кард, ки самаранокии он пурра аз ташкил ва ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби омӯзгорон вобастааст. Ҳамин тариқ, саволе ба миён меояд,ки фаъолияти барномавӣ барои раванди таълими забони хориҷӣ бо чӣ ҷолиб аст? Ҷавоб комилан аён аст. Танҳо бо ёрии интернет ба вуҷуд овардани муҳити воқеии забонӣ ва гузоштани масъалаи ташаккули эҳтиёҷот ба омӯзиши забони хориҷӣ дар асоси истифодаи  муколамаи интенсивӣ бо соҳибзабонон бошад. Ин, мусалламан, имконияти бештари самаранокии таълим ва  ташаккулдиҳии салоҳияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар асоси муколамаи фарҳангҳо мебошад.

Дар интернет хонандагон  ва омӯзгорон метавонанд оиди  ҳама гуна иттилоот,дар бораи осорхонаҳо ва нигораҳои он дар саросари ҷаҳон, маълумотҳои оморӣ оид ба ҳама гуна масъалаҳои мухталиф, иттилоот оид ба ҳодисаҳои ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам ва аксуламали одамон ба ин ҳодисаҳо, иттилоот оид ба вазъи экологӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, дар бораи идҳои миллӣ ва ғайраро дарёфт кунанд.  Сӯхбат кардан аз тариқи интернет дар режими on-line (режими вақти воқеӣ), бо истифодаи  IRC (Internet Relay Chat) бо ҳамсолон ё мутахассисони касбии дахлдор аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон имконпазир аст.  Барои ҳамин барномаҳои муштараки байналмилалӣ бо соҳибзабонон дар омӯхтани забони хориҷӣ хеле ҷолибанд. Гузаронидани викторинаҳо бо забони хориҷӣ низ метавонанд дар такмилдиҳии забони хориҷӣ  савияи дониши хонандагонро баланд бардорад. Дар барномаҳо бошад, ҳама иштирок мекунанд. Лоиҳаҳо метавонанд ҳам дар дарс ва ҳам дар вақтҳои берун аз дарс иҷро карда шаванд. Фикри мактаббачагон дар ин ҳолат бо он банд аст, ки чӣ тавр проблемаро ҳал кунанд, кадом усулҳои муносибро барои ҳалли он пайдо кунанд, дар куҷо далелҳои боварибахшеро (боэътимод) пайдо кунанд, ки дурустии роҳи интихобгардидаро тасдиқ мекунанд. Дар асоси фаъолияти нутқӣ, тавре мо медонем,  забон воситаи ташаккулдиҳӣ ва баёни фикр мебошад.

Дар хулосаи хеш чунин гуфта метавонам, ки истифодаи воситаҳои аудиовизуалии таълим дастгоҳҳо ва асбобҳои техникие мебошанд, ки дар раванди таълим барои интиқол ва маҳфуздории иттилооти таълимӣ, назорат аз болои  рафти қабул ва азхудкунии  он, ташаккули донишҳо ва малакаву маҳоратҳои нутқӣ истифода мегарданд.

Мавлонова Интизор Тоҷиддиновна, саромӯзгори  кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj