• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ШИНОХТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА РОБИТАИ ОН БО ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Арзишҳои миллӣ  ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат буда, ҳеҷ миллат наметавонад бидуни арзишҳои хоси хеш арзи вуҷуд намояд. Посдорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин саъю талош намудан барои мондагории онҳо масъулияти миллӣ ва шаҳрвандии ҳар фард аст.Дар ҷаҳони имрӯз, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад, ҳар фарди ҷомеа дар шинохти миллати худ бояд оҷиз набошад, аз таъриху фарҳанг,  роҳи таърихии тайкардаи миллати хеш ва ҷумла муқаддасоти он  комилан огоҳ бошад,  арзишҳои миллиро ҳифз намояд, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳифзу бақои миллат аст. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон такя карда, ин қишри ҷомеаро ояндаи миллат меноманд, имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад. Аз ҷавонон бояд тақозо шавад, ки арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии кишвари худро  бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло гузошта, дар ин замина  тарбияи ватандӯстии хешро тақвият бахшанд. Агар ба таври дигар ифода кунем, онҳо бояд муҳофизони аслӣ ва боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашма ва манбаи асосии рушди имрӯзу  ояндаи кишвари худ  бошанд. Дар заминаи ин гуфтаҳо ҷавононро  бояд аз ҷумлаи он қишри ҷомеа донист, ки аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ  бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд, вагарна надонистани фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ, истифода накардан аз инҳо ҷомеаро метавонад ба вартаи нобудӣ ва ё кассодӣ бирасонад.  Ҷавононе, ки воқеан ба Ватани худ содиқ  мебошанд ва рушди он  ғояи асосии зиндагии онҳост, бояд бо ҷидду ҷаҳди худ барои пешрафти давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Бар замми ин  ҷавонон бояд ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии хешро низ қувват бахшида, аз таърих,фарҳанг ва умуман асолати миллии худ бархурдор гарданд. Бояд дарк кунанд, ки  истиқлолияти давлативу миллӣ чист ва яъне моҳияти истиқлол ва худшиносии миллӣ аз чӣ иборат аст, барои чӣ  рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ мавриди эҳтиром қарор дошта бошанд. Донистан ва аз рӯйи ин маърифат амал кардан метавонад ҳар ҷавони кишвари соҳибистиқлолро ба мақсуд бирасонад. Лозим ба зикр аст, ки арзишҳои миллӣ дар тӯли қарнҳо ба зиндагии мо ворид шуда, чун меҳвар маҷрои ҳаёти моро идора менамояд. Арзишҳои инсондӯстонаи мо, аз қабили дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми волидон ва калонсолон, заҳматписандию накӯкорӣ, пуштибонӣ аз инсофу адолат, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ, ки рукни арзишҳои миллӣ мебошанд, ба арзишҳои умумиинсонӣ ворид шуда, бо фарҳанги ҷаҳонӣ омехта гардидааст.

Дар дунёи мутамаддин ҳар як миллату халқиятро бо фарҳанг ва арзишҳои хоси худ мешиносанд ва эътироф мекунанд.  Хушбахтона миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо аз азал арзишҳои хосеро дар худ эҷоду эҳё намудааст, ки ҷавҳари аслии онро инсондӯстию фарҳангсолорӣ, илмдӯстию ҷавонмардӣ, шуҷоату мардонагӣ, созандагию бунёдкорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию ҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Дар муносибат миллати тоҷик бо дигар халқу миллатҳо пайваста риояи эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда, дар доираи ҳусни тафоҳум муносибат менамояд. Муносибати ҷангҷӯёнаю зиддиинсониро дар ҳамаи давраҳои таърихӣ маҳкум намуда, ҳаёт, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва миллату халқиятҳои дигарро ҳамчун арзиши олӣ дониста, пайваста ба онҳо эҳтиром гузоштааст. Ин рамзи гӯёи башардустӣ ва инсонсолории миллати мо мебошад. Ҳамзамон дар ин радиф бо далерию шуҷоат ва ҷавонмардӣ шарафу номус, сарзамин, ҳуввият, фарҳангу тамаддун ва ҳастии худро бо ҳисси баланди ифтихормандӣ ҳимоя намудааст. Миллати мо ба ҳеҷ як давлату миллат ва халқияти дунё хиёнат накардааст, аммо бо хиёнаткорону таҷовузкорон ва ноҷавонмардону аҳдшиканон пайваста муборизаи далеронаю ғаюрона бурдааст. То имрӯз, новобаста аз таҷовузҳои зиёд миллати мо фарҳанги худро нигоҳ дошта, ин неъмати қадимаро аз насл ба насл мерос гузоштааст. Ана ҳамин неъмат сабаб шудааст, ки  миллати мо то имрӯз арзишҳо ва муқаддасоти миллии худро ҳифз намудааст. Бо ин бояд ифтихор кард ва аз бегонашавию бегонапарастӣ эмин будан шараф аст. Ҳамин ҷанбаи масъаларо  ҷавонон бояд дар хотираи худ ҷой диҳанд, ки миллати мо миллати фарҳангсолор аст. Ин миллат ба илму фарҳанги ҷаҳонӣ дурдонаҳои зиёдеро зам намуда, бисёре аз асрору норавшаниҳои зиндагиро ошкор намудааст ва дар ин баробар ақвоми оламро ба сӯйи нур ҳидоят кардааст. Осори фарзандони фарзонаю содиқи миллати мо барои башарият дастури ҳаётӣ ва заминаю сарчашмаи тарбияти инсони комил то имрӯз ва ояндаҳои дур хизмати шоиста менамоянд. Яъне миллати мо миллатест, ки аз он башарият дониш омӯхтааст ва то ба ҳол меомӯзад. Ин рисолати муҳим аст ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ  ҳатман бояд ин эстафетаро идома диҳанд.

Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳамеша зимни чорабиниҳои муҳими сиёсиву давлатӣ хитобан ба мардуми кишвар, хусусан ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро бояд аз даст надод.

Дар раванди ташаккули омехташавии фарҳангҳо, ивазшавии фарҳанги асил ба фарҳанги сунъию сохта, фаромилию фаромарзӣ гардидани терроризму экстремизми динӣ, бархурди манфиатҳо, ки ба давлату миллати мо низ таъсири манфии худро расонида метавонад, ҷавонони мо имкон доранд бо таҳаммулпазирӣ, ки арзиши муҳимтарини таърихӣ – динии мо маҳсуб меёбад, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва истиқлолу ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор нигоҳ доранд. Маҳз бо таҳаммулпазирӣ мо метавонем бо дигар миллату давлатҳо ҳамгироӣ намоем ва мақсадҳои муҳимтарини стратегии худро амалӣ созем.

Овардани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди зикри ин андешаҳо зарур аст, зеро Сарвари давлат моҳияти асосии ҳифзи арзишҳои миллиро дар ин сухани хеш ба таври зебо ҷой додаанд:

«Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар хотир гиранд, ки ҳастии миллати моро дар тамоми давраҳои таърихӣ маҳз ҳамин арзишҳо таъмин намудаанд ва ҷавҳари таърихии ҳастии миллати мо аз ҳамин арзишҳо иборат мебошад. Маҳз бо ҷурми ҳамин арзишҳо миллати мо безавол гардид ва таъмини абадияти ҳастии миллати мо дар оянда низ аз парвариши ин арзишҳо дар замири мо ҷавонон вобаста аст. Чун ояндаи давлатдорӣ ва ҳастию рушду нумуи миллат бар дӯши ҷавонон мегузарад ин арзишҳо заминаи боэътимод, такиягоҳи таърихӣ ва дурдонаи маънавии миллатсолорию давлатдорӣ барои мо насли ҷавон ба ҳисоб мераванд».

Назарзода Нигора Нураҳмад, муовини ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои тарбиявӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj