• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

РОҒУН – САРЧАШМАИ НУР

Барои коршиносон ва мутахассисони соҳа маълум аст, ки тарҳи НБО Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 – уми асри XX ва корҳои сохтмонӣ соли 1976 оғоз ёфта, қадамҳои нахустин дар ҳамин давра гузошта шуда буданд. Аслан нахустин корҳои омӯзишӣ дар ин мавзеъ дар давраи  солҳои 1933 ва 1938 сурат гирифта, аз рӯи ташхиси олимони Шӯравӣ муайян гардидааст, ки  мавзеи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидор хело мусоид мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ  роҳбарияти давлати шуравӣ аз ҳар ҷиҳат барои сохтмони нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, зеро барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дошт. Дар ин миён, хоссатан барои бунёди аз ҷумла НБО  Роғун низ дар доираи маҷомоти давлатии он давр гуфтушунидҳо анҷом меёфтанд. Аз ин рӯ, муддати бештар аз 10 сол 47 пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ИҶШС барои ташхиси мавзеи НБО  Роғун корҳои озмоишӣ гузаронида, оид ба фавран оғоз кардани бунёди ин иншооти аср  хулосаҳои мусбии худро пешниҳод карданд.

Бори аввал лоиҳаи сохтмони НБО  Роғун дар шаҳри Тошканд аз тарафи ҳайати шуъбаи осиёимиёнагии Институти “Гидропроект”, бо роҳбарии сармуҳандиси намоёни шӯравӣ Осадчев Л.Г. таҳия шуда буд. Корҳои сохтмонӣ дар мавзеи неругоҳ аз санаи 27 сентябри соли 1976 оғоз ёфт. Дар ҳамин асос соли 1977 дар Роғун саридораи махсуси “Роғунгэсстрой” ташкил шуд[4,14].

Он вақт сохтмони НБО  Роғун аз ҷумлаи бузургтарин иншооти аср дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Беҳтарин мутахассисон, махсусан онҳое, ки дар сохтмони НБО Норак таҷриба андӯхта буданд, барои бунёди ин иншооти бузург сафарбар шуданд. Дар маҷмӯъ 300 идораву корхонаҳои беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ дар сохтмони Роғун иштирок доштанд.

Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1970 дар чаҳорчӯбаи инкишофи гӯшаю канорҳои мамлакат мақоми ҶШС Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи неруи барқ муайян намуд[6]. Тибқи нақли аввалин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов барои пурра тадбиқ шудани лоиҳа аз буҷаи ИҶШС 1 миллиарду 347 миллион сӯм маблағ ҷудо шудааст. То соли 1989 корҳо дар авҷ буда, дар як сол аз 10 то 100 миллион сӯм барои корҳои сохтмонӣ сарф мешуд[1].

Аз рӯи лоиҳаи тасдиқшуда сарбанди неругоҳ то 335 метр баланд бардошта шуда, дар сохтмони он аз 65 миллион метри мукааб масолеҳи маҳаллӣ бояд истифода мешуд. Бо чунин ҳаҷм сарбанди мазкур баландтарин деворе, ки  аз сангу шағал тайёр шуда, дар дунё мақоми аввалро бояд ишғол мекард. Баъд аз  сохта шудани чунин дарғоти бузург обанбори Роғун бояд дар тӯли 90 км дарозӣ, 7 км паҳноӣ ва 500 метр чуқурӣ ба вуҷуд меомад[4]. Ҳамзамон ба нақша гирифта шуда буд, ки обанбор бояд 400 ҳазор гектар заминҳои ҷумҳуриҳои поёноби Омӯ: Ӯзбекистон ва Туркманистон, 17 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои Ғарм (Рашт), Комсомолобод (Нуробод) ва Файзободи Тоҷикистонро шодоб намояд.[3,637]. Мувофиқи нақша бояд 63 км нақб кофта мешуд.

Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегат пешбинӣ шуда буд, ки иқтидори ҳар яки он аз 600 МВт иборат буд. Дар маҷмӯъ, иқтидори нерӯгоҳ ба 3,6 миллион кВт/соат мерасид. Бо чунин иқтидор НБО Роғун қариб як баробар аз НБО Норак зиёд энергия истеҳсол мекард.

Чунончи  Қ. Маҳкамов, собиқ муншии аввали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон иттилоъ додааст,  сохтмони аксар иншооти муҳими нерӯгоҳ  дар зери замин пешбинӣ шуда буд. Азбаски дар ҳамон давра муносибати давлати шуравӣ бо кишварҳои сохти капиталистӣ дар ҳадди нозук қарор  дошта, имкони сар задани ҷанги ҳастаӣ вуҷуд дошт, лоиҳакашон ҳангоми таҳияи лоиҳа истифода кардани чунин нақбҳоро ба ҳайси паноҳгоҳ ба нақша гирифта буданд. То соли 1987 нақбҳо ба ҳадди 21 км канда шуда, инчунин сохтмони 70%-и бинои мошинаву муҳаррикҳо ва 80%-и бинои трансформаторҳо ба итмом расида буд [5].

Вазъи буҳроние, ки дар мамлакат пас аз пиёда гардидани «бозсозии горбачёвӣ» ба вуҷуд омад, оҳиста-оҳиста таъсири манфии худро ба чунин иншооти муҳими аср низ расонд.  Дар чунин шароит худи ҳукумати марказӣ низ барои идомаи корҳои сохтмонӣ  чандон таваҷҷуҳ зоҳир накард. Ҳамин буд, ки бархе аз идеологҳои марказ миёни афроди алоҳида бо роҳҳои гуногун афкореро талқин намуданд, ки гӯё сохтани НБО Роғун барои минтақа ва худи тоҷикон зараровар аст.

Дар ҳамин замина матбуоти даврии марказӣ мақолаҳои эътирозомез доир ба паст кардани сарбанди неругоҳ ва ё умуман насохтани он ба нашр мерасониданд. Муаллифони чунин мақолаҳо нафарони касбу кори гуногун ва мутаассифона бархе аз зиёиёни тоҷик ҳам буданд. Дар ин айёми ҳассос паст шудани сатҳи баҳри Арал ба миён омада, масъалаи мадди назари моро бо ҳамин мушкилот марбу донистанд, ки хатои маҳз буд. Вале асли масъала дар ин нукта нуҳуфта буд ва  рӯшанӣ андохтани он аз манфиат холӣ нест.

Ҳанӯз солҳои 80-уми асри XIX муҳандис ва табиатшиноси рус Демченко Я. Г. нақшаи тариқи канал овардани маҷрои дарёҳои Об ва Иртиши Сибирро ба Осиёи Миёна пешниҳод карда буд. Аммо он айём ин ғоя ҷонибдорони худро пайдо накард. Бо вуҷуди ин, ин олими рус соли 1891 доир ба ҷанбаи мусбии нақшаи худ китоберо бо номи «Дар бораи обиёрӣ кардани пастии Аралу Каспий бо мақсади беҳтар кардани вазъияти кишварҳои ҳамсоя» таълиф намуд. Пас аз таъсис ёфтани давлати шуравӣ ва инкишофи хоҷагии халқ, махсусан рушди соҳаи кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим суръати пастшавии баҳри Арал авҷ гирифт. Ин падида боиси ташвиши ҳукуматдорони вақт шуд. Аз ин рӯ соли 1949 барои татбиқи лоиҳаи таҳиянамудаи Демченко комиссияи махсус таъсис ёфт. Аммо бо сабабҳои номаълум соли 1951 комиссия кори худро қатъ намуд.

Оғоз аз соли 1968 Ҳукумати Шӯравӣ боз ба ин лоиҳа даст зада, соли 1980 лоиҳаеро зери унвони “Асосҳои техникиву иқтисодии марҳилаи якуми интиқоли обҳои Сибир ба Осиёи Миёна ва Қазоқистон” пешниҳод намуд. То соли 1986 давлатҳои поёноби Ому ва Сир ба тадбиқи ин лоиҳа умед доштанд. Аммо бо “ташаббус”-и бозсозӣ ин лоиҳа аз хотираҳо зудуда гардид.

Даврае пеш омад, ки  бархе сохтани НБО Роғунро дар суръат ёфтани хушкшавии Арал асос дониста, монеаи сохтани он шуданд. Дар Москва бо ҳар роҳу васила бештар кӯшиш ба харҷ дода мешуд ба майдони эътирозгарон тоҷикон ҷалб карда шаванд. Моҳи ноябри соли 1988 ва январи соли 1989 аз ҷониби муаллифони “худию бегона” дар ин боб як қатор мақолаҳо дар нашрияи “Правда” ба нашр расиданд. Гузашта аз ин бинобар навиштаи рӯзноманигори тоҷик Н. Давлат “... тоҷикон дар Маскав ибтидои соли 1989 ҷамъияти фарҳангие бо номи «Суғдиён» таъсис доданд ва дар нахустин чорабиниҳои худ, яъне  баҳори ҳамон сол роҳбари Тоҷикистон Қаҳҳор Мақкамовро даъват намуда, масъалаи сохтмони НБО Роғунро зери шубҳа гузоштанд. Дар ин баробар, муассисони ҷамъият ба ин мулоқот доктори илмҳои геологияву минералогия Павел Флоренскийро, ки бо шароити Тоҷикистон хуб шиносоӣ дошт, даъват намуданд”[8].

Табиатшиноси рус дар ин вохӯрӣ ба Қ. Маҳкамов харитаеро нишон медиҳад, ки тавассути радифи маснӯи замин аксбардорӣ шуда буд. Мавсуф Маҳкамовро муътақид менамояд, ки то соли 2000 дар ин мавзеъ заминҷунбии сахте ба вуҷуд меояд. Аз ин лиҳоз, сохтани нерӯгоҳ бо баландии чунин сарбанд хатарнок аст[8]. Бо вуҷуди ин Қ. Маҳкамов аз иродаи пеш бурдани сохтмони неругоҳ даст намекашад. Баъдан роҳбарони маҳфил тавассути П. Флоренский ба ин муборизаҳо Борис Елтсинро ҷалб менамоянд. Ҳамин тавр, моҳи августи соли 1989 Б. Елтсин ба Тоҷикистон меояд, аммо ӯро аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон наонқадар хуш пазируфтанд. Новобаста аз ҳар гуна ҳангомаҳо  Б.Елтсин аз мавзеи Роғун дидан кард. Шояд “падар”-и демократияи рус баъд аз ташриф ба Роғун хулосаи манфӣ баровард, ки дар баробари матбуоти марказӣ, дар матбуоти дохилӣ низ маҳфили эътирозгарон зуд гармтар шуд. Ин ҳолат тааҷҷубовар буд, ки аксар нависандагони  мақолаҳои эътирозӣ дар Тоҷикистон ё демократ ва ё аз ҷумлаи думравони онҳо буданд. Дар масъалаи аз як нуқта идора ва назора гардидани ин “лоиҳаи” зиддитоҷикӣ шакку шубҳа вуҷуд надошт. Дар ин баробар, мутаассифона, баъзе чеҳраҳои намоёни кишвар низ ташвиқоти нодуруст бурда, мардумро бар муқобили сохтмони ин иншооти азими аср даъват менамуданд.  Тибқи  нақли Қ. Маҳкамов, дар давоми соли 1989 якчанд маротиба мардуми маҳаллии Роғун ва атрофи он пеши роҳи сохтмончиёнро гирифта, барои идомаи корҳои сохтмонӣ монеа эҷод карданд. Роҳбари давлат шахсан ба ин мавзеъ рафта, бо мардуме, ки сабаби эътирози худро бо баҳонаҳои бебунёд асоснок кардан мехостанд, мулоқот анҷом дод. Бо ин вуҷуд ин ҳама эътирозҳо барои расман қатъ шудани фаъолияти сохтмони НБО  Роғун асос гардиданд.  Гарчанде то соли 1989 баландии сарбанд то 40 метр сохта шуда буд ва дар назар буд, ки солҳои 1991, 1992 агрегатҳои якум ва дуюми он  ба истифода дода мешавад, аз ин баъд корҳои сохтмонӣ қатъ шуданд.

Қатъ шудани фаъолияти сохтмони НБО  Роғун асос шуд, ки дар таърихи 31 майи соли 1989 ин масъала дар ҷаласаи навбатии Академияи илмҳои ИҶШС аз тарафи олимон мавриди баҳс қарор мегирад. Мавзӯи баҳси олимон ба инобат гирифта шуда, маҷлис чунин қарор содир менамояд:

  1. Бунёди НБО Роғун бо тарҳи мавҷуда имконнопазир аст. Ҷараёни сохтмон боздошта шавад ва баландии сарбанд  ба ҳадди то 100, 70 метр ва аз он ҳам пасттар поён оварда шавад, ё дигар роҳи алтернативии онро омӯхтан зарур аст.
  2. Ба Комитети давлатии ИҶШС оид ба  муҳофизати табиату муҳити зист бо чунин дархост муроҷиат карда шавад, ки лоиҳаи НБО Роғун ва вариантҳои алтернативии онро аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ бори дигар мавриди ташхис қарор диҳад[2].

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳои Шуравӣ ва оғози ҳодисаҳои нанговари ибтидои солҳои 90-ум дар мамлакат тасарруфи ғайриқонунии амволи давлатӣ  авҷ гирифт. Аз ҷумла, дар давраи солҳои 1990–1991  дар мавзеи сохтмони НБО Роғун низ чунин амалҳо содир шудаанд, ки мутаассифона, ғоратгарони асосӣ аз тарафи ҳукумати марказӣ пуштибонӣ мешуданд. Ба истилоҳ эшон «дуздони қонунӣ»  буданд. Масалан, бо муҳру имзои сарвари сохтмони неругоҳ А. А. Малахов феврали соли 1991 аз мавзеи сохтмон бо баҳонаи таъсиси идораи «Гидрострой»-и Роғун дар шаҳри Краснодар  якбора ба Русия 2 мошини пуриқтидори пармакунандаи УКБ бо нархи 25 ҳазору 256 рубл ва ду дастгоҳи пармакунандаи СКБ-4 бо нархи 13 ҳазору 521 рубл фиристода шуданд. Моҳи апрели ҳамон сол бошад 2 адад дастгоҳи обкаш (насос) тамғаи ПМ-25 бо нархи 430 сӯм, 2 дастгоҳи обкаши тамғаи “Гном” бо нархи 319 сӯм ва ғайра ирсол шудаанд.Моҳи майи ҳамин сол  1 дастгоҳи обкашии тамғаи АНБ-22 бо арзиши 4 ҳазору 127 сӯм, моҳи июн дастгоҳи ҳавокашии ВМ-6   бо арзиши 4 ҳазору 834 сӯм аз Тоҷикистон ба Русия фиристода шуд. Охири соли 1991 фиристодани молу амволи Роғун ба Краснодар суръат мегирад. Аз ҷумла: 2 компрессори ПР-10 яке бо нархи 34 ҳазору 722 сӯм ва дигаре бо нархи 5 ҳазору 572 сӯм, 2 дастгоҳи обкашии АНБ-22 бо арзиши 755 ва 756 сӯм, дастгоҳи васлгарии ДДД-4001  бо нархи 2 ҳазору 302 сӯм ва ғайра ба Русия фиристода мешавад[6]. Гузашта аз ин садҳо адад техникаи вазнини корӣ ва борбардор аз тарафи чунин нафарон тасарруф карда шуданд. Сарбанде, ки ба ҳадди 40 метр бунёд гардида буд, дар натиҷаи борони сел ва беаҳамиятии масъулини соҳа дар таърихи 8 майи соли 1993  ба хок яксон гардид.

Метавон гуфт, ки сохтмони лоиҳаи НБО Роғун дар замони соҳибистиқлолӣ аз сифр оғоз шуд ва санаи 16 ноябри соли 2018 аввалин агрегат ва 9 сентябри 2019 агрегати дуюми он мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва хираду тасмими созанда ба сӯи бунёди ин иншооти бузург далеронаю хирадмандона қадам ниҳоданд. Бо зикри номи Эзид ва умеди ояндаи дурашони Тоҷикистон сари чанбараки булдозери калон нишаста, ба хотири нуру рӯшноӣ дар бастани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузоштанд. Пешвои миллат бори дигар исбот намуданд, ки тоҷикон миллати  созанда ва бунёдкор буда, дар азми хеш устувору матин мебошанд.

Дар ниҳояти сухан бояд қайд кард, ки НОБ-и Роғун натанҳо боиси баланд гардидани ҳаҷми нерӯи барқ  буда,  барои рушди ҳама гуна истеҳсол  ва таъмин намудани аҳоли бо қувваи барқ зарур мебошад, балки василаест, ки эътибори кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.

Адабиёт:

  1. Аз суҳбати Қаҳҳор Маҳкамов дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”
  2. Атохонов Х. Роҳи дигар нест. // Тоҷикистони Советӣ, 5 январи соли 1990.
  3. Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз.–Душанбе, 2006. – 637с.
  4. Зайниддинов Ҳ. Тоҷикистон дар панҷсолаи даҳум. –Душанбе, 1977. –С. 14.
  5. Имомов А. Роғун – умеду ормони миллати тоҷик. // Омӯзгори ҷавон, 15 ноябри соли 2018.
  6. Музаффаров М. Таракаи “Роғун”. // Минбари халқ, 27 феврал соли 2004.
  7. Муҳаммад А. Аз таърихи Роғун. // СССР, 15 ноябри соли 2018.
  8. Нуралӣ Давлат. Роғун обро ғун мекунад? // Миллат, 2 марти соли 2006.

Наҷмуддинов Толибшо Ашурович, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраитаърихи умумӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj