• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ВИЖАГИҲОИ САБКИИ ФЕЪЛ ДАР АШЪОРИ АБУАБДУЛЛОҲ РӮДАКӢ
Рӯдакӣ аз ҷумлаи нахустин шоирони порсигӯи форс-тоҷик ба шумор меравад, ки ашъор ва забони вай барои шоирони баъдина аз аҳаммияти назаррасе бархурдор аст. Агарчи манзараи забонӣ ва вижагиҳои баёни вай нисбат пайравони ӯ чандон тарҷеҳияте надорад, лекин ба ҷиҳати тақаддум ва роҳнамоӣ дар пойгоҳи устодӣ қобили ҷустуҷӯст. На танҳо шоирони сабки хуросонӣ аз шеър ва равиши ӯ пайравӣ кардаанд, балки шоирони сабки ироқӣ низ бо нигоҳ ба шеър ва забони вай баҳрагирӣ намудаанд.
Тарзи баёни шоирони сабки хуросонӣ аз давраҳои баъдӣ мутафовит аст, аз ин ҷиҳат, ки сохтори низоми сарфӣ ва наҳвии давраҳои баъдӣ печидагиҳое дорад. Ҳаҷми вожагон камтар ва басомади феълҳо ва сифатҳо ва дигар ҳиссаҳои нутқ низ кам аст. Сохтмони онҳо низ аз давраҳои баъдӣ мутафовит аст. Агар ба феъли ин давра дақиқтар назар кунем, дармеёбем, ки бештари феълҳо феълҳои сохта, содда ва баъд аз он феълҳои таркибианд ва ё сифат, аз назари миқдор қобили муқоиса бо давраҳои баъдӣ нест ва ё сохтмони зарф ва навъҳои он аз назари маъноӣ чандон зиёд нест. Баръакс, давраҳои баъдӣ, ки вижагиҳои ҳиссаҳои нутқ, аз ҷумла, феъл аз назари сохтмон ва теъдод зиёд мегардад. Аммо миқдор ва навъҳои пешояндҳо ва пасояндҳо дар ин давра бештар аз давраҳои баъдӣ аст ва ин ҳиссаи нутқ нақши барҷастае нисбат ба дигар ҳиссаҳои нутқ дорад. Навъҳои пешоянду пасоянд дар афзоиш ва коҳиши маъноии ҷумлаҳо қобили таваҷҷуҳ аст. Дар ҳоле ки дар сабки ироқӣ ва сабкҳои баъдина ин навъҳо ба камшавӣ гароидааст. Феъл дар осори Рӯдакӣ дар корбурд дар низоми ҷумла ва ҳам дар сохт ва теъдод ғайрипечида аст. Ба ҳар ҳол, бо баррасии дақиқ дар ашъори ин давра метавон бо зикри меъёрҳо ёфтаҳои дақиқтаре арза кард.
Ашъори Рӯдакӣ ва вижагиҳои забониву санъатии он чанд бор аз тарафи муҳаққиқони ҷудогона, мисли Абдуқодири Рустам, Мукаррама Қосимова мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва муҳимтарин хусусиёти он бозгӯ шудааст. Инак баъзе аз вижагиҳои корбурдии феъл дар муқоиса бо осори мобаъди он арза мегардад. Дар бисёре аз китобҳои грамматикӣ ва сабкшиносӣ чунин менамоянд, ки теъдоди феълҳои таркибии сабки хуросонӣ аз назари сохт хеле кам ва баръакс, феълҳои сохта бештар аст. Шояд ин нукта дар бархе аз дигар шоирон чунин бошад ва ё дар осори мансур теъдоди феълҳои сохта барҷаста намояд.
Аммо бо диққат ва мутолиаву баррасии феълҳо мушаххас мегардад, ки сохтмони феълҳои таркибӣ дар ашъори Рӯдакӣ низ ҳамсон бо феълҳои сохта аз худ дарак медиҳад, бо ин тафовут ки феълҳои содда ва сохта чандомади бештаре доранд. Феълҳои таркибӣ дар осори таърихии ҳамзамонони Рӯдакӣ, аз ҷумла, “Таърихи Табарӣ” бештар ба назар мерасад, ки минбаъд то замони мо басомади ин гурӯҳи феълҳо дар забон афзудааст. Феълҳое назири бод паймудан, хизоб кардан, хашм рондан, ёд кардан, азоб бурдан, сар печидан, нигаҳ доштан ва ғайра. Ғайр аз ин, таъбирҳои феълӣ низ дар ашъори Рӯдакӣ ҷойгоҳи муайяне доранд, ки намунаи онҳо: аз пой афкандан, дисард шудан ва амсоли он мебошад. Инак ба бархе аз намунаҳои феъли таркибӣ ва таъбирҳои феълӣ аз “Девон”-и Рӯдакӣ интихобшуда:
Замона гуфт маро: Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст (Девон, 16)
Ҳар ки сар аз панди шаҳриёр бипечад,
Пойи тарабро ба доми гарм дарафканд (Девон, 20).
Пӯзиш бипазираду гуноҳ бубахшад,
Хашм наронад, ба афв кӯшаду ғуфрон (Девон, 38).
Ба хушдилӣ гузарон баъд аз ин ки боди аҷал,
Дарахти умри бадандешро зи по афканад (Девон, 21).
Бо ҳам омадани пешвандҳои шаклсози “ме- ва ё ҳаме-” бо “би-/бу-/ба-” дар феълҳои давомдор ва ахборӣ ба назар мерасад:
Чу ориз барфурӯзӣ, мебисӯзад,
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро (Девон, 11).
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арус ба ҳанно шуда хазиб (Девон, 13).
Булбул ҳамебихонд дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб (Девон, 13).
Ҳамебикуштӣ, то дар аду намонд шуҷоъ,
Ҳамебидодӣ, то дар вало намонд фақир (Девон, 27).
Ба бозгурезӣ бимонам ҳаме,
Агар кабк бигрезад аз ман равост (Девон, 71).
Истифодаи феълҳо ба ҷои якдигар дар ашъори Рӯдакӣ маъмул аст. Ин бад-он ҷиҳат аст, ки таркиби луғавии забонамон дар ин замон то ҳадде ғановатманд набуд, аз ин сабаб, шоирон феълҳоеро ба ҷои феълҳои дигар ба кор мебурданд ва дар мавориде маънои ғайр аз маъмулро низ аз он ирода мекарданд. Рӯдакӣ низ чунин маворидеро ба кор бурдааст, ки ба бархе аз он ишора мешавад:
Зери хок андарун-т бояд хуфт (бихобӣ),
Гарчи акнун-т хоб бар дебост (Девон, 15).
Озори беш бинӣ аз гардун,
Гар ту ба ҳар баҳона биёзорӣ (озурда шавӣ) (Девон, 42).
Бачаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ (натвонӣ),
То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон (Девон, 33).
Феълҳои модалии имрӯзӣ дар маънии аслии худ дар шакли тасрифӣ низ истифода шудаанд. Масалан, феъли модалии “бояд ва шояд”, ки имрӯз аз маънии мустақилли пешини худ дур рафтаанд ва дар шакли унсури феълӣ дар сохти феълҳои хоҳишмандӣ ба кор мераванд, дар ашъори Рӯдакӣ ба ду сурати баёни ваҷҳ ба унвони як унсури ғайрифеъли вожагонӣ ба кор меравад ва дар мавридҳое низ ба сурати мустақил дар мафҳуми феъл ба кор рафтааст. Намунаҳое аз он:
Шояд ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт, шабоб аз пайи машиб (Девон, 13).
На подиз бояд туро, на сутун,
На девори хишту на оҳандаро (Девон, 53).
Анде ки амири мо бозомад пирӯз,
Марг аз паси диданаш раво бошаду шояд (Девон, 56).
Он гаҳ шояд зи рӯи дину раҳ дод,
Бача ба зиндони тангу модар қурбон (Девон, 33).
Дар хеле аз мавридҳо пешванди шаклсози “ҳаме-” ё “ме-” ба ҷои “би-” ба кор рафтааст, мисли:
Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба ту ёри дигар метавон кард (Девон, 19).
Эй малик аз ҳоли дӯстон-ш ҳаменоз,
Эй фалак аз ҳоли душманон-ш ҳамеханд (Девон, 20).
Мубодират куну хомӯш мабош чандино,
Агар бадраҳ расонд ҳаме ба бадри мунир (Девон, 27).
Корвони шаҳид рафт аз пеш,
В-они мо рафта гиру меандеш (Девон, 30).
Истифодаи феъли монда дар маънии гузаранда низ дар ашъори Рӯдакӣ ба назар мерасад. Гузаранда кардани феъли монда бо афзудани пасванди сабабӣ (бавоситасоз)-и “-он” ба охири ҷузъи решагии феъл сурат мегирад. Аммо навъе аз сохти феъли гузаранда дар шеъри Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки навъе ҳинҷоргурезии сарфӣ ва номаънусӣ ба ҳисоб меравад, монанди:
Дар дили мо шохи меҳрубонӣ биншост,
Дил на ба бозӣ, зи меҳр хоста барканд (Девон, 20).
Ба ҷои ҳар гаронмоя фурумоя биншонида,
Намояндаст сори ӯй, ӯ кураи ӯт монида (Девон, 96).
Дар ашъори Рӯдакӣ теъдоде аз феълҳо ба назар мерасад, ки дар давраҳои нахустин истеъмоли фаровон доштаанд ва имрӯз дар забон корбурд надоранд ва матрук шудаанд. Номгӯи ин феълҳо дар бархе аз фарҳангҳо ёфт мешаванд, он ҳам ба далоили зебоишиносӣ ва масоили дигар адами корбурд дахил будаанд. Дар ашъори Рӯдакӣ низ ин феълҳо қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Намунаи онҳо:
Буданат дар хок бошад бофдум,
Ҳамчунон к-аз хок бувад анбуданат (офаридан) (Девон, 73).
Гуфт: Хез акнуну соз раҳи басич,
Рафт боядат, эй писар, мамғаз ту ҳеч (даранг макун) (Девон, 74).
Дар баъзе аз китобҳои грамматикии форсӣ-тоҷикӣ феълҳоро ба гурӯҳҳое ҷудо намудаанд, ки феълҳои мондаи якшахса ё худ ногузари якшахса яке аз онҳост. Хусусияти ин феълҳо дар он аст, ки онҳо феъли монда буда, фоъили онҳо аз як нафар зиёд нест, ин навъ феълҳо дар забони муосири форсӣ-тоҷикӣ зиёдтар ба назар мерасад. Намунаи онҳо дар ашъори Рӯдакӣ низ зикр ёфтааст, вале миқдоран зиёд нест, мисли:
Кабат ногаҳ бӯи нилуфар биёфт,
Хушаш омад сӯи нилуфар шитофт (Девон, 50).
Сар фуру бурдам миёни обхур,
Аз фаранҷ манаш хашм омад магар (Девон, 81).
Хашмаш омаду ҳамон гаҳ гуфт: Вайк,
Хост, к-ӯро барканад аз дида кайк (Девон, 85).
“Ме- ё ҳаме-” аз пешвандҳои сарфии феъл аст, ки бар сари феълҳои замони гузаштаи давомдор ва замони ҳозира-ояндаи сиғаи хабарӣ меояд, дар ашъор ва осори нависандагони давраи баъдӣ низ гоҳе ба ҷои пешванди “би”-и феъл низ ба кор гирифта шудааст. Лекин “ҳаме-” дар мавридҳое барои ғайридавомдор низ оварда шудааст, мисле ки мафҳуми таъкид доштааст ва ё зоид аст ва ё гоҳе тобиши зарфӣ дорад. Дар ашъори Рӯдакӣ низ ин навъи корбурд вуҷуд дорад ва теъдоди он низ қобили таваҷҷуҳ аст. Намунаҳо:
Ҳаме то қутб бо ҳавр аст зери гунбади ахзар,
Шакарпошаш зи як пала асту аз дигар фалосанг (Девон, 84).
Гапён оташ ҳаме пиндоштанд,
Пуштаи ҳезум бар ӯ бардоштанд (Девон, 47).
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд (Девон, 48).
Аз хару полик он ҷой расидам, ки ҳаме,
Мӯзаи чинӣ мехоҳаму асби тозӣ (Девон, 99).
Дар мавридҳои нодир дар ашъори Рӯдакӣ ва дигар осори классикӣ пешванди “ме-” ва “ҳаме-” бо ҳам меоянд, ки зоҳиран барои таъкид ё ишбоъи вазн ба кор рафтааст, мисли:
Аз кӣ ҷӯям васли ӯ, к-аз ҳар сӯй,
Ме нафири ошиқон ояд ҳаме (Девон, 42).
Дар бархе аз маворид “йо”-и ҳикоят дар охири феъл ба ҷои пешванди “ме” ё “ҳаме”-и оғози феъл, ки маъмулан нишонаи давомнокӣ аст, ба кор рафтааст, дар ашъори Рӯдакӣ низ ин корбурд вуҷуд дорад, чунончи устод фармудааст:
Аз замӣ барҷастамӣ то чошдон,
Хӯрдамӣ, ҳар чи андар ӯ будӣ зи нон (Девон, 90).
Ҳамеша шоду надонистамӣ, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд (Девон, 23).
Заҳра куҷо будамӣ ба мадҳи амирӣ,
К-аз пайи ӯ офарид гетӣ Яздон? (Девон, 39).
Гоҳе пешванди шаклсози “ҳаме-/ме-” ва “йо”-и ҳикоят дар як феъл ҷамъ меоянд, мисли:
Або хилъати фохир аз хуррамӣ,
Ҳамерафтиву менавиштӣ зи май (Девон, 100).
“Йо”-и шарт (-ӣ), ки пас аз феъл меояд, дар ҷумла дар ифодаи маънии шарт зикр мешавад. “Йо”-и шарт имрӯза аз истеъмол баромадааст. Гоҳе афзун бар пайвандаки шарти “агар”, яъне, тавъам бо он (агар) ба кор рафтааст, ки тобиши таъкид медиҳад:
Гар на бадбахтамӣ маро кӣ фиканд,
Ба як ҷоф-ҷофи зудғарас? (Девон, 30).
Навъи феълие, ки аз феъли ёвари “истидан” сохта мешавад ва имрӯза дар забони адабӣ аз он фақат бандакҳои хабарӣ мондааст. Ин навъи феълро дар китобҳои дастур феъли нишобурӣ низ гуфтаанд, намунаҳои он дар ашъори Рӯдакӣ ба назар мерасад:
На кафшгарӣ, ки дӯхтастӣ,
На гандуму ҷав фурӯхтастӣ (Девон, 98).
...Чун гард бимондастам танҳо ману ин боҳу (Девон, 94)
Корбурди феълҳои дуоӣ дар ашъори Рӯдакӣ ифодакунандаи яке аз хусусиёти забонии даврони классикӣ мебошад, ки ин вижагӣ дар феъли замони муосир аз миён рафтааст. Аломати ифодакунандаи дуо ё худ нидо “алиф”-и дуо буд, ки дар охир ва ё мобайни феъл оварда мешуд, мисли:
Ҷаҳон ба коми Худованд боду дер зи ёд,
Бар-ӯ ба ҳеч ҳаводиси замона даст мадод.
Дурусту рост кунод ин масал Худой варо,
Агар бубаст яке дар, ҳазор дар бигушод.
Худой чашми бад аз мулки ту баргардонод (Девон, 17).
Забони ашъори Рӯдакӣ ифодакунандаи беҳтарин намунаи забони асрҳои 1Х-Х мебошад, дар он тамоми имконот ва вижагиҳои сабкии ин замон инъикоси худро ёфтааст, ки мо онро дар мисли корбурди феъл дар ашъори Рӯдакӣ баррасӣ намудем. Феъл дар забони форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи муҳимме дорад ва он тағйироте, ки дар ин сатҳ ба вуҷуд омадааст, хеле ҷузъи ҳастанд, аз ин ҷост, каломи Рӯдакӣ ба мо имрӯзиён (пас аз ҳазор сол) бемушкилӣ фаҳмост.
ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ
1. Баҳор М. Сабкшиносӣ (талхиси Сайидабӯтолиби Миробидинӣ) / М. Баҳор. – Душанбе: Бухоро, 2012. – 570 с.
2. Забони адабии ҳозираи тоҷик (лексика). – Душанбе, 1981. – 191 с.
3. Зеҳнӣ Т. Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ / Т. Зеҳнӣ. – Душанбе: Дониш, 1987. – 234 с.
4. Қосимова М. Н. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х). Ҷилди 1 / Н. М. Қосимова. – Душанбе, 2012. – 566 с.
5. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди 1. Луғатшиносӣ / Ҳ. Маҷидов. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 242 с.
6. Мирбобоев А. Муқаддимаи филологияи эронӣ / А. Мирбобоев. – Душанбе, 2015. – 342с.
7. Нафисӣ Саъид. Девони Рӯдакии Самарқандӣ / Саъид Нафисӣ. – Теҳрон, 1398. – 132.
8. Раҳмонов Б. Хусусияти луғавӣ-грамматикии феъл (дар асоси маводи “Таърихи Бухоро”) (монография) / Б. Раҳмонов. – Душанбе: Донишварон, 2017. - 187 с.
9. Рӯдакӣ. Девон / таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. – Олмотӣ, 2007. – 256 с.
Раҳмонов Бахтиёр Нурмаҳмадович,
номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj