• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ ИН ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ РУШДИ РОБИТАИ ИЛМ БО АМАЛИЯ АСТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар си соли истиқлол ба роҳи инноватсионии рушд, истифодаи самаранокии натиҷаҳои эҷодшудаи фаъолияти илмию техникӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои  дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти хоса дорад.

Дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 аз 30 июни соли 2021, №263 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Давлат ва ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2023 шумораи кормандони дорои дараҷаи илмӣ, ки бевосита ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд ҳамагӣ 5294 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо  862 нафар доктори илм ва 4432 нафари номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Тибқи гузориши ЮНЕСКО оид ба илм, ки моҳи июни соли 2021 нашр шуд, маблағгузории ҷаҳонии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва конструкторӣ аз соли 2014 то 2018 дар саросари ҷаҳон 19 фисад ва теъдоди олимон 14 фисад афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, аз панҷ кишвар чаҳор кишвар то ҳол камтар аз 1% ММД-и худро барои илм масраф менамоянд. Дар гузориш ҳамчунин, қайд шудааст, ки ҳамаи кишварҳо новобаста аз сатҳи даромад, рақамикунонӣ ва иқтисоди сабзро ба авлавиятҳои худ дохил кардаанд.

Дар асоси банди 35 Рӯзнома барои асри XXI, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд 3-14 июни 1992 қабул шудааст, донишҳои илмӣ бояд барои таҳия ва дастгирии ҳадафҳои рушди устувор тавассути арзёбии илмии шароити кунунӣ ва дурнамои ояндаи низоми замин истифода шаванд. Чунин арзёбиҳо, ки ба равишҳои мавҷуда ва нав дар доираи илмҳои гуногун асос ёфтаанд, бояд ҳангоми қабули қарорҳо ва инчунин, дар равандҳои интерактивӣ, ки илм ва сиёсатро фаро мегиранд, истифода шаванд. Барои такмил додани фаҳмиши ҷаҳон ва мусоидат ба ҳамкории байни илм ва ҷомеа саҳми бештари илм лозим аст. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, бахусус дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, иқтидор ва тавонмандиҳои илмиро зиёд кардан лозим аст. Иштироки ҳаматарафаи олимони мамлакатҳои тараққиёбанда дар барномаҳои тадқиқоти байналхалқии вобаста ба муҳити зист ва проблемаҳои он дар гуфтушунид аз рӯйи масъалаҳои глобалии экологӣ ва тараққиёт баробар аст.

Дар асоси банди 4.1.  Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки аз 1 декабри соли 2016 №636 тасдиқ шудааст, дар самти рушди марказҳои миллии корҳои илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию лоиҳакашӣ: дастгирии ҳамкориҳои илм бо соҳибкорӣ, ташаккул ва таъмини фаъолияти консорсиуми давлатию хусусии корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ, ҳавасмандгардонии паҳнкунӣ/интиқоли навовариҳо ва тадқиқоти амалӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ муқаррар шудааст.

Хушбахтона, бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҷорӣ намудани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасониҳо барои ба даст овардани фоида; саноатикунонии босуръати кишвар ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ; рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; муътадилгардонии шароити субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, санаи 24 декабри соли 2022, №1922 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” қабул карда шуд. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 19 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст.

Тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ  фаъолиятест, ки ба истифодаи амалии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ бо мақсади ба бозор баровардани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасонӣ барои ба даст овардани фоида, равона шудааст. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ инҳо мебошанд: муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд; муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон; марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; ширкатҳои хизматрасон; паркҳои технологӣ; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сармоягузориро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ амалӣ менамоянд.

Ба тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирӣ, ки ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дохил мешаванд: ҷудо кардани грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст; мусоидат ба ташкили истеҳсолоте, ки истеҳсоли маҳсулоти баландсифати технологӣ ва технологияҳои навро дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мекунанд; ташкили барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ доранд: мустақилона аз ҳуқуқҳои истисноии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ истифода намоянд; дар асоси шартномаи гузашт кардани ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқи истисноиро ба ҷониби дигар бегона кунанд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба гарав гузоранд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намоянд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро бо таври дигар ихтиёрдорӣ намоянд; бо мақсади тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро ба сифати муассисони ширкатҳои хизматрасони таъсисдодашаванда ҷалб намоянд; ҳангоми барҳам додани ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро, ки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намудаанд, ихтиёрдорӣ намоянд.

Масалан, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар моҳи январи соли 2023 3 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ амал менамояд, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо 2201705 сомонӣ мебошад ва баҳри тадбиқи илм дар амал 23 омӯзгорони донишгоҳ баҳри иҷроиши лоиҳаҳо ҷалб гардидаанд. Дар соли 2022 омӯзгорони донишгоҳ соҳиби 6 нахустпатентҳо гаштанд, ки ҳуқуқи истисноии худро дар асоси шартнома ихтиёрдорӣ намуданд. Инчунин, баҳри дар амал тадбиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” мудирони 63 кафедраҳои донишгоҳ, санаи 3 январи соли 2023 вазифадор гардиданд, ки як лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ омода намуда, аз қайди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронанд. Дар баробари ин 14 декани факултетҳо муаззаф шуданд, ки барои ҷалби грантҳои хориҷӣ ҷиҳати истифодаи амалии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Пас бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” аз 24 декабри соли 2022, №1922 ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар шароити ҳуқуқӣ барои истифода аз маблағгузориҳои сатҳи гуногун фароҳам оварда шуд. Тадбиқи муқаррароти Қонун имкон фароҳам меоварад, ки ташкилоти илмии давлатӣ (академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳӣ), ки ба фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, омода кардани кормандони илмӣ-омӯзгорӣ машғуланд, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ ба сомон расонида, захираҳои бузурги табиӣ, энергетикӣ ва ғайраро ошкор намояду мавриди истифода қарор диҳанд.

 

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло - ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj