• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

БАҲОР (Е) ДАР ДИЛИ ЗИМИСТОН (ҶАШНИ САДА САД МАЪНИЮ МАЗМУН ДОРАД)

Аввалсухан

Ниёгони мо ҳар кӣ буданд, пеш,

Нигаҳ доштандӣ ҳам ойину кеш.

Ниёгони мо дар замонҳои пеш аз тариқи гардиши хуршед, сояи сангу кӯҳ ва ҳатто аз рӯйи узвҳои бадан вақтро муайян мекарданд, ки ин ҳисобро “гоҳшуморӣ” (солшуморӣ ва ё тақвим низ) мегуфтанд. Моҳҳои мардуми ориётабор аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рӯзи ҳар моҳи сирӯза низ номи фариштаеро дошт, яъне 30 рӯз дорои номи махсус буд. Маъмулан яке аз рӯзҳои ҳар моҳ бо номи ҳамон 12 моҳ ҳамном мешуд. Ба ин ҷиҳат, он рӯзи ҳамномро чун рӯзи нек бо шодиву сурур ҷашн мегирифтанд, ба он эҳтиром мегузоштанд ва ниёиш менамуданд. Аммо ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада барои ниёгони мо арзиши бештаре доранд.

“Ҷашн” вожаи тоҷикии форсии дарӣ аст. Дар авестоӣ “йасна” дар паҳлавӣ “ҷашан” буда, ба маънои ниёиш, яъне як амали ибодатӣ аст. Ҳамчунин, “ҷашн” муродифи вожаи қадимии форсии тоҷикии дарӣ “сур” буда, имрӯзҳо дар байни мардум калима ва ибораҳои “хатнасур”, “ҷашну сур”, “тӯю сур” ва “шодиву сур” вомехӯрад, ки чун “шодмонӣ”, “сурур”, “ид”, “базм”, “маҷлиси шодӣ”, “зиёфат” ва “меҳмондорӣ” шарҳ ёфтааст. Ба ин васила, вожаи “ҷашн” аз замонҳои бостон дар канори ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва ғайра меояд.

“Ҷашн” маҷмуи амалиёти анъанавӣ ва такроршавандаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳунарӣ мебошад, ки ба мардуми барпокунанда шодию сурур бахшида, арзишҳои эстетикӣ, ахлоқӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, муттаҳидсозӣ ва ғайра дорад. Ҷашнҳо аз маросимҳо, силсилаи бовару эътиқод, намунаҳои адабиёти гуфторӣ, санъату ҳунар, урфу одатҳои суннатӣ ва марҳилаҳо иборат мебошанд. Ҷашнҳои тоҷикӣ аз ҷиҳати замон ва муҳтаво асосан ба 2 қисмат ҷудо мешаванд:

1) Тақвимӣ, ки вобаста ба фаслҳои сол ва замони муайян барпо мегарданд, масалан: ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Фитр, Қурбон ва амсоли инҳо;

2) Маишӣ-иҷтимоӣ, ки вобаста ба имкониятҳо, рух додани ягон ҳодисаи нишотбахш ва омилҳои дигари иқтисодию иҷтимоии одамон баргузор мегарданд, чунончи: ҷашнҳои арӯсӣ, хатнасур, гаҳворабандон, бурёкӯбон ва ғайра.

Ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ таҷлил карда мешаванд, ки яке аз онҳо Сада буда, онро “баҳор (е) дар дили зимистон” ҳам мегӯянд.

Дар баёни вожаи “Сада”

Ҷашни Сада сад маънию мазмун дорад,

Сад кӯҳу муроду ганҷи Қорун дорад.

Ҳар қатраву ҳар зарраи хокаш дар худ,

Дарё-дарё ҷилои Ҷайҳун дорад.

Оид ба вожа ва ё истилоҳи “Сада” назарҳои гуногун мавҷуд бошад ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, бостонӣ будани ин ҷашнро тасдиқ менамоянд, масалан:

1) Машҳуртарин тафсири мардумии он – “Сада аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз 50 шабу 50 рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад”;

2) Баъзе олимони забоншинос – “Сада дар забони форсии қадим дар шакли “садок” ва дар форсии миёна “садаг” истифода шуда, ба маънои “пайдо шудан” фаҳмида мешуд. Калимаҳои арабии “сазақ”, “сазоқ” ва ё “саадак”, ки ҳамин маъноро ифода мекунанд, бо “сада”-и тоҷикӣ ҳамреша мебошанд”;

3) Авесто – “Сада-тулӯъ кардан ва пайдо шудан”;

4) Ардашери Озаргушасп (китобаш “Маросими мазҳабӣ ва одоби зардуштиён”) – “Сада аз вожаи 100 омадааст ва ҳамон тавр, ки ҳафта ба маънои 7 рӯз ва чилла ба маънои 40 рӯз ва даҳа ба маънои 10 рӯз... ва панҷа ба маънои 5 рӯз аст ва ҳамчунин ангуштони дасту пойро панҷа мегӯянд ва ҳазора ба маънои ҳазор сол аст, Сада ҳам ба маънои 100 рӯз мебошад”;

5) Ҳошими Разӣ (донишманди маъруфи эронӣ, китобаш “Ҷашнҳои оташ ва Меҳргон”) – “Сада вожаи форсист. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат, сатаг, садҳаг, садҳ ва сата буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Дар форсии миёнаю форсии бостон ва Авесто ба ҳар ҳол вожаи “сата” ба маънии “сад”, адади 100 мебошад, чунки дар форсӣ низ “сада” ба маънии “сад сол” дар баробари қарн (ё аср-Қ.С.А.) ба кор меравад”;

6) Луғатномаи Деҳхудо – “Сада, аз “сад+а” буда, луғатан ба маънии мансуб ба шумораи 100 аст... Номи рӯзи даҳуми баҳманмоҳ аст ва дар ин рӯз форсиён ид кунанд ва ҷашн созанду оташи бисёр афрӯзанд ва мулуку салотини эшон мурғону ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пойи эшон баста, оташ дар он гиёҳ зананд, то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин оташ дар кӯҳу саҳро зананд”;

7) Ғиёс-ул-луғот – “Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад ва ба замм ва ташдиди дол (яъне судда) дар арабӣ ба маънии остона ва ба маънии гиёҳ монанди чизе, ки дар рӯдаҳо ё дар рагҳо дарояд ва роҳи онро банд намояд...”;

8) Меҳрдод Баҳор (устурашинос ва авестошиноси эронӣ) – “Вожаи авестоии саза, ки исми муаннас буда, ба маънои зуҳур, ошкороӣ ва пайдоӣ аст. Ин вожа аз решаи санд ба маънои “ба назар расидан” муштақ гаштааст... Бинобар ин, муҳтамалан вожаи “сада”, на бо вожаи “сад”, балки бо решаи “санд” маънои “зоҳир шудан” марбут аст ва маънои он “зуҳур, ошкороӣ, пайдоӣ” аст... Сада ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро дар худ таҷаллӣ менамояд ва он хоси эътиқоди одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад”.

Тибқи гуфтаҳои мантиқии Меҳрдод Баҳор Сада он ҷашнест, ки Хуршед пас аз чил рӯзи зимистон батамом зоҳир мешавад. Маҳз аз ҳамин зоҳиршавии чилрӯза тибқи ойинҳои бостонӣ ниёгони мо хушҳол мешуданд ва онро ҷашн мегирифтанд, чунки пас аз он Хуршед бештар зоҳир мешуду заминро нармтар мекарду одамон ба кишту кор, ба баҳор ва ба Наврӯз наздиктар мешуданд:

Сада сад роҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

Дар баёни устураҳо роҷеъ ба Сада

Оташ, ки ба аҷдод муқаддас будӣ,

Ӯ кард парастишу биёвард суҷуд.

Монандаи обу хоки худ хонда азиз,

Пайваст ба оташ ҳамаи буду набуд.

Устураҳо ва ё асотир дар бораи Сада низ гуногун ва зиёд буда, ҷамъан онҳоро бад-ин тариқ метавонем, дастабандӣ кунем:

1) “Ҳушанг оташро кашф менамояд” – Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд ва санг бар санги дигар бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд;

2) “Адади фарзандони Одам” – Мегӯянд, ки Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, 100 фарзанд дошт, 50 нафари онҳо аз ҷинси зан ва 50-и дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд (ва Сада номгузорӣ карданд-Қ.С.А.);

3) “Ба 100 расидани фарзандони Машӣ ва Машёна” – Тибқи ишорати баъзе сарчашмаҳо ҷамъи фарзандони Машӣ ва Машёна ба 100 мерасад. Дар рӯйи замин теъдоди инсон ба 100 мерасад ва онро ҷашн мегиранд ва Сада ном мениҳанд;

4) “Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок” – Ҳамон пирӯзиро ҷашн гирифта, онро Сада номиданд.

5) Вазири Заҳҳок ҳар рӯз бояд ду танро кушта, мағзашонро ба морони дӯшҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоди он озодшудагон ба 100 расид, яъне наҷоти 100 тан одам аз морони Заҳҳок аст. Зинда мондани ин 100 танро ҷашн мегиранд ва ҷашни Сада меноманд;

6) “Пирӯзии Таҳмосиб бар Афросиёб” – Ин пирӯзиро Сада ном ниҳоданд;

7) Чун бо гузашти 100 рӯз аз зимистони бузург сармо ба поёни авҷи худ мерасад ва баъдан суст мешавад. Ба шодии ин сустшавии сармо ниёгони мо ҷашни Садаро барпо менамуданд;

8) Мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз 50 рӯзу 50 шаб дар пеш аст, ки маҷмуан теъдоди он шабу рӯз 100 мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро 50 рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд;

9) Аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳии ҷанубии Эрон як 100 рӯз фосила аст, ки аз ин сабаб ин ҷашнро Сада номиданд;

10) “Рӯзи таваллуди Худои Офтоб” – Ба ҳамин муносибат гузаштагони дури мо ин рӯзро ҷашн мегирифтанд ва он Сада унвон дошт.

Ба гуфтаи Меҳрдод Баҳор ҷашни Сада марбути зардуштиён нест, балки пеш аз онҳост. Вале онҳоро ҳоло Садаро таҷлил менамоянд. Пас муддате дини зардуштӣ ҷашни Меҳргон ва Наврӯзро мепазирад, вале ҷашни Садаро, ки чун ҷодуӣ мепиндошанд, вориди дин накарда буданд (Чунки тибқи боварҳои мардумӣ ниёгони гузашта Садаро бо афсуну ҷоду сӯзонидани ҳайвоноту парандагон дар гулхани оташ ҷашн мегирифтанд. Тибқи ишорати Меҳрдод Баҳор аз сабаби он ки Авесто китоби динӣ мебошад ва дар он куштани ҳайвонҳо, озори парандагон, афсуну ҷоду мамнуъ аст, аз ин хотир дар он аз Сада ёд нашудааст).

Ҷашни Сада ҷашни чиллаи Хуршед аст. Дар дарозтарин шаб (21-22 декабр) Хуршед зоида мешавад. Хуршеде, ки дар пойини поиз (тирамоҳ) мурда буд, дар зимистон бача аст (ин бача дар Сада 40-рӯза аст ва ин “кӯдаки хурдсоли 40-рӯза”-ро, ки номаш Хуршед аст, бо оташи Сада гарм мекарданд), дар баҳор навҷавон аст, дар тобистон дар авҷи қудрат аст. Дар поиз пир шуда, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай (зимистон) меояд, як Хуршеди тоза ва ё як навзод аст. Яъне мардуми замони бостон Хуршеди навзодро пас аз 40 рӯз ҷашн мегирифтанд, ки он ҳам ба сардии зимистон таъсир мерасонад ва ҳам ба расидани фасли гармо ва баҳору Наврӯз мусоидат менамояд:

Ҷашни нур асту зиёву тӯю сур,

Ҷашни Хуршед аст, ин ҷашни Сада.

Давр амну мулк амну халқ шод,

Даври Ҷамшед аст, ин даври Сада.

Дар баёни сайри таърихии ҷашни Сада

Ҳастӣ нишон аз бостон,

Ҷашни бузурги ростон.

Донем таърихи туро,

Аз қиссаҳову достон.

Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он - оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар устураҳо ва адабиёти гуфторӣ ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори навишторӣ роҳ ёфтааст.

Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш кунанд. Ҳадаф аз ин ситоишу ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хело дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ устура меофариданд ва хушҳолию зиндагии баъдияшонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.

Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони асотирии пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазор сола доранд, баргузор мешудааст, ки мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи “Бунёд ниҳодани ҷашни Сада” аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аст:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизи дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу нанг,

Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.

Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хӯрд,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хӯрд.

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,

Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд, агар бихрадӣ”.

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шаб дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни Фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Абурайҳони Берунӣ дар асараш “Ат-тафҳим” доир ба ҷашни Сада чунин овардааст: “Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ ва он 10-ум рӯз бувад (10-умин рӯзи моҳи баҳман (баробар ба 29-30 январи мелодӣ)-Қ.С.А.). Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи 10-ум аст ва миёни рӯзи 11-ум оташҳо зананд ба гавз (чормағз)-у бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳв (бозӣ)-у шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзондани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунин аст, ки аз ӯ то Наврӯз 50 рӯз аст ва 50 шаб...”.

Баъдан, дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд низ ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамуданд. Абдулаъзим Ризоӣ таъкид менамояд, ки номи Мардовиҷ Дайламӣ (сипаҳсолори машҳури давр - писари шоҳ Зиёр (соли 323 ҳиҷрӣ-баробар ба соли 945-и мелодӣ)) дар адабиёти зардуштӣ ба унвони беҳтарин баргузоркунандаи ҷашни Сада ба некӣ ёд шудааст (Дар шаҳри Исфаҳон ва дашти Зояндарӯд аз ҷониби ин кас бузургтарин ҷашни Сада гузаронида шудааст: Ӯ дастур дода буд, ки то хору ҳезуми фаровоне аз чӯби газ, танаҳои бузурги дарахтони нахл ҷамъоварӣ намоянд, дар он ҷойҳо хайма зананд ва нишастгоҳу суфаҳо барои меҳмонон ва иштироккунандагон омода созанд. Дар ҷашн ҳазорҳо гову гӯсфандон кушта шуданд ва бо хӯроки лазиз хони ҷашнӣ ороста шуданд. Чун Офтоб дар ҳоли ғуруб даромад, навои мусиқиву созу овоз танинандоз ва рақсу тарабу дастафшонӣ шурӯъ шуд ва вақте оташсӯзӣ шурӯъ шуд, шахс гумон мекард, ки тамоми кӯҳ месӯзад).

Арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар хушӣ орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур мекунанд. Баъдан аз болои оташ ҷаҳида, ҳамаи бадиҳову балоҳоро аз тариқи оташ, ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаҳои миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангияшон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома меёбанд.

Ҳарчанд дар ҳар давру замон ойинҳои бостонии ниёгони мо, ки пайвандгари инсон ва табиат мебошанд, шахсоне мубориза мебурданд ва мехостанд, ки ҷашнҳои бостонӣ аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада таҷлил нагарданд, вале боз ҳам мардум онҳоро аз ҳама балоҳо наҷот дода, то рӯзгори мо оварданд. Агарчӣ дар давоми қариб як аср (дар асри 20) агар он ба тави расмӣ ҳамчун ойини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро ё байни боғи худ хору хасу буттаву чубҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда, оташ афрӯхта, шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро бо эътиқод ба гузашта то замони мо оварданд:

Сарчашмаи Наврӯзи ҷаҳонӣ Сада шуд,

Гулбазми баҳор гирди оташкада шуд.

Афзуд шукӯҳи Тоҷикистон ба фалак,

Бар номи Сада мудом, ки арбада шуд.

Дар баёни ҷашни Сада дар замони Истиқлоли давлатӣ

Шукронаи ҷашни Сада имрӯз кунем,

Шукронаи Меҳргону Наврӯз кунем.

Шукронаи номи Пешво ҳар нафасе,

Шукронаи ин замони фирӯз кунем.

Баъди расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон чандин суннат ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеяшон маҳдуд гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромушӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ва ҷашну маросимҳои миллӣ возеҳан рӯнамо гардид, ки яке аз онҳо Сада мебошад.

Ҳоло дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол карда мешавад. Мардум дар гирди оташи Сада корвони шодмонӣ барпо намуда, ҳунармандон ҳунари худро намоиш медиҳанду раққосаҳову доирабадастон рақсу бозӣ менамоянд. Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагии моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласбофию зардӯзӣ, гулдӯзию қолинбофӣ, либосҳои миллии зимистона ва намоиши расму русумҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад, то ин шодмониву хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурашхони рӯзгор мадад расонад.

Ҳамзамон, мардум омодагии худро ба кишту кор нишон дода, ба ин васила ба истиқболи Наврӯз равон шудани худро ба тамоми ҷомеа нишон медиҳанд. Деҳқонон дар ин айём ба кандан ва тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани нерӯ ба замин, омода намудани тухмӣ, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон соли баровардани онҳо чораҳои махсус меандешанд.

Ҷашни Сада ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхӯшию зиёфат баргузор мегардад, балки мададгори кишоварзон гардида, барои рушди боғдорию токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводрию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ мусоидат мекунад ва минбаъд боз ҳам густариш бояд ёбад. Дар ҳақиқат ҷашни Сада ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзӣ мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросимҳои онро риоя карда, аз баргузорияш изҳори шодмонӣ мекунанд:

Ҷашни фирӯзи Сада – ҷашни ниёи номдор,

Аз Ҷаму Ҳушангу аз Кайхусрав омад ёдгор.

Меҳргон бо меҳр меояд, Сада бо сад ниёз,

Аз пайи ӯ мерасад Наврӯзи фасли навбаҳор.

Охирсухан

Ҷашни сафову равшанӣ,

Ҷашни гунаҳоташзанӣ.

Аз рафтагони некном,

Мерос бар халқи манӣ...

Аз нав ту эҳё гаштаӣ,

Вирди забонҳо гаштаӣ.

Чун ҷашни шодию тараб,

Машҳури дунё гаштаӣ.

Ҷашни Сада низ амсоли дигар ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон таърихи қадима дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ такомул ва ташаккул ёфтааст, ки ин ҳолатҳо дар сарчашма, манбаъ ва тадқиқотҳои илмии олимон ва бузургони халқи тоҷик ва дигар халқҳои олам инъикос ёфтаанд.

Имрӯзҳо боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷашни Сада бори дигар эҳё ва зинда гардида, мардум метавонад онро беибо пешвоз гиранд ва аз он ҳамчун ҷашни миллии халқи худ ифтихор намоянд:

Ҷашни Ҳушанг омад, ҷашни Сада муборак,

Бо тору чанг омад, ҷашни Сада муборак!

Пайки баҳору Наврӯз, бо чеҳраи дилафрӯз,

Хушобуранг омад, ҷашни Сада муборак!

Бар хонаи туву ман, файзе зи моҳи Баҳман,

Бас шӯху шанг омад, ҷашни Сада муборак!

Китобнома:

  1. Раҳмонӣ Р. Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик. – Душанбе: Сино, 2008. – 112 с.
  2. Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 264 с.
  3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик (Наврӯз ва ҷашнҳои дигар). – Душанбе: Эр-граф, 2018. – 800 с.
  4. Раҳмонӣ Р., Қосимӣ С. Адабиёти гуфтории тоҷикон. – Душанбе: Ирфон, 2020. – 352 с.
  5. Раҳмонӣ Р. Фолклори тоҷикон: Дарсҳо аз адабиёти гуфторӣ. – Душанбе: ДМТ, 2021. – 544 с.

 

 

Таҳияи Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир – номзади илми филология, дотсент, фолклоршинос

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj