• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ФИЛОЛОГИЯИ ЭРОНӢ

ФИЛОЛОГИЯИ ЭРОНӢ, як бахши филология буда, ҷузъи таркибии системаи донишҳое, ки дар илм бо номи эроншиносӣ (иранистика) маъруф, забонҳои эронӣ ва осори хаттию шифоҳии ба ин забон сабтгардидаро дар алоқамандӣ бо таърихи ҷомеаи эронӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор медиҳад. Мавзуъ ва ҳадафи асосии он таҳқиқи забонҳои эронӣ ва тамоми осори адабию илмӣ ва фарҳангии мутааллиқ ба ин забонҳост. Ҳар як забони гурӯҳи эронӣ ва ҳар як лаҳҷаи он мавриди таҳқиқоти ин соҳа қарор мегирад. Забонҳои эронӣ ва тамаддуни эронӣ мафҳуми васеъ буда, дар навбати худ омӯзиши забону тамаддуни халқҳои гуногунро, ки дар гузашта аз як халқи эронинажод пайдо шудаанд, вазифаи асосии худ қарор медиҳад. Азбаски халқҳои эронинажод таърихи дурударози ташаккули худро аз сар гузаронидаанд, ҳудуди таърихии тамаддуни онҳо низ васеъ буда, аз давраҳои қадим то давраи имрӯзаро дар бар мегирад. Катибаҳои форсии қадим ва матни Авесто, адабиёти динӣ ва дунявии форсии миёна, ҳуҷҷатҳои дар рӯи лавҳачаҳои гилин нақшгардидаи забони паҳлавӣ, осори хаттии суғдӣ, катибаҳои хоразмӣ, бохтарӣ, дастхатҳои форсии классикӣ, навиштаҳои забонҳои муосири форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ, пашту, курдӣ, осетинӣ, осори фолклории забонҳои эронии бехатти имрӯза барои илми эроншиносии имрӯза ҳамчун сарчашма ва объекти таҳқиқ хидмат мекунанд.

Осори хаттию шифоҳии миллату халқиятҳои эронитабор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, аз Авесто то Рӯдакӣ ва аз Рӯдакӣ то ба имрӯз рушду камол ёфта, ба хазинаи маънавии умумибашарӣ дастовардҳои беназиреро эҳдо кардааст. Забони мабдаи умумиэронӣ, ки пас аз инқирози забони мабдаи ориёнӣ ё ҳиндуэронӣ тақрибан дар миёнаи ҳазорсолаи дуюми то мелод арзи вуҷуд кард, ба сифати асоси моддии умумияти таърихии мардуми эронӣ хидмат мекунад. Ин забони мабдаъ баъд ба шеваву лаҳҷаҳо тақсим шуд; он шеваҳо дар тули садсолаҳои инкишофи таърихии худ ба забонҳои мустақил табдил ёфта, дар шарқу ғарби Эрони таърихӣ густариш пайдо карданд. Манотиқи касногузари Дашти Кавир ва Дашти Лут барои мардуми эронитабори сокини ду тарафи ин даштҳо садди табиие шуд, ки бар асари он дар ду канори ин минтақа шеваҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ батадриҷ хусусиятҳои вижае касб карданд ва торафт аз ҳам дур шуда, ба забонҳои мустақил табдил ёфтанд. Имрӯз беш аз чиҳил забону гӯйишҳое дар сарзамини Эрони таърихӣ истеъмол мешаванд, ки сарфи назар аз тавофути луғавию грамматикии худ умумияти таърихӣ ва қаробати генеалогии худро нигоҳ доштаанд. Бархе аз ин забонҳо соҳибхат буда, ба воситаи онҳо осори ғании илмию адабӣ офарида шудааст ва онҳо ба сифати забони расмӣ ва давлатию динӣ хидмат кардаанд, аммо бархи дигар аз қадим то кунун танҳо ҳамчун забони гуфтугӯии як қавму халқият истеъмол шуда, қисме аз забонҳои соҳибхат ва бехатти эронӣ бо сабабҳои гуногун аз байн рафтааст.

Навиштаҷоти забонҳои муосири эронӣ хеле зиёданд ва азбаски ба замон ва муҳити зиндагии мардумони имрӯза наздиканд, шарҳу тафсирро камтар талаб мекунанд, вале осори хаттии забонҳои қадимаи эронӣ, ки дар байни замони таълифи онҳо ва давраи муосир фосилаи замонии тулоние вуҷуд дорад, шарҳу тафсири зиёдеро тақозо доранд. Барои тафсири ҳар калимаву ҷумлаи он забонҳо омӯзиши амиқи вазъи иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии ҳамон давра лозим аст. Аз тарафи дигар, барои муқаррар кардани дурустии матн зарур аст, то санаи навишти он, сабки таълиф, дурустӣ ва комил будани матн дақиқ муайян гардад. Гузашта аз ин, хондани матни забоне, ки дар қадим роиҷ будаву замоне аз байн рафтааст, мушкилоти зиёде дорад. Масалан, барои хондани матнҳои хатти мехии забони форсии қадим (асрҳои 6–4 то мелод) зарурати муқоисаи забони форсии қадим бо забонҳои санскрит, авестоӣ ва форсии миёнаву форсии нав пеш омад. Танҳо барои хондани хатти мехӣ ҷустуҷӯҳои зиёд, муқоисаву баррасии навъҳои мухталифи хатҳои бостонӣ ва таҳқиқоти ҷиддӣ лозим шуд, ки қариб 200 сол идома дошт.

Дар матнҳои қадим бо мурури давр ҷумлаҳо аз байн мераванд, ё хат нохоно мешавад ва ё котиб онро ғалат рӯбардор мекунад, аз ин рӯ, муҳаққиқро лозим меояд, ки бо назардошти муҳити эҷоди матн ва эҳтимолияти таҳрирҳои пешин ва ҳамчунин, муқоисаи нусхабадалҳои гуногун онро барқарор намояд. Гоҳе зарур мешавад, ки осори ин ё он чеҳраи маъруфи адабӣ, илмӣ ё фарҳангӣ, ки ба сурати китоби алоҳида, маҷмуаи осор ва ё девон ба замони мо нарасида, танҳо ба сурати пораҳои матн ва ба таври пароканда дар китобҳои дигарон оварда шудааст, гирдоварӣ ва бозсозӣ шавад. Чунончи, барқарор кардани ашъори поягузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои адабу фарҳанг ва тамаддуни мардумони форсизабон аҳаммияти басо бузург дошт.

Бисёр забонҳои бостонӣ мустақиман аз худ осоре боқӣ нагузоштаанд ва лозим меояд, ки сохтори ин забонҳо бар мабнои гирдоварии калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳои алоҳидае, ки дар китобҳои ба забонҳои гуногун таълифгардида оварда шудаанд, бозсозӣ ва аз нав барқарор карда шаванд. Аз чунин тарзи бозсозии илмӣ зимни барқарор кардани сохтори забонҳои мод, скифӣ ва хоразмӣ истифода шудааст.

Осори фарҳангии халқ шакли мардумӣ-шифоҳӣ низ дорад, ки ҳамчун эҷодиёти даҳанакии халқ аз насл ба насл интиқол ёфта, ғановати маънавию фарҳангии ҳар қавму мардумро дар худ таҷассум намудааст. Дар ривоёту устураҳо ва афсонаву ҳамосаҳои мардумӣ саҳифаҳои таърихи зиндагӣ ва тарзи зисти соҳибонашон, ҷаҳонбинӣ, афкор ва андешаи онҳо ниҳон аст, ки аҳаммияти бузурги илмию фарҳангӣ доранд. Гирдоварӣ, сабт ва таҳқиқи ин осори фарҳангӣ вазифаи аслии яке аз соҳаҳои Филологияи эронӣ – фолклоршиносии эронӣ ба шумор меояд.

Осори мардумӣ ба воситаи гуфтори хоссаи ин ё он маҳал, ки «лаҳҷа» ё «гӯйиш» номида мешавад, баён мегардад. Ҳар лаҳҷаи забон дорои хусусиятҳои хосси фонетикӣ, луғавӣ ва грамматикист, ки дар рафти инкишофи таърихии забони минтақа ташаккул ёфтаанд. Аз тарафи дигар, лаҳҷаҳо манбаи аслии ташаккул ва такомули забони адабианд. Таҳқиқи лаҳҷаҳои эронӣ вазифаи асосии соҳаи дигари Филологияи эронӣ – лаҳҷашиносии эронӣ мебошад. Ин соҳаи илм метавонад лаҳҷаҳои эрониро ҳам дар ҳолати ташаккул ва таҳаввули таърихияшон (лаҳҷашиносии диахронӣ) ва ҳам дар ҳолати кунунияшон (лаҳҷашиносии синхронӣ) таҳқиқу баррасӣ намояд. Тамоми мушкилоти фавқуззикр мавриди омӯзиши филологияи эронӣ қарор мегирад.

Бахшҳои таҳқиқи филологияи эронӣ низ ҳадафҳои мушаххас доранд. Бино бар ин, дар таркиби он соҳаҳои махсусе ба вуҷуд омадаанд, ки забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии эронӣ мебошанд. Ҳар кадоме аз ин соҳаҳо, чунонки дар филологияи умумӣ роиҷ аст, вобаста ба усулу ҳадафи таҳқиқоти худ боз ба бахшҳои фаръӣ, мас., забоншиносии тасвирӣ, забоншиносии таърихӣ, забоншиносии корбурдӣ, забоншиносии қавмӣ (этнолингвистика), забоншиносии равонӣ (психолингвистика), забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии муқоисавӣ ва муқоранавӣ (муқоисавӣ-таърихӣ ва типологӣ), забоншиносии минтақавӣ (ареалӣ) ва монанди инҳо тақсим мешаванд. Дар баробари ин, баъзе бахшҳое, мисли матншиносӣ (текстология) ва сабкшиноси (стилистика)-и эронӣ низ мавҷуданд, ки дар нуқтаи пайванди ду соҳаи филологӣ – забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ қарор доранд.

Адабиёт:

Оранский И. М. Введение в иранскую филологию. М., 1962;

Оранский И. М. Иранские языки. М., 1963;

Оранский И. М. Иранские языки в историческом освещении. М., 1979;

Додихудоев Р. Х., Гертсенберг Л. Г. Таърихи забони тоҷикӣ. Д., 1988;

Мухторов З. Таърихи забони тоҷикӣ. Д., 2002;

Джамшедов П., Мирбобоев А. Иранистика. Д., 2012;

Мирбобоев А. Муқаддимаи филологияи эронӣ. Д., 2015.

Мирбобоев А.-устоди кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj